Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли мизи мудаввар дар мавзуи «Рушди сармояи инсонӣ, тақвияти иқтидорҳои истеҳсолӣ ва истифодаи технологияҳои муосир»

Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли мизи мудаввар дар мавзуи «Рушди сармояи инсонӣ, тақвияти иқтидорҳои истеҳсолӣ ва истифодаи технологияҳои муосир»

27 ноябри соли 2026 дар маҷлисгоҳи Маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат» ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли мизи мудаввар дар мавзуи «Рушди сармояи инсонӣ, тақвияти иқтидорҳои истеҳсолӣ ва истифодаи технологияҳои муосир» баргузор гардид.

Дар ҷаласа А.Ш. Субҳиддинзода — мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, И.М. Ҳайдарбек — муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ю.О. Камолзода — муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ф.Ю. Юсуфзода — муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва И.Ҳ. Яздонзода — муовини директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Шурои ҷамъиятӣ хабар доданд, ҷаласаи мазкур ба баррасии масъалаҳои муҳими рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат, аз ҷумла баланд бардоштани сифати сармояи инсонӣ, таъмини рақобатпазирии истеҳсолоти ватанӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафта ва ташаккули иқтисоди ба дониш ва инноватсия асосёфта бахшида шуд.

Мубрамияти мавзуи ҷаласа аз он бармеояд, ки дар шароити дигаргуниҳои босуръати иқтисоди ҷаҳонӣ иқтидори ҳар давлат беш аз пеш на танҳо бо захираҳои табиӣ ва имкониятҳои молиявӣ, балки бо сатҳи дониш, малакаи касбӣ, қобилияти навоварии инсон ва истифодаи самараноки дастовардҳои илму технология муайян мегардад.Муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Ю.О. Камолзода зимни суханронӣ таъкид намуд, ки татбиқи ҳадафи чоруми стратегии миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат дар баробари афзоиши ҳаҷми истеҳсолот, рушди сармояи инсонӣ, таҷдиди иқтидорҳои истеҳсолӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафтаро тақозо менамояд.Тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи ӯ, соли 2025 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 66 миллиарду 726 миллион сомонӣ расида, нисбат ба соли қаблӣ 22,1 фоиз афзоиш ёфтааст. Дар давоми солҳои 2019–2025 дар мамлакат зиёда аз 2600 корхонаи нави саноатӣ ба истифода дода шуда, беш аз 87 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шудааст.Дар марҳилаи кунунӣ таваҷҷуҳи асосӣ дар баробари афзоиши шумораи корхонаҳо ба рушди сифатии саноат, баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат, коркарди амиқи ашёи хоми ватанӣ ва истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши баланди иловашуда равона гардидааст.

Таъмини истеҳсолоти ватанӣ бо мутахассисони баландихтисос яке аз шартҳои асосии татбиқи ин вазифаҳо мебошад. Аз ҷумла, соли 2025 дар муассисаҳои таълимии тобеи Вазорати саноат ва технологияҳои нав беш аз 8 ҳазор донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шуда, зиёда аз 20 барномаи нави таълимӣ дар самтҳои муҳандисӣ, технологияҳои иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ ва иқтисоди рақамӣ ҷорӣ гардидааст.Ин нишондиҳандаҳо аҳамияти пайванди низоми таҳсилот бо талаботи воқеии истеҳсолотро бозгӯ менамоянд. Зеро корхонаҳои муосир на танҳо ба таҷҳизоти пешрафта, балки ба мутахассисоне ниёз доранд, ки қобилияти идоракунӣ, такмил ва офаридани технологияҳои навро дошта бошанд.Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2025–2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон гардидаанд.Дар ҷаласа ҳамчунин ба аҳамияти татбиқи Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Тибқи маълумоти муовини вазир, яке аз ҳадафҳои стратегия то соли 2040 ба 5 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ расонидани ҳиссаи даромад аз татбиқи технологияҳои зеҳни сунъӣ мебошад.

Баргузории Конфронси байналмилалии зеҳни сунъӣ «AIConf-2026» рӯзҳои 30–31 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе, муаррифии ташаббуси таъсиси маркази инноватсионии зеҳни сунъӣ бо мусоидати ширкати NVIDIA ва оғози лоиҳаи Парки саноатии «A7LAS» дар шаҳри Хуҷанд аз ҷумлаи иқдомҳое мебошанд, ки дар маърӯзаи намояндаи Вазорат зикр гардиданд.Ҳамзамон, ба имзо расидани созишномаи ҳамкорӣ байни ширкати ватании Soro AI ва ширкати аморотии Alef Education, ки ҷорӣ намудани технологияҳои таълимии зеҳни сунъӣ ва фаро гирифтани 250 ҳазор хонандаи Тоҷикистонро бо омӯзиши муосир ҳадаф қарор додааст, барои рушди сармояи зеҳнии насли нав имкониятҳои тоза фароҳам меорад.Роҳандозии низоми электронии иҷозатномадиҳӣ бо модули «Ijozat AI» низ ҳамчун намунаи татбиқи технологияҳои муосир дар содагардонии расмиёти маъмурӣ ва беҳтар намудани муҳити соҳибкорӣ муаррифӣ гардид.Муовини директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон И.Ҳ.

Яздонзода зимни суханронӣ иброз намуд, ки рушди сармояи инсонӣ, тақвияти иқтидорҳои истеҳсолӣ ва истифодаи технологияҳои муосир се самти ҷудогона набуда, балки се ҷузъи ба ҳам алоқаманди пешрафти иқтисодию иҷтимоӣ мебошанд.Дар ин замина таъсиси Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон, рушди литсейҳои инноватсия ва технологияҳои рақамӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Кӯлоб, инчунин таъсиси мактаби муосири технологияҳои рақамии «Школа 21» аз иқдомҳои муҳими ташаккули низоми омодасозии кадрҳои насли нав арзёбӣ гардиданд.Мактаби мазкур барои шаҳрвандони аз 18-сола боло имконияти омӯзиши ройгони касбҳои муосири соҳаи технологияҳои иттилоотиро дар асоси азхуд намудани малакаҳои амалӣ ва иҷрои лоиҳаҳои воқеӣ фароҳам хоҳад овард.Дар баробари омодасозии мутахассисон, фароҳам овардани шароит барои татбиқи дониш, малака ва ғояҳои навоваронаи онҳо низ аҳамияти аввалиндараҷа дорад.Бо ин мақсад IT Park Dushanbe таъсис дода шуда, бунёди маҷмааи муосири технологии IT Hub Dushanbe оғоз гардидааст. Ин маҷмаа имкониятҳои таълим, таҳқиқоти илмӣ, соҳибкорӣ, сармоягузорӣ ва истеҳсоли маҳсулоти технологиро дар муҳити ягона муттаҳид хоҳад намуд.

Аҳамияти чунин иқдомҳо дар он аст, ки барои ҷавонони Тоҷикистон имконият фароҳам меоранд, то на танҳо истифодабарандаи технологияҳои муосир, балки таҳиягару офарандаи маҳсулоти технологӣ, муҳандис, барномасоз, ихтироъкор ва соҳибкори навовар бошанд.Муколамаи давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар роҳи рушди иқтисоди донишбунёдМасъалаҳои дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятӣ баррасишуда нишон медиҳанд, ки таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ ҳамгироии имкониятҳои мақомоти давлатӣ, муассисаҳои илмию таълимӣ, бахши хусусӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандиро тақозо менамояд.Дар ин раванд тақвияти робитаи илм бо истеҳсолот, мутобиқ намудани таҳсилоти касбӣ ба талаботи бозори меҳнат, дастгирии соҳибкории инноватсионӣ, ҷалби сармоя ба истеҳсолоти технологӣ, баланд бардоштани маърифати рақамии аҳолӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои васеъ барои ҷавонону занон аҳамияти махсус доранд.Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун майдони муколамаи давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ метавонад дар муайян намудани масъалаҳои мубрами рушд, таҳияи пешниҳодҳои амалӣ ва ҷалби неруи зеҳнию созандаи ҷомеа ба ҳалли онҳо нақши муҳим гузорад.Моҳияти асосии масъалаҳои дар ҷаласа баррасишударо метавон дар як пайдарҳамии мантиқӣ ифода намуд: аз дониш ба навоварӣ, аз навоварӣ ба истеҳсолот ва аз истеҳсолот ба некуаҳволии мардум.Зеро сармояи инсонӣ бе имконияти татбиқи дониш ва малака самаранокии зарурӣ пайдо намекунад, истеҳсолот бе технологияҳои пешрафта рақобатпазир намегардад ва технология бе мутахассисони соҳибдонишу баландихтисос наметавонад ба омили воқеии рушди иқтисодӣ табдил ёбад.

Дар ниҳоят, меъёри асосии муваффақияти саноатикунонӣ ва рушди технологӣ на танҳо афзоиши ҳаҷми истеҳсолот, балки таъсиси ҷойҳои нави корӣ, баланд гардидани даромади аҳолӣ, беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардум ва фароҳам овардани имкониятҳои муносиб барои худтатбиқкунии ҳар як шаҳрванд мебошад.Ояндаи иқтисодии Тоҷикистонро инсони соҳибмаърифат, истеҳсолоти рақобатпазир ва неруи созандаи илму технология бунёд менамоянд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *