АРЗИШҲОИ БАШАРДӮСТОНА ДАР СИЁСАТИ ХИРАДСОЛОРОНА ВА ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ


Тули 34 сол Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони кишвари мустақил тавонист масири таърихии бемислро новобаста аз имтиҳонҳои сангин сарбаландона пушти сар намояд. Аз озмоишҳои зиёди таърихие, ки дар ин муддати кутоҳ кишварамон пушти сар намуд он ҳамеша бо талоши дарки объективии равандҳои дохилию минтақавӣ ва байналмилалӣ барои пешбинию дарёфти ҳалли муносиби масъалаҳои навин иқдом меварзид ва муҳимтар аз ҳама исботи дурустии рафтору амали худро руи манфиатҳои миллӣ устувор месохт. Аз ин рӯ таҷрибаи ҷомеасозии тули 34 соли истиқлолият андухтаи давлати Тоҷикистон имрӯз ба манзалати қутби ҷаҳонбинии мукаммали мардуми он табдил ёфта, он арзишу мақоми муҳити сулҳомезро кафили рушди иҷтимоию иқтисодӣ мешуморад. Дар робита бо ин лозим ба таъкид аст, ки хӯшбинӣ нисбат оянда ҳамеша роҳро барои худ зимни рақобат бо алтернативаҳои дигари ояндабиниҳои мавҷуда мекушояд. Яъне имрӯзҳо ҳам бархурди хеле шадиди диду мавқеъгириҳо оид ба таъмини ояндаи сулҳомези башарият миёни нухбагони сиёсию ҷомеаҳо вуҷуд дорад ва дар атрофи ин баҳсҳо баъзе доираҳо маҳдудсозии ҳаракати одамон, кашидани симхору деворҳои касногузар тули сарҳадҳои давлатӣ, мусаллаҳшавии бошитобро барои рафъи таҳдидҳои амниятӣ тобиши заруриятдошта медиҳанд. Яъне дар ин замина имрӯз як рақобати хеле хатарноки ҳастибарангез миёни кишварҳо ва низомҳои сиёсӣ ба вуҷуд омадааст. Баъзе аз нухбагони сиёсӣ оламро ба нимкураҳои “биҳиштосо” ва “бешазор” (Боррел М) ташбеҳ дода, бо ҳамин дурустии ҳама гуна иқдомҳоро барои ҳифзи муҳити биҳиштмонанди худ исбот карданӣ мешаванд. Бинобар ин Пешвои миллат ҳанӯз аз соли 2000-ум инҷониб таъкид менамоянд, ки талоши азнавтақсимкунии олам аз лиҳози таърихӣ раванди собиқадору тӯлонимуддат буда:“Дар замоне, ки раванди аз нав тақсим кардани ҷаҳон ва захираҳои табиии сайёра, яроқнокшавии бошитоб ва марҳалаи дубораи «ҷанги сард» торафт шиддат мегирад, мо вазифадорем, ки барои ҳифзу таҳкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ беш аз ҳар вақти дигар саъю талош намоем”. (Суханронӣ дар Рӯзи дониш ва ифтитоҳи бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, prezident.tj/node/29047, 01.09.2022). Иқтибоси овардашуда гувоҳи он аст, ки бо таъкиди масъалаи авҷ гирифтани талошҳо барои азнавтақсимкунии ҷаҳон миёни абарқудратҳо Пешвои миллат ба осебпазир шудани вазъи суботу амният дар кишварҳои олам, бахусус кишварҳои ру ба инкишоф ишора мекунанд. Ба андешаи Пешвои миллат, зимни рақобатҳои шаддиди бартариятҷуӣ дар азнавтақсимкунии ҷаҳон зуҳури паёмадҳои ногуворро барои кулли ҷомеаи инсонӣ мушоҳида кардан мумкин аст. Мушкилоти дарёфти роҳи ҳалл ва рафъи оқибатҳои тағйирёбии иқлим, хатари паҳншавии ҳаракатҳои ифротгароию даҳшатафканӣ, авҷгирии норасоии озуқаворӣ, паҳншавии бемориҳои сироятии нав ва ғайра аз ҷумлаи онҳоанд. Ҳар кадоме аз ин мушкилот дар тавзеҳоти паёмадҳои ногувори талошҳои азнавтақсимкунии ҷаҳон аз ҷониби Пешвои миллат зимни суханрониҳояшон ҳамеша равшан оварда шуда, вазифаҳои аҳли ҷомеаи тоҷикистонӣ барои паст кардани шиддати таъсири онҳо дар кишвар, минтақа ва ҷаҳон хотирнишон шудааст. Дар доираҳои илмию идоракунӣ пешгӯӣ аз равандҳои ҷаҳони муосирро ба муддатҳои тулонӣ яке аз масъалаҳои мураккабу аксар маврид имконнопазир медонанд, зеро ба амалишавии ин равандҳо омилҳои гуногуну печида таъсири ҳалкунанда мерасонанд. Бинобар ин барои ба воқеият наздик шудани ҳама гуна пешгӯию пешфарзҳо зарурати доштани диди фароху таҷрибаи бойи амалӣ муҳим ба шумор меравад. Вобаста ба ин мавзуъ охирҳои соли 2023 – юм мутафаккири маъруфи муосири амрикойӣ Ҷон Миршаймер китоберо таҳти унвони “Давлатҳо чӣ тавр андешаронӣ мекунанд” ба нашр расонид, ки аз ҷониби доираҳои илмию коршиносӣ хеле хуш пазируфта шуд. Асли андешаи Ҷ. Миршаймер дар ин асар аз он иборат аст, ки давлатҳо таҳти идораи лидерҳои фарохбину умқандеша ҳамеша рафтору амали худро борикбинонаю оқилона анҷом медиҳанд. Барои дарки ин масъала муҳаққиқро мебояд ба умқи фикру андешаҳои ин гуна шахсиятҳо бомулоҳиза фурӯ равад ва онро беғаразона ба риштаи таҳлилу тасвир баркашад. Яъне, ӯ давлатҳоро ҳамчун вуҷудҳои зиндае меҳисобад, ки ҳамеша барои таъмини ҳолати устувори худ оқилона рафтор мекунанд ва бартарияти такя ба эҳсосу тасаввуроти носанҷида дар онҳо камтар мушоҳида мешавад. Муҳиммияти ба эътибор гирифтани қазовати мазкур барои дарки касбии равандҳои муосир аз ҷониби доираҳои таҳлилӣ зиёд таъкид мегардад. Зеро дар баробари вазъи мураккабу низоъбори сиёсию иқтисодии олам имрӯзҳо кишварҳои ҷаҳон талоши худро ба он равона карда истодаанд, ки як стратегияи куллиро барои ҳифз ва тақвияти назми ҷаҳонӣ амалӣ созанд, зеро хавфи аз назорати ниҳодҳои эътиборноки байналмилалӣ хориҷ шудани идораи бештари равандҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ ҳанӯз боқӣ мемонад. Ҳамзамон ҷамъе аз кишварҳо аз он изҳори ташвиш мекунанд, ки баъзе ҷанбаҳои назми глобалии пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ тарҳрезишуда аз бисёр ҷиҳат варшикаста ба назар мерасад ва бояд низомҳои нави ташаккулёбанда ҷойгузини онҳо гарданд. Мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита бо ин масъала ҳамеша чунин аст, ки бояд фаъолияти ниҳодҳои мавҷудаи низоми байналмилалӣ, ба монанди Созмони Милали Муттаҳид (СММ) тақвият дода шавад ва созмонҳои минтақавӣ низ дар паҳлуи ин созмон барои таҳкими назми ҳаёти башарӣ қарор гиранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин рӯ ҷонибдории худро аз низоми ташаккулёбандаи чандҷанбавии (мултилатерализм) ҳамкории кишварҳо пайваста баён дошта, дар тавофуқ бо кишварҳои минтақа ва олам аз он пайгирӣ менамояд. «Вақти он расидааст, ки мо аз иқдоми муассир барои тақвияти нақши асосии Созмони Милали Муттаҳид дар ҳалли низоъҳо ва барқарорсозии сулҳу субот дар сайёра кор бигирем»,-изҳор доштанд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи Дониши имсола. Зимни таҳлилу мушоҳидаҳо аз ҷараёни маҷрои ин чолишҳо равшан ба назар мерасад, ки баъзе аз давлатҳо баръакс, дар талоши ҷойгузин кардани диду мавқеашон бидуни эҳтироми мавқеи дигар кишварҳо ба ҷойи тасмиму қарорҳои созмонҳои байналмилалӣ мебошанд. Яъне имрӯз як рақобати хатарноки ҳастисӯз миёни кишварҳо ва низомҳои сиёсӣ ба вуҷуд омадааст. Дар ин рақобат гурӯҳбандии ғаразноки кишварҳои олам ба миён омадааст, ки онро маҳсули бархӯрди шадиди низомҳои демократӣ ва авторитарӣ мешуморанд. Кишварҳоеро, ки дар миёни бархӯрди ин ду низом мондаанд, баъзан дар мавриди баҳс онҳоро давлатҳои бимавӣ (hedging states, contested states) меноманд. Вале чунин баҳогузорӣ ба мавқеи кишварҳои рушдёбанда он қадар саҳеҳ ва муносиб нест. Имрӯзҳо нақши кишварҳои рушдёбанда дар таъмини пешрафти иқтисоди ҷаҳонӣ афзуда, бештари онҳо саҳми арзанда дар идоракунии равандҳои ҷаҳонӣ мегузоранд. Чунин нақши онҳоро мо имрӯз дар атрофи ҷустуҷуи ҳалли мусолиҳатомези бисёр масъалаҳои навзуҳури ҷаҳонӣ, аз ҷумла низои навори Ғаззаи Фаластин низ мушоҳида менамоем. Ҳамин тавр, чуноне ки мушоҳида мекунед дигаргунињои гуногунҷанбаи дар олами муосир ба амалоянда ба куллї тули дањсолањои охир на танњо чењраи љомеањои миллї, балки диду арзишњои одамон ва шеваи бархурди онњоро бо воќеияти њаёти љомеањои худ ва умуман љомеаи башарї таѓйир доданд. Љомеањои алоњида барои таъмини мўътадил љараён гирифтани ин равандњо кушиш менамоянд мунтазам барномарезињои муайянро пайрезї кунанд ва арзишњою меъёрњои зиндагии одамонро дар ќолаби ин тарњњо пешбинї намоянд. Вале мутаассифона на њама ваќт чунин иќдомњо ба комёбї меанљоманд, зеро ањёнан нерўњое ҳам ба арсаи сиёсат кўшиши омадан менамоянд, ки вазъияти мављударо мехоҳанд боз њам вахимтару носолимтар гардонанд. Масалан, њатто дар љомеањои пешрафта мебинем, ки нерўњои муайян бо шиорњои ќавмситезию усулгароёна байни ќишрњои алоњидаи алоњидаи ањолї мањбубият касб намуда, шанси ба сари ќудрат омадани худро њарчї бештар месозанд. Тамоюли зикршуда имрўзњо њарчи бештар зењни љавононро ба худ љалб намуда истодааст, ки ин дар воќеъ бо назардошти љалбу њузури онњо дар корзорњои гуруњњои тундрав мояи ташвишу нигаронињост. Љомеаи муосири Тољикистон дар ќиболи чунин чолишњо њамеша такмили фишангҳои идораи равандњои иљтимоиро муњим мешуморад ва барои таъмини талаботњои аъзоёни љомеа захирањои муассиро самаранок истифода мебарад. Дар робита бо ќазовати ёдоваришуда ќобили зикр аст, ки низомҳои сиёсии кишварҳои рақобатдошта барои ғолибият дар тақсими нави ҷаҳони муосир кўшишњои муайянро барои дар њолати изтиробу бесуботӣ нигоҳ доштани кишварҳои рӯ ба инкишоф дар канор намегузоранд. Ањёнан бо сўиистифода аз изтиробу амниятталошии онњо нерўњоеро тавассути мудохилаю фишорҳо ва ташкили “инқилобҳои ранга” ба арсаи сиёсат меоранд, то ки вазъияти мављударо боз њам вахимтару носолимтар гардонанд. Чуноне ки Пешвои миллат зимни суханрониашон бо аҳли ҷомеаи мамлакат аз 9-ми марти соли 2024 изҳор доштанд, тамоюли зикршуда имрўзњо тавассути паҳнсозии мафкураи пусидаи хурофотӣ зери чатри назорату идоракунии муғризона њарчи бештар зењни љавононро ба худ љалб намуда истодааст, ки ин дар воќеъ бо дарназардошти љалбу њузури онњо дар корзорњои гурӯњњои тундрав мояи ташвишу нигаронињост: “Дар хотир дошта бошем, ки роҳбарони гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, ки фарзандони мову шуморо ба сафҳои худ ҷалб менамоянд, азоби таваллуд кардану ба воя расонидани фарзандони моро накашидаанд, заҳмати бедорхобиро надидаанд ва ба онҳо нону об надодаанд. Аз ҳамин хотир фарзандони мову шумо барои онҳо ҳеҷ арзиш надоранд, дар як лаҳза онҳоро ба террористи худкуш табдил дода, ҳадафҳои нопоки худро амалӣ месозанд.” Бо назардошти чунин вазъият аз ҷониби Пешвои миллат таъкид мегардад, ки “ба масъалаи ҳифзи сулҳ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии давлат ҳамчун шарти муҳимтарини пойдории амният ва суботу оромии ҷомеа аҳаммияти хосса зоҳир намоем”. Мањз дар маљрои ҳамин гуна фарояндҳои пурталотуми глобалӣ бо ибтикори Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон мо моҳи сентябри соли 2024 шоњиди бори нахуст аз минбари Маҷмааи СММ пешниҳод гардидани ташаббуси “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” гаштем. Зеро ба андешаи сарвари давлатамон сулҳ муҳити мусоид фароҳам меоварад, ки наслҳои нав ба ҷойи тарс аз ҷангу ноамнӣ босаводу донишманд, хушахлоқу худшинос ва содиқ ба Ватан ба камол расанд. таъкид намуданд, ки роҳбарони давлатҳоро зарур аст атрофи ҳадафҳои умумӣ бо мақсади таъмини сулҳи пойдор дар тамоми кураи Замин ва хотима бахшидан ба ранҷу азоби одамон бар асари ҷангҳо ва пайомадҳои даҳшатбори онҳо муттаҳид шаванд. Муноқишаҳои идомадошта беш аз 1,9 миллион нафарро овора карда ва 1,7 миллион кӯдакро ба кумакҳои башардӯстона мӯҳтоҷ кардааст. Эҳтимол, дар Судон кӯдакон аз ҳама бештар азият мекашанд — беш аз 15 миллион нафар ба кумаки башардӯстона ниёз доранд ва пешбинӣ мешавад, ки 3,2 миллион нафари зери 5 сола дар давоми 12 моҳи оянда аз камғизоӣ, шадид ва сахт азият мекашанд. Ҳамин тавр, дар диди Пешвои миллат ба равандҳои муосир, бахусус дар муҳтавои ташаббусҳояшон воқеъбинии стратегии анбошта бо дарки муносиби шароитҳои таъмини мавҷудияти давлати миллиамон ва эҳтироми баланди арзишҳои башардӯстона равшан ба назар мерасад. Аз ин рӯ дар матни Изҳороти Тянҷини сарони давлатҳои Созмони Ҳамкории Шанхай аҳамияти нотакрори ин ташаббуси навбатии Тоҷикистон дар қатори иқдомҳои дигари муҳими минтақавию глобалии кишварамон махсус зикр шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мамлакати соҳибистиқлол ва демокративу ҳуқуқбунёд таъмини сулҳу субот ва арҷгузорӣ ба онро яке аз масъалаҳои муҳими замон мешуморад. Зеро маҳз сулҳу салоҳ кафили барқарории суботу амният ва пешрафти ҷомеа мебошад. Аз ин рӯ арзиши мазкури сиёсӣ аслу маҳаки мактаби сулҳофарии Пешвои миллати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмонро ташкил дода, ҷонибдорӣ аз он фарохтар аз ҳудудҳои миллии минтақавии мо меравад. Ҳадафи ташаббусҳои глобалии Пешвои миллат дар баробари дигар ҷанбаҳои самтнок инчунин мақсади ба даст овардани дастгирии соири кишварҳоро аз талошҳои соҳибихтиёрии давлатамон дар арсаи байналмилалӣ доранд. Яъне из иқдомҳо яке аз намунаҳои хеле муассири “нерӯи нарм” дар амалияи дипломатияи миллии мо ба шумор мераванд. Ҳамчунин дар баробари ҷанбаи фарохмиқёс доштани ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон мухотаби онҳо сирф бо ҷомеа башарӣ дар умум маҳдуд намешавад, балки онҳо ба ҷустуҷуи роҳҳои ҳалли масъалаҳои дохилии кишварамон низ нигаронида шудаанд.
Усмонзода Х.У.Профессор, узви вобастаи АМИТ Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *