Тоҷикон яке миллатҳои куҳанбунёд ва дорои фарҳанги ҷаҳоншумул буда, нақши фарзандони фарзонаи миллати тоҷик дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шудааст. Бояд зикр кард, ки таърихро одамон бо корномаҳои шоистаашон меофаранд. Академик Б.Ғафуров барои зинда кардани таърихи куҳани миллатӣ тоҷик ҷонбозиҳои зиёд карда, дар давраи басо ҳассоси таърихӣ ва сиёсӣ китоби тоҷиконро навиштанд, ки аз ғайрату матонати бузурги ин шахсияти таърихӣ далолат менамояд. Асари “Тоҷикон” – и Б.Ғафуров шаҳодатнома ва ё муаррифгарӣ таърихи пурғановати миллати тоҷик мебошад. Қайд намудан зарур аст, ки вусъати дониш, таҷрибаи зиёди таҳқиқоти илмӣ, амиқ дарк карда тавонистани моҳияти назаривию сиёсии масъалаҳо ба ӯ имкон доданд, ки барои навиштани “Таърихи халқи тоҷик” шурӯъ намояд. Соли 1947 китоби ӯ “Таърихи мухтасари халқи тоҷик” ба забони тоҷикӣ нашр гардид. Ин асар аввалин таҳқиқоти пурра ва ҷамъбасти оид ба таърихи яке қадимтарин халқҳои олам –тоҷикон аст. Аҳаммияти дигари ин асар аз он иборат мебошад, ки вай таърихи на танҳо тоҷикони ҷумҳурӣ, балки таърихи тамоми тоҷикони дунёро дар бар гирифтааст. Ин асари ҷамъбастӣ ба таърихнигории бунёдии халқҳои Осиёи Марказӣ ибтидо гузошт. Ҳадафи аллома Бобоҷон Ғафуров бо нашри ин асар ва асарҳои минбаъда ба оламиён исбот намудани он нукта буд, ки тоҷикон қадимтарин сокинон ва соҳибони ҳақиқи ин марзу бум мебошанд. Дар он даврае, ки ғояҳои интернатсионализми сохта мағзу устухони низоми мавҷударо фаро гирифта буд ва ҳама гуна кӯшишҳои худшиносии миллӣ саркӯб мешуданд, аз ҷониби роҳбари мақоми аввали ҷумҳурӣ даст задан ба омӯзиши мавзӯи тақдири таърихи миллати тоҷик худ як қаҳрамонӣ буд. Ин асар шуълае буд, ки ба саҳифаҳои торику фаромӯшгаштаи таърихи миллати тоҷик равшанӣ андохта, падидаҳои худшиносию ифтихори миллиро такмил дод ва ба фарзандони бедордилу филоӣ руҳ бахшид. Нашри ин асар дар ҳамон давра аз ҷасорату матонат ва ватанпарварии олим шоҳадат медод. Чунончи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд «Хонандаи тоҷик тавассути «Тоҷикон» аз мақоми худшиносӣ ба омӯхтани таърихи гузаштаи худ рӯ овард. Ва ба саволҳои зиёди «Аҷдоди мо киҳо буданд?», Аз куҷо ба зиндагӣ шурӯъ карданд? Чи тавр давлат сохтанду давлатдорӣ карданд? Бо чӣ роҳу дастуре ба арсаи илму адабиёти оламшумул пой гузоштанд? Дар таърихи башарият чӣ мақому поя доранд?» посухи дақиқ ва муфассал ёфтанд». Боиси зикри хос аст, ки дар ин китоб ба тамоми паҳлуҳои ҳаёти халқи тоҷик дар моварои асрҳову замонҳо, ҳам аз ҷиҳати сиёсиву иқтисодӣ ва ҳам аз лиҳози иҷтимоию фарҳангӣ дахл карда шудааст. Ин китоби пурарзиш барои ҳар як фарди Тоҷикистон сарчашмаи муҳими худомӯзӣ мебошад ва ҳар як хонанда метавонад аз он баҳрабардорӣ намояд, далелу арқоми дилхоҳ ба даст орад, донишашро такмил бубахшад. Китоби «Тоҷикон» барои дар рӯҳияи хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, пос доштани анъанаҳои неки ниёгон, шинохти воқеияти таърихӣ тарбия намудани наврасону ҷавонон аҳамияти хеле муҳим дорад. Ин шоҳасар моро даъват менамояд, ки аз гузашта сабақ бигирем, биомӯзем, худрову гузаштагони худро нек бишносем, аз оламу одам бохабар бошем. Чунонки мегӯянд, омӯхтани таърих танҳо ба хотири донистани маҷмӯи ҳодисаву воқеаҳои гузашта нест, балки барои он ҳам зарур аст, ки дар ин замина баҳри таъмини имрӯзу фардои шукуфои халқу миллати хеш ҳиссагузор бошем. Асари аллома Б.Ғафуров «Тоҷикон» парда аз рӯи бисёр воқеияти таърихии мансуб ба халқи тоҷик ва халқҳои ҳамсояву ҳампаҳлую ҳамтақдири тоҷикон бардошт ва ҷаҳониёнро бо таърихи асилу воқеии миллати сарбаланди мо ошно сохт. Аллома Бобоҷон Ғафуров оид ба соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа асарҳо офаридаанд, ки теъдодашон беш аз 400 аст, вале «Тоҷикон» дар меҳвари осори ин шахсияти барҷаставу сарсупурдаи миллат қарор дорад. Он асари безаволу мондагор, асари бунёдист. Амали басо ватандӯстонаву миллатпарастона аст, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навинашон ба Маҷлиси Олӣ дастур доданд, то китоби «Тоҷикон» бо теъдоди калон чоп карда, дастраси ҳар хонадони аҳли Тоҷикистон гардонда шавад. Акнун ин шоҳасар узви ҳар як хонадони кишвар ва зиёбахши дилу дидаҳо мегардад. Воқеан ҳам, «Тоҷикон» сазовори ҳама гуна арҷгузорист, зеро он, ба таъбири Пешвои миллатамон, «муътабартарин сарчашмаи худогоҳиву худшиносии миллист». Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун фарзанди фарзонаи миллат аз рӯзҳои фаъолияташон ба ҳайси сарвари Тоҷикистон, кӯшиш ба харҷ додаанд, ки фарҳангу таърихи пурғановати ин миллати куҳанбунёдро зинда намуда, дар арсаи ҷаҳонӣ тарғибу ташвиқ намояд. Асари бунёдии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки маъхази ғании андешаву тафаккури миллӣ ва сарчашмаи боэътимоди гузаштаи халқи тоҷик маҳсуб меёбад, “Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён” аст. Дар ин асарашон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд, ки “… тафаккури солими миллиро инкишоф додан, дар муқобили ҳар гуна таҳдидҳои ҷаҳонӣ арзишҳои миллии худро ҳифз кардан, ваҳдати миллиро таҳким бахшидан, амнияту оромии кишварро таъмин намудан, сатҳи огоҳии мардум, хусусан ҷавононро, баланд бардоштан аз ҷумлаи корҳои доимӣ ва заҳматталаби сиёсиву фарҳангии ҳамаи мо мебошад”. Воқеан қишри фаъоли ҷомеаи тоҷик вазифадораст, ки дар партави сиёсати созандаи Пешвои миллат, ҷавононро дар руҳияи ифтихори миллӣ ва эҳтиром доштан ба таърихи пурғановат таълиму тарбия намуда, дар мустаҳкамшавии мафкураи сиёсии ҷавонони тоҷик саҳмгузор бошанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асарашон “Тоҷикон дар оинаи таърих” қайд менамоянд, ки “… қарзи фарзандӣ дар назди обу хоки диёр, Ватани куҳанбунёд ва миллати азизу ҷафокашидаи тоҷик” ва илҳом гирифтан “аз баракати Истиқлолият ва давлатдории миллӣ” бо “азми ба сарчашма ва оғози оғозҳо расидан” сабаби асли эҷоди ин асари таърихӣ мебошад. Дар ин росто, Пешвои миллат аз масоили меҳварӣ ва суннатии тамаддуни қадими ниёгон, ба вижа сабақҳои таърих, нақши Шоҳроҳи абрешим дар пайвасти гузаштаву имрӯза ва оянда, бозёфтҳо ва хазинаву дафинаҳои арзишманди аҳди бостон, ба мисли дафинаи Амударё, Авасто ҳамчун нахустин қомусномаи ниёгон, марказҳои аввалин ва гаҳвораи давлатдории тоҷикон — Бохтару Суғд ва тафсири дигар арзишҳои таърихию фарҳангиро ёдовар мешаванд. Рӯ овардани Пешвои миллат ба ин масоили таърихӣ бесабаб нест. Чи тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз менамоянд “Зуҳуроти бегонапарастӣ, дар либосу ҷомаи нав ба ҷилва омадааст, ки баъзан арзишҳои таърихӣ ва дастовардҳои фарҳангии миллати тоҷикро ба марзҳову кишварҳои ҳамҷавор ва халқиятҳои дигар нисбат медиҳанд”.Асари Пешво миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Тоҷикон дар оинаи таърих” аз чор қисм иборат буда, дар он таърихи қадим ва муосири халқи тоҷик чун як риштаи ногусастании пайвандгари даврҳо аз лиҳози сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиву адабӣ бо истифода қариб аз сесад манбаи илмиву таърихӣ ва асноди мӯътамад ба қалам дода шудааст. Он, ки бештар аз панҷсад саҳифаро дарбар гирифтааст, таърихи тамаддунҳои даврони Зардушту Суғд, Бохтару Ҳахоманиширо фаро мегирад.Боиси ёдоварист, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин рӯзҳои зимоми сиёсату роҳбарии кишварро ба зимма гирифтан эҳёи тафаккуру дарки миллиро дар меҳвари сиёсати хеш қарор доданд. Зеро ба фитрати азаливу ахлоқи ҳамида ва ҳувияти тамаддунофардоштаи халқи азизаш боварии комил дошт. Дар ин росто таъкид намудаанд: “…Дар ниҳоди миллати мо омилҳои бунёдии эҳёи тадриҷии истиқлолият ҳамеша вуҷуд дошт, ки асолату ҳувияти устувор ва амалан шикастнопазири таърихӣ, суннатҳои беш аз сеҳазорсолаи давлатдорӣ, арзишҳои бузургу созандаи иҷтимоӣ, фарҳангу маънавиёти ғанӣ ва ғайра дар асл шоҳсутунҳои ҳаёти фаъол ва таърихии миллати мо буданд. Чунончи маълум аст Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асоси омӯзиши таърихи гузаштаи миллат, тамоюлоти инкишофи минбаъдаи кишвари моро баҳогузорӣ менамоянд. Ба андешаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити ҷаҳонишавӣ ва барои миллати мо тақдирсоз ба мо тоҷикон зарур аст, ки гузаштаи дуру наздики худро таҳлил намоем, аз таърих сабақ бардорем, мавқеъ ва нақши худро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ муайян созем. Китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих” аз тадқиқи илмӣ мақсади фаротар дорад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба воситаи ин асар хостаанд, ки сабақҳои таърихро ба хидмати ояндаи давлату халқи тоҷик гузоранд ва таъкид менамоянд, ки “рӯ овардан ба таърих амали якдафъаина нест, балки он бояд мутаассил ва доимӣ бошад”. Дар маҷмуъ асари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих» арзиши бузурги илмиву сиёсӣ ва тарбиявӣ дорад, зеро ин асар мутобиқи ғояҳои Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва талаботи маънавии ҷомеаи имрӯзаи тоҷикистонӣ мебошад. Он натанҳо маълумоти дақиқ ва муҳими таърихӣ медиҳад, балки барои насли ҷавон як раҳнамо дар самти ватандориву ифтихори миллӣ аст. Ин асар натиҷаи заҳматҳои чандинсолаи Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вусъат додани эҳсоси ватанпарастии ҷавонон ва ифтихори миллии мардуми кишвар, боз ҳам мустаҳкамтар кардани пояҳои давлатдории миллӣ ва раванди сулҳу ваҳдату созандагӣ мебошад.Бо боварӣ метавон гуфт, ки бо мутолиа ва таҳлили ин асар ҳар як ҷавони мо метавонад миллати худ, таъриху фарҳанги ғании онро натанҳо дар дохил, балки берун аз кишвар муаррифӣ намояд.
Маҳмадизода Н.Д. – Котиби ҳамоҳангсозӣ Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон