26-уми декабри соли 2023 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи ҷамъбасти Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гадид.
Дар кори ҷаласаи Шурои ҷамъиятӣ Азиззода Ш.Н. — мушовири Бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Маҳмадизода Н.Д. – Котиби ҳамоҳангсози Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзоёни Шурои ҷамъиятӣ, хизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, фаъолони ҷомеа, Ҳизбҳои сиёсӣ, хабарнигорони ВАО иштироки фаъолона доштанд.
Дар ҷаласа ҳисоботи Котиби ҳамоҳангсози Шурои ҷамъиятӣ дар соли 2023 баррасию баҳогузорӣ шуда, лоиҳаи нақшаи Шурои ҷамъиятӣ барои соли 2024 тасдиқ карда шуд.
Ёдовар бояд шуд, ки раиси Шурои ҷамъиятӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, зери роҳбарии ин шахсияти таърихӣ Шурои ҷамъиятӣ дар даврони истиқлол ба дастовардҳои назаррас ноил гаштааст.