Ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба фаъолияти Шӯро ҷамъиятӣ дар соли 2022 ва тарҳрезии нақшаи кори Шӯро барои соли 2023

Ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба фаъолияти Шӯро ҷамъиятӣ дар соли 2022 ва тарҳрезии нақшаи кори Шӯро барои соли 2023

Иттилоия

оид ба ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба фаъолияти Шӯро ҷамъиятӣ дар соли 2022 ва тарҳрезии нақшаи кори Шӯро барои соли 2023

 

27-уми декабри соли 2022 ҷаласаи ҷамъбастии Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон баргузор гардид.

Модератори ҷаласа Исмоилзода З. – узви Шӯрои ҷамъиятӣ, Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон

Рӯзномаи ҷаласа:

  1. Ҳисобот оид ба фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ дар соли 2022-Ахбороти Н.Саидов Котиби ҳамоҳангсози Шӯрои ҷамъиятӣ
  2. Баррасии Ҳисобот оид ба фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ дар соли 2022
  3. Муҳокимаи лоиҳаи Нақшаи фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ барои соли 2023 -маърузачӣ Н.Саидов
  4. Масъалаҳои ҷорӣ

 

Дар кори ҷаласа Азиззода Ш. Н. – Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа суханронӣ намуда, қайд кард, ки дар соли 2022 Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мавзӯъҳои мубрам пешниҳодҳо ва назару андешаҳои ташкилотҳои аъзои Шӯрои ҷамъиятиро бо назардошти манфиатҳои миллию давлатӣ ба Дастгоҳи иҷроияи Президент ва дигар ниҳодҳои ҳукуматӣ ирсол намуд, ки хеле мақсаднок ва саривақтӣ буданд.

Ҳамзамон, дар ин давра дар фаъолияти Шӯро баъзе камбудиву норасоиҳо ба назар мерасиданд, аз қабили:

-дар ҷаласаҳо умуман ширкат накардани намояндагони якчанд ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ки ҳамчун аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ номнавис шуданд. Вобаста ба ин, ба Котибот пешниҳод менамоям, ки узвияти онҳо дар Шӯро бознигарӣ карда шавад;

-ҳамчунин, ниҳоят заиф фаъолият намудани шӯроҳои ҷамъиятӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо. Нақшаи чорабиниҳои онҳо қариб, ки амалӣ нашуданд, ҷаласаҳо сари вақт доир нагардиданд. Дар маҷмӯъ, фаъолияти шӯроҳои ҷамъиятӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар беҳбудиро талаб менамояд.

Маҳз барои тақвият додани фаъолияти шӯроҳои ҷамъиятӣ дар шаҳру ноҳияҳо мо тасмим гирифтем, дар Нақшаи кори Шӯрои ҷамъиятӣ барои соли 2023 якчанд ҷаласаҳоро дар минтақаҳои мухталифи ҷумҳурӣ баргузор намоем.

Тавре Раиси Шӯрои ҷамъиятӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: “Шӯрои ҷамъиятӣ чун мақоми ҳамоҳангсозу машваратӣ дар баррасии масоили мубрами ҳаёти ҷомеа нақши муҳим дорад”.

Зикр кардан бамаврид аст, ки давлату Ҳукумат дар оянда низ ба рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Бинобар ин, асоси фаъолияти Шӯрои ҷамъиятиро низ бояд ҳамеша манфиати ҷомеа ва шаҳрванд ташкил диҳад.

Дар анҷом ба Котибот ва аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ барои иштироки фаъолона ва саҳми назаррас дар баррасии мавзуъҳо ва пешниҳодҳои муфид дар соли 2022, аз номи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккур баён мекунам.

Оид ба масъалаи якуми рӯзнома Котиби ҳамоҳангсози Шӯрои ҷамъиятӣ Н.Саидов ахборот дод, ки дар соли сипаришуда Шӯрои ҷамъиятӣ дар асоси Нақшаи кори Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022 аз 3-юми феврали соли 2022 ки аз ҷониби Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо гардидааст, Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон 27.01.2017 аз 7-уми феврали соли 2017, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гардидааст, фаъолияташро ба роҳ монд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар маҷмӯъ 9(нӯҳ) ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ гузаронда шуд:7(ҳафт) ҷаласа дар шаҳри Душанбе ва 2(ду) ҷаласаи сайёр- моҳи июн дар шахри Хоруғи ВМКБ ва моҳи август дар шаҳри Исфара бо иштироки намояндагони шӯроҳои ҷамъиятии вилоятӣ ва шаҳри Конибодоми вилояти Суғд баргузор гардид:

Инчунин дар соли 2022 Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мавзӯъҳои актуалӣ фаъолияти таҳлилиро аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ ба анҷом расонида, пешниҳодҳо ва назару андешаҳои воқеъбинонаи ташкилотҳои аъзои Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон–ро бо назардошти манфиатҳои миллию давлатӣ ба дар шакли гузориш ва маълумотномаи таҳлилии алоҳида ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои марбутаи ҳукуматӣ ирсол намуд.

Сипас, Котиби ҳамоҳангсоз мухтасар дар бораи фаъолияти комиссия ва кумитаҳои Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти таҳлилию иттилотии Шӯрои ҷамъиятӣ, мониторинги ҷараёни иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021” бармеоянд. ва инчунин иштирок дар кори конференсияҳо, семинар ва мизи мудаввар ва нашри маводҳо оид ба фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ дар воситаҳои ахбори омма, ҷоннок намудани доираи фаъолияти шӯроҳои ҷамъиятии шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва вилоятии Шӯрои ҷамъиятӣ бо назардошти вазъияти кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ, ва сафарҳои хизматии Котиби ҳамоҳангсози Шӯрои ҷамъиятӣ ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ муфассал ахборот пешниҳод намуд.

Дар баррасии ҳисобот аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ Факиров А, Раҷабов А, Сафаров С., Мамадазимов А, Мирасанова З,Мусоев А., Мустаҷобова Р., Ёқубова М.М., суханрони намуда оид ба фаъолияти ҷанбаҳо гуногуни фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ фикру мулоҳизаи хешро баён намуданд.

Ҷаласа қарор қабул кард:

Фаъолияти Котиботи Шӯрои ҷамъияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022 каноатбахш ҳисобида шавад.

-Оид ба масъалаи дуюми рӯзнома баррасии лоиҳаи нақшаи кори Шӯрои ҷамъиятӣ барои соли 2023 Н.Саидов муфассал ахборот дода қайд кард, ки Нақшаи кори Шӯро бо назардошти пешниҳодҳои Котиботи Шӯро ва раисони ташкилотҳои  аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ тартиб дода шудааст.

Сипас, лоиҳаи Нақшаи кори Шӯрои ҷамъиятӣ барои соли 2023 мавриди баррасӣ қарор гирифт, ки дар он аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок карда, фикру мулоҳизаҳои  хешро изҳор карданд.

Аз ҷумла, пешниҳод гардид, ки бо ҷиҳати ҷоннок намудани фаъолияти Шӯроҳои ҷамъиятии ВМКБ, вилояҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ раисони Шӯроҳои ҷамъиятии зикргардида, барои иштирок дар ҷаласаҳое, ки Шӯрои ҷамъиятӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе мегузаронад, даъват карда шаванд.

Баъди муҳокимаи лоиҳаи Нақшаи кори Шӯрои ҷамъиятӣ барои соли 2023 чаласа қарор қабул кард:

1.Лоиҳаи Нақшаи кори Шӯрои ҷамъиятӣ барои соли 2023 ки аз ҷониби Котиботи Шӯро пешниҳод гардидааст маъқул дониста шавад.

2.Лоиҳаи Нақшаи мазкур барои баррасӣ ба Бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа пешниҳод карда шавад.

Хулоса, дар давраи ҳисоботӣ Шӯрои ҷамъиятӣ ба сифати шарики боэътимоди давлат дар амалигардонии барномаву нақшаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона ширкат варзида, ҷиҳати ташаккули ҷомеаи шаҳрвандии кишвар корҳои муайянро ба анҷом расонд.

Ҳамин тариқ, Котиботи Шӯрои ҷамъиятӣ дар моҳи декабри соли 2021

— банди 9-уми Нақшаи кори Шӯрои ҷамъиятӣ барои соли 2022 – “Ҷаласаи ҷамъбастии Шӯрои ҷамъиятӣ дар соли 2022 ва тарҳрезии нақшаи кори Шӯро барои соли 2023”-ро иҷро кард.

 

Котиботи Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *