19 ноябри соли 1992 — оғози марҳалаи эҳёи давлатдории миллии тоҷикон: нақши таърихии Эмомалӣ Раҳмон дар сарнавишти миллат

Ба андешаи мо, 19 ноябри соли 1992 дар таърихи давлатдории навини тоҷикон бояд ҷойгоҳи махсус дошта бошад. Ин сана бо рӯйдоде пайванд дорад, ки дар шароити ниҳоят ҳассоси таърихӣ Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарии давлат интихоб гардиданд ва минбаъд раванди нави давлатсозӣ, барқарорсозии сохторҳои давлатӣ ва талошҳои расидан ба сулҳу ваҳдати миллиро роҳбарӣ намуданд.

Агар 9 сентябри соли 1991 ҳамчун рӯзи ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърих ҷойгоҳи махсус дошта бошад, пас 19 ноябри соли 1992-ро метавон ҳамчун яке аз санаҳои муҳими оғози марҳалаи барқарорсозӣ ва таҳкими амалии давлатдории миллӣ арзёбӣ кард.

Ин ду сана якдигарро пурра мекунанд: истиқлолият имконияти таърихии соҳибдавлатӣ буд ва рӯйдодҳои ноябри соли 1992 ба масъалаи нигоҳдорӣ ва таҳкими ин соҳибдавлатӣ посух меҷустанд.

Мо бар он назарем, ки натиҷаҳои фаъолияти бисёрсолаи давлатдории Эмомалӣ Раҳмонро наметавон аз воқеияти таърихии оғози солҳои 90-ум ҷудо арзёбӣ кард. Тоҷикистон дар он давра дар остонаи парокандагии сиёсиву иҷтимоӣ қарор дошт. Хатари аз байн рафтани ягонагии давлат, пароканда шудани ҷомеа ва коста гардидани пояҳои давлатдории миллӣ воқеияти нигаронкунанда буд.

Дар чунин шароити тақдирсоз, бо интихоби роҳбарияти нави давлат марҳалаи муҳими таърихӣ оғоз гардид. Роҳе пеш гирифта шуд, ки ҳадафи асосии он ҳифзи давлатдории тоҷикон, барқарорсозии сохторҳои ҳокимияти давлатӣ, хотима бахшидан ба муқовимати мусаллаҳона ва фароҳам овардани заминаҳои сулҳу субот буд.

Аз ин лиҳоз, мо нақши Эмомалӣ Раҳмонро дар таърихи навини Тоҷикистон ҳамчун яке аз омилҳои муҳими раванди эҳёи давлатдории миллӣ арзёбӣ менамоем. Саҳми роҳбарии ӯ дар раванди музокироти сулҳ, ба даст омадани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 27 июни соли 1997 ва барқарорсозии сохторҳои давлатӣ аз ҷумлаи рӯйдодҳои муҳими ин марҳалаи таърихӣ мебошанд.

Албатта, сулҳу ваҳдат ва эҳёи давлатдорӣ танҳо натиҷаи фаъолияти як нафар нестанд. Дар ин раванд садоқат, ҷоннисорӣ ва талошҳои ҳазорон нафар шаҳрвандон, неруҳои сиёсӣ, зиёиён, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва тамоми мардуми Тоҷикистон нақши муҳим доштанд. Аммо нақши роҳбарияти сиёсӣ дар ҳамоҳангсозии ин раванд ва муайян намудани самти давлатсозӣ низ аҳаммияти таърихӣ дорад.

Ба назари мо, маҳз дар ҳамин замина метавон 19 ноябри соли 1992-ро ҳамчун санаи рамзии оғози эҳёи давлатдории миллии тоҷикон арзёбӣ кард. Миллате, ки дар гирдоби ихтилофу парокандагӣ қарор дошт, тадриҷан ба роҳи сарҷамъӣ, сулҳу субот ва таҳкими давлатдорӣ баргашт.

Мо бояд як ҳақиқати таърихиро дарк намоем: истиқлолият танҳо бо эълони соҳибихтиёрӣ ба даст намеояд. Истиқлолият вақте маънои воқеӣ пайдо мекунад, ки давлат ҳифз шавад, сохторҳои он фаъолият намоянд, миллат сарҷамъ гардад ва мардум ба ояндаи худ боварӣ дошта бошанд.

Аз ин рӯ, пешниҳод менамоем, ки аҳаммияти таърихии 19 ноябри соли 1992 ҳамчун санаи рамзии эҳёи давлатдории миллӣ дар сатҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ, доираҳои илмӣ ва таърихшиносон мавриди омӯзиш ва муҳокимаи васеъ қарор гирад.

Зеро эҳтиром ба таърих маънои шинохти дурусти лаҳзаҳои сарнавиштсози миллатро дорад. Ва вазифаи насли имрӯза аз он иборат аст, ки сабақҳои он давраи душворро фаромӯш накунад, сулҳу ваҳдатро ҳифз намояд ва барои таҳкими давлатдории миллӣ саҳми арзандаи худро гузорад.

Шодиён Исматулло Раҳматуллозод

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *