БАРОМАДИ РАИСИ КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад ДАР ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ САЙЁРИ ШУРОИ ҶАМЪИЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ КУЛОБ

БАРОМАДИ РАИСИ КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад ДАР ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ САЙЁРИ ШУРОИ ҶАМЪИЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ КУЛОБ

Муҳтарам намояндагони мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, зиёиён ва меҳмонони гиромӣ!

Дар оғози сухан, мехоҳам таъкид намоям, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ дар марҳилаи нави рушди худ қарор дорад — марҳилае, ки бо ноустувории геополитикӣ, тағйирёбии низоми байналмилалӣ, шиддат гирифтани рақобатҳои иттилоотӣ ва арзишӣ, инчунин густариши бесобиқаи технологияҳои рақамӣ тавсиф мешавад. Дар чунин шароит, раванди ҷаҳонишавӣ на танҳо имкониятҳои нав фароҳам меорад, балки бо худ хатарҳоеро низ меорад, ки ба ҳувияти миллӣ, фарҳанг ва тафаккури ҷомеа таъсири мустақим мерасонанд.Имрӯз мо шоҳиди он ҳастем, ки баробари рушди технология ва иртибототи ҷаҳонӣ, фазои иттилоотӣ ба майдони мубориза барои таъсиррасонӣ ба шуури инсон табдил ёфтааст. Ҷангҳои иттилоотӣ, таблиғоти идеологӣ ва таҳмили арзишҳои бегона ба як воситаи таъсиргузор дар муносибатҳои байналмилалӣ табдил ёфтаанд. Дар чунин шароит, ҳифзи амнияти маънавӣ ва фарҳангии ҷомеа аҳамияти ҳаётӣ касб мекунад.Дар ҳамин замина, мафҳуми бархӯрди тамаддунҳо, ки дар таҳлили равандҳои муосир мавқеи хос дорад, моро водор месозад, ки ба масъалаи муносибати тамаддунҳо бо диди амиқ ва масъулона назар кунем. Таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки бархӯрди тамаддунҳо на ба пешрафт, балки ба ихтилоф ва нооромӣ оварда мерасонад. Аз ин рӯ, Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати муколамаи тамаддунҳо, таҳаммулпазирӣ ва ҳамзистии осоиштаро ҷонибдорӣ менамояд.Дар чунин вазъи мураккаби ҷаҳонӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ба масъалаи калидии амнияти давлатӣ табдил ёфтааст. Бо ташаббуси Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи сиёсати фарҳангиву маънавии давлат, соли 2026 ҳамчун “Соли худшиносии миллӣ” эълон гардидани он иқдоми саривақтӣ ва дорои аҳамияти стратегӣ мебошад. Зеро худшиносии миллӣ на танҳо ифтихор аз гузашта, балки дарки масъулият барои ҳифзи давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ ва рушди устувори ҷомеа мебошад.Дар ин раванд, масъалаҳои зерин аҳамияти махсус пайдо мекунанд:Пеш аз ҳама, таҳкими ҳувияти миллӣ. Мо бояд забони давлатӣ, таърих, фарҳанг, арзишҳои ахлоқӣ ва суннатҳои миллиро ҳамчун пояи асосии давлатдорӣ ҳифз ва рушд диҳем.Дуюм, амнияти иттилоотӣ ва фарҳангӣ. Дар шароите, ки фазои маҷозӣ сарҳад надорад, ҷавонон бештар ба таъсири иттилооти гуногун дучор мегарданд. Аз ин рӯ, ташаккули иммунитети фарҳангӣ ва тафаккури интиқодӣ миёни онҳо зарур мебошад.Сеюм, маориф ва илм ҳамчун омили асосии худшиносӣ. Бе илму дониш, худшиносии воқеӣ имконнопазир аст. Мо бояд ҷавононро ба омӯзиши илмҳои муосир, технологияҳои рақамӣ ва ҳамзамон ба омӯзиши таъриху фарҳанги миллӣ ҷалб намоем.Чорум, нақши фарҳанг дар муқовимат ба бегонапарастӣ. Фарҳанг воситаи асосии ҳифзи ҳувият мебошад. Дастгирии санъат, адабиёт, ҳунарҳои мардумӣ ва арзишҳои миллӣ бояд дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирад.Панҷум, ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ. Тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи эҳтиром ба давлат, рамзҳои миллӣ ва қонунҳои кишвар яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа мебошад.Нақши ҷавонон дар татбиқи ин ҳадафҳо ниҳоят бузург аст. Имрӯз ҷавонон на танҳо неруи демографӣ, балки неруи зеҳнӣ ва иҷтимоии ҷомеа мебошанд. Онҳо бояд ҳамчун ҳомилони фарҳанг, муҳофизони арзишҳои миллӣ ва муаррифгарони Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ баромад намоянд.Ҷавонони мо бояд дарк намоянд, ки онҳо ворисони тамаддуни бузурге мебошанд, ки бо номҳои барҷаста чун Абӯалӣ ибни Сино, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ба таърихи башарият шинохта шудааст. Ин мерос бояд на танҳо мавриди ифтихор, балки сарчашмаи илҳом барои эҷод ва пешрафти онҳо гардад.Ҳамзамон, мо бояд ҷавононро ба фаъолиятҳои созанда — аз ҷумла волонтёрӣ, навоварӣ, соҳибкорӣ, варзиш ва иштироки фаъол дар ҳаёти ҷамъиятӣ ҷалб намоем. Зеро танҳо ҷавони фаъол ва худогоҳ метавонад ба рушди устувори ҷомеа саҳмгузор бошад.Имрӯз, дар баробари таҳкими худшиносии миллӣ, масъалаи ташаккули ҷаҳонбинии муосир низ аҳамияти хоса дорад. Ҷавонон бояд тавонанд дар баробари эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, бо ҷаҳонбинии васеъ, донишҳои муосир ва қобилияти рақобат дар сатҳи байналмилалӣ фаъолият намоянд.Ҳадафи асосии мо — тарбияи насли ҷавони худогоҳ, босавод, ватандӯст, дорои фарҳанги баланд ва масъулиятшинос мебошад. Насле, ки метавонад Тоҷикистонро ба сӯи пешрафт ва шукуфоӣ раҳнамоӣ намояд.Дар идомаи ҳамин сиёсати фарҳангиву маънавӣ, бояд махсус таъкид намуд, ки бо ташаббуси Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон, озмунҳои ҷумҳуриявии сатҳи баланд, аз қабили “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм — фурӯғи маърифат” ва дигар иқдомҳои маърифатпарварона ба як ҳаракати умумихалқӣ табдил ёфтаанд, ки дар таҳкими худшиносии миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи маънавии ҷомеа, бахусус ҷавонон, нақши муассир доранд.Ҳамзамон, иқдоми таърихии тақдими китобҳои арзишманд, аз ҷумла асари гаронбаҳои академик Бобоҷон Ғафуров — Тоҷикон ва ҳамчунин шоҳасари безаволи Шоҳнома ба ҳар як оилаи кишвар, ки бо дастгирии Пешвои миллат амалӣ гардид, далели равшани таваҷҷуҳи давлат ба рушди фарҳанги китобхонӣ ва таҳкими пояҳои худшиносии миллӣ мебошад. Ин иқдом на танҳо як амали фарҳангӣ, балки як стратегияи муҳими давлатдорӣ дар самти тарбияи насли худогоҳ ва соҳибмаърифат арзёбӣ мегардад.Дар фарҷом, бо итминон таъкид менамоям, ки танҳо тавассути муттаҳид сохтани неруҳои давлат ва ҷомеа, таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба ҷавонон ва татбиқи пайгиронаи сиёсати худшиносии миллӣ, мо метавонем дар шароити пуртазоди ҷаҳонӣ ҳувияти миллии худро ҳифз намуда, ҷойгоҳи шоистаи Тоҷикистонро дар ҷомеаи байналмилалӣ таъмин намоем.

Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад — раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *