26.06.2026 соати 15:30 дар бинои Тоҷикматлубот ҷаласаи ғайринавбатии Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба муносибати рӯйдоди таърихӣ — қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвонии “Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036”, ки бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти раисии Шарипова Латофат — раиси ташкилоти ҷамъиятии “Кумитаи сулҳ ва ризоияти миллии Тоҷикистон” баргузор гардид. Дар ҷаласа аз ҷониби аъзоёни Шуро иброз гардид, ки дар арафаи ҷашни иди бузурги миллӣ “Рӯзи Ваҳдати миллӣ” қабули қатъномаи мазкур бисёр фоли нек ва барои мардуми тоҷик бениҳоят фараҳбахшу гуворо аст. Аз ҷониби аъзоёни Шурои ҷамъиятӣ, ҳадафҳо, аҳаммият, уҳдадории кишварҳои узв баҳри тақвияти ҳамкорӣ ҷиҳати ҳифзи манфиатҳои наслҳои оянда ва паҳлуҳои дигари ин санади байналмиллӣ мавриди табодули афкор қарор гирифт. Хотирнишон гардид, ки қатънома ҳамчун манбаи илҳомбахш барои наслҳои имрӯзаву ояндаи башар хизмат мекунад.
Ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Инчунин, дар ҷаласа аъзоёни Шурои ҷамъиятӣ қайд намуданд, ки дар қабули қатъномаи мазкур Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 27 июни солои 1997, шартномаҳои марзӣ бо кишварҳои ҳамсоя имзошуда, Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадии Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон аз 31 марти соли 2025 ба имзо расида, нақши муҳим бозидааст. Дар ҷамъбасти ҷаласа аъзоёни Шурои ҷамъиятӣ тавсия намуданд, ки:Дар Тоҷикистон “Маркази байналмилалии сулҳ” таъсис дода шавад;Ҳамасола 31 март ба муносибати ба имзо расидани Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадии Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон ҳамоишҳои сатҳи байналмилалӣ баргузор карда шавад.
