Санаи 22.10.2025 ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли мизи мудаввар дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи милли”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар мавзуи “Нақши ниҳодҳои ҷамъиятӣ дар ҳифзи муҳити зист ва ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ” баргузор гардид. 
Ҳадафи баргузории мизи мудаввар таҳлил ва баррасии вазъи кунунии ҳифзи муҳити зист, нигоҳдориву ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ ва пешниҳоди тавсеяҳо аз ҷониби ниҳодҳои фаъоли ҷомеаи шарвандӣ ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта, ҳамкории мутақобила ва судманди мақомотҳои давлатӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъмини рушди имкониятҳои  сайёҳии экологӣ, фарҳангӣ, кӯҳӣ ва солимгардонӣ. 
Дар ҷаласаи мазкур мақомотҳои марбутаи давлатӣ, аъзоёни Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ниҳодҳои фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, намояндагони ВАО ва мутахассисони соҳа иштирок ва суханронӣ намуданд.
Мақомотҳои марбутаи давлатӣ дар маърӯзаҳои худ роҷеъ ба чорабиниҳои амалигардида, аз қабили таҳияи заминаи мусоиди ҳуқуқӣ-меъёрӣ, сабзонидани дарахтони сояафкану ороишӣ, гузаронидани маъракаҳои тозакунӣ ва корҳои барқарор, таъмиру нигоҳдории ёдгориҳо маълумот дода, таъкид намуданд, ки мавзуи мазкур яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба ҳисоб рафта, масъалаи танҳо техникиву идоракунӣ набуда, балки масъалаи ҷаҳонбинии миллӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва сатҳи баланди маърифатии ҷомеа мебошад. Зеро яке аз унсурҳои шинохти ҳар як миллату давлатро дар сатҳи ҷаҳонӣ аз рӯӣ мавҷудияти ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ  арҷгузорӣ менамоянд. 
Дар натиҷа намояндагони фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ иштироки фаъолонаи аҳолиро дар ҳифзи муҳити зист ва мероси таърихиву фарҳангӣ муҳим арзёбӣ намуда, пешниҳод намуданд, ки  ҷиҳати баланд бардоштани маърифати экологии ҷомеа ба хотири то соли 2037 ба даст овардани мақоми кишвари комилан “сабз”, риояи талаботҳои технологияи кишт, интихоби дурусти қитъаҳои замин ва мувофиқии ниҳолҳо ба иқлими маҳал ҷиҳати хушк нашудани дарахтони сояафкану ороишӣ, омодасозии кадрҳо, такмили шабакаи мушоҳидаи метеорологӣ ва тақвияти ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ ҷиҳати огоҳӣ, омодагӣ, пешгӯӣ ва пешгирии тӯфонҳои чанголуди ба саломатии инсон зараровар, бартараф намудани ифлосшавии муҳити зист аз партовҳои сахти маишӣ, ба роҳ мондани мониторинги муосири рақамии иҷрои барномавӣ оид ба вазъи ёдгориҳои ҳифзшаванда,  ҷалби бештари ҷавонон ва волонтёрон ба иқдомҳои муҳити зист ва фарҳангӣ чоранандешӣ намоянд. 
Ҷаласа бо натиҷагирии мусбат ҷамъбаст гардида, ҷонибҳо омодагии худро барои ҳамкории минбаъда ҷиҳати беҳтар намудани вазъ дар ин самт изҳор намуданд.









