26-уми октябр дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷаласаи сайёри Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли мизи мудаввар дар мавзуи “Нақши асарҳои “Тоҷикони ” – и академик Б. Ғафуров ва “Тоҷикон дар оинаи таърих” – и муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баланд бардоштани худшиносии миллӣ” бахшида ба 115 – солагии қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров як ҷо бо Шӯроҳои ҷамъиятии ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Спитамен, Деваштич ва Ҷаббор Расулови в.Суғд ва намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ходимони дин, собиқадорони меҳнат, фаъолони ҷамъиятӣ, мудирони бахши кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонони МИҲД-ии ноҳияҳо, хабарнигорони воситаҳои ахбори ҷумҳуриявии дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фаъолият дошта баргузор гардид.Дар мизи мудаввар Азиззода Ш.Н. — мушовири Бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Маҳмадизода Н.Д. — Котиби ҳамоҳангсози Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқзода Л., муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фарҳод Раҳимӣ., Президенти АМИТ, Зоҳидӣ Д., муовини Раиси Вилояти Суғд, Салимзода Н.Ф. — Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Нуруллозода О. — муовини Раиси ноҳияи Спитамен, Ҷалилзода А. — Раиси ноҳияи Деваштич , Қудратзода Т.- Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов, иштирок ва суханронӣ намуданд.