29-уми сентябр дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён ҷаласаи навбатии сайёри Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли мизи мудаввар дар мавзуи “Эҳёи таъриху фарҳанги бостонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар доираи бузургдошти 2500-солагии шаҳристони Тахти Сангин, ки дар руйхати пешакии ЮНЕСКО қарор дорад бо иштироки ҳайати аъзои шуроҳои ҷамъиятии ноҳияҳои Қубодиён, Ҷалолиддин Балхӣ, Шаҳритус, Носири Хусрав намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ходимони дин, собиқадорони меҳнат, фаъолони ҷамъиятӣ, мудирони бахши кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонони МИҲД-ии ноҳияҳо, хабарнигорони воситаҳои ахбори ҷумҳуриявии дар ноҳияи Қубодиён фаъолият дошта баргузор гардид.Дар мизи мудаввар Азиззода Ш.Н. — мушовири Бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Маҳмадизода Н.Д. — Котиби ҳамоҳангсози Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода З., Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муҳаммад Абдураҳмон ноиби Президенти АМИТ, Убайдулло Насрулло — директори Институти таърихи АМИТ, Фируза Шарифӣ — муовини Раиси Вилояти Хатлон, Зулфия Бурҳон — намояндаи Вазорати корҳои хориҷӣ, Сабурзода Мирзодавлат — Раиси н. Қубодиён иштирок ва суханронӣ намуданд.