Аз ашк то эҳтиром: сари роҳи истиқлол бо Эмомалӣ Раҳмон

Аз ашк то эҳтиром: сари роҳи истиқлол бо Эмомалӣ Раҳмон

Соли 1992, вақте Тоҷикистон дар гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва дар ҳолати азбайнравӣ ва бо порчаҳо тақсимшавии ҳудудӣ зери нуфузи геосиёсӣ ва геоиқтисодии давлатҳои абарқудрат қарор дошт, шахсе ба саҳнаи сиёсат омад, ки бо эҳсоси гарму азму ғурури миллӣ ва руҳияи ватандӯстӣ “ашки миллати осебдида”-ро ба “пойгоҳи эҳтиром” табдил дод. Таърихи ҳар як миллат саропо саҳифаҳои дард, мубориза ва ниҳоят – эҳтиром аст. Барои мардуми Тоҷикистон, роҳи истиқлол ва давлатсозӣ бо сахтиҳо, ҷанги шаҳрвандӣ ва муборизаҳои сиёсиву иқтисодӣ ҳамроҳ буд. Аммо дар маркази ин таҳаввулот шахсияте қарор дошт, ки дар шароити ниҳоят мураккаб масъулияти роҳбарии давлатро ба дӯш гирифт – Эмомалӣ Раҳмон буд. Солҳои аввали истиқлол барои Тоҷикистон солҳои фоҷиабор буданд. Ҷанги шаҳрвандӣ (1992–1997) даҳҳо ҳазор қурбонӣ ба бор оварда, пояҳои давлатдориро фалаҷ кард. Дар ҳамин шароит, соли 1992, Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Ӯ дар як суханронии маъруфи худ гуфт: “Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми ҳастии худро барои барқарор намудани сулҳ ва ягонагии миллат мебахшам”. Ин суханон на танҳо шиор, балки рисолати сиёсие буд, ки то ба имрӯз идома дорад.

Марҳилаи дигаре, ки заминаи ҳуқуқии давлатдории муосирро ташкил намуда, дар устувории истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муҳим бозидааст, қабули Конститутсияи соли 1994 мебошад. Аз таҳлили лаҳзаҳои гуногуни муҳокимаи лоиҳаи Конститутсия мушоҳида мешавад, ки дар мавридҳои муҳим талошҳо ва пешниҳодҳои раиси комиссия муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун идеяи меҳварии ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз тарҳрезӣ шудааст. Масалан, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд, ки “Заминаи ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро нав кардан, онро мутобиқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ такмил додан ва барои таъсиси давлати нав, давлати демократӣ, ки ба волоияти қонун асос ёфтааст, замина гузоштан зарур аст” (Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон). Дар ҷойи дигар оид ба эъмори давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва иштироки бевоситаи халқ ба тариқи ошкоро ва озод дар муҳокимаи лоиҳа ва қабули ин ҳуҷҷати сарнавитсоз сарвари давлат баён менамоянд, ки “Имрӯз вақти он расидааст, ки мо дар роҳи бунёди давлати ҳуқуқбунёду демократӣ аз сухан ба амал гузарем.

Бинобар ин бояд Шурои Олӣ лоиҳаи Қонуни асосии навро баррасӣ карда, барои муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод намояд. Баъд аз хатми муҳокима таҳрири ниҳоии лоиҳаи Сарқонун ва гузаронидани раъйпурсии умумии он қабул шавад” (Иҷлосияи таърихии XVIII-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 1993). Ин пешниҳоди сарвари давлат низ аз ҷониби аҳолии ҷумҳурии бисёр хуб пазироӣ мегардад ва лоиҳаи Конститутсия дар матбуоти даврӣ интишорӣ расмӣ гардида, зиёда аз 8,5 ҳазор таклифу пешниҳодҳо ҷиҳати такмили додани лоиҳаи Конститутсия ба Комиссия ирсол мегардад.Яъне, дар асоси гуфтаҳои боло маълум мегардад, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такя ба мардум намуда, бори нахуст дар таърихи ҳуқуқэҷодкунии кишвар тартиби муҳокимаи озоду ошкоро ва бо қабули райъпурсии умумихалқӣ (референдум) Консититутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешниҳод менамояд. Дар сохтори ин санади муҳими ҳуқуқӣ ва сиёсӣ ҳолатҳо ва меъёрҳое буданд, ки дарҷ намудани ин ҳолатҳо ва меъёрҳо дар шароити алангаи оташи ҷанги хонумонсӯз ва хотима бахшидани ин ҷанги бародаркӯши шаҳрвандӣ аз аъзоёни комиссия масъулияти баланди худшиносии миллӣ, ҳисси волои Ватандӯстӣ ва зиракии сиёсии ояндабинонаро тақозо мекард.Яке аз ин ҳолатҳо ва падидаи навине, ки баҳсҳои зиёдеро ба вуҷуд оварда буд интихоби шакли идоракунии давлат буд. Бояд қайд намуд, ки ҳам дар байни аҳолӣ ва ҳам дар миёни гурӯҳҳои кории комиссия муҳокимарониҳои зиёд сурат мегирад ва дар натиҷа аз ҷониби гурӯҳи корӣ ду лоиҳаи Конститутсия омода мегардад, Лекин муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеъгирона бо тарафдори аз шакли идоракунии ҷумҳурии президентӣ иброз менамоянд, ки “Пӯшида нест, ки имрӯзҳо дар атрофи масъалаҳои шаклҳои идораи давлатӣ, қабули Конститутсия ва интихоби Парлумон баҳсу мунозираҳо ниҳонию ошкоро сурат мегирад, мехостам назари шахсии хешро ба масоили мазкур баён созам. Ҳоло бештар сухан дар бораи идораи президентӣ ва парлумонӣ меравад, боварӣ дорам, ки тарафдорони ҳар ду навъи идораи давлатӣ бурҳону андешаҳои раднопазир оварда метавонанд… Шахсан ман ҷонибдори идораи мустақили президентӣ ҳастам. Танҳо як ҷиҳаташро таъкид мекунам, ки дар шароити давраи гузариш идораи мустаҳками президентӣ ба ҳалли бисёр масъалаҳои умда имконият медиҳад.

Табиист, ки Раиси ҷумҳур низ бояд ба тарзи умумихалқӣ интихоб гардад. Ман ҳамеша мегуфтам ва ҳозир ҳам таъкид мекунам, ки ҳеҷ гоҳ аз масъалаи интихоботи умумихалқӣ рӯ нагардондаам ва барои он омода ҳастам” (Иҷлосияи ҳаждаҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва ё ҳангоми муҳокимаи лоиҳаҳои Конститутсия дар ҷаласаҳои комиссияи конститутсионӣ низ ёдовар мешаванд, ки «Бо назардошти тамоми хусусиятҳои ҷумҳурӣ дар соҳаҳои гуногуни кишвар, ба мақсади муташаккилона гузаронидани ислоҳот ва таҷрибаи талхи давлатдории собиқи худ аъзои Комиссияи конститутсионӣ ба хулоса омаданд, ки шакли мувофиқ ва боэътимоде, ки имрӯз ба шароити муайяни Тоҷикистон ҷавоб медиҳад, ҷумҳурии президентӣ бо назардошти хусусиятҳои хоси Тоҷикистон мебошад. Илова ба ин, аксарияти кулли шахсоне, ки дар муҳокима иштирок доштанд, ҷумҳурии президентиро ҳамчун шакли идоракунии давлати Тоҷикистон тарафдорӣ карданд».Дар ҳақиқат вақт довар аст ва исбот кард, ки иқдоми воқеъбинона дар таҳияи ин ҳуҷҷати тақдирсоз пешниҳод ва қабул шудааст. Бо қабули Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баргузории интихоботҳо, низоми демократии ҳукуматдорӣ бунёд гардиданд. Бо ирода ва меҳвари сиёсати «афв ва муколама», ӯ тавонист, ки гурӯҳҳои мухталифи сиёсиро ба музокирот ҷалб кунад. Ин раванд бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар соли 1997 анҷом ёфт – рӯйдоде, ки як марҳалаи нав дар таърихи эҳёи давлатдории тоҷикон гардид. Сипас, марҳалаи таҳкими давлатдорӣ фаро расид. Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардааст, ки “истиқлолият танҳо расман озод будан нест, балки масъулияти бузург дар назди миллат ва таърих аст”.

Дар тӯли солҳои роҳбарии худ, ӯ стратегияи рушди устувор, таъмини амният, таҳкими ҳувияти миллӣ ва рушди фарҳангро дар меҳвари сиёсати худ қарор дод. Тағйироти куллӣ дар инфрасохтор, сохтумони роҳҳои маҳаллӣ ва байналмиллаӣ, рушди деҳот, барномаҳои миллии саноатикунонӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва истиқлолияти энергетикӣ намунаҳои амалии ин сиёсатанд.Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун рамзи истиқлол дар таърихи давлатдории тоҷикон эътирофу машҳур шуд. Имрӯз, номи Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи муосири Тоҷикистон ҳамчун симои истиқлол, меъмори сулҳ ва поягузори давлатдории навин сабт шудааст. Эҳтироми ӯ дар байни мардуми кишвар ва дар арсаи байналмилалӣ на танҳо натиҷаи хидматҳояш, балки натиҷаи иродаи сиёсӣ ва устувории шахсӣ мебошад.Дар тӯли бештар аз се даҳсола, бо роҳбарии ӯ Тоҷикистон аз вартаи нобудӣ то ба пояи рушди сиёсӣ ва суботи иҷтимоӣ расид. Дар ин роҳ, ашки модарони аз ҷанг зарардида ба эҳтироми миллат ба роҳбар табдил ёфт.Роҳи истиқлоли давлатӣ барои Тоҷикистон осон набуд. Вале бо роҳбарии дурандешонаи Эмомалӣ Раҳмон, миллати парешоншудаи мо тавонист, ки аз гирдобҳои сиёсӣ раҳ ёфта, соҳиби давлатдории устувор ва рушди мустақил гардад. Ин раванд аз ашк сар шуда, то ба эҳтироми сартосарӣ расид. Аз ашки задухӯрд то эҳтироми сарбаландона барои миллати соҳибистиқлол — роҳе, ки Эмомалӣ Раҳмон тарҳрезӣ намуд, ҳамон роҳи барқарорсозии нангу номуси миллат аст.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *