Итилоот оид ба ҷаласаи сайёри Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Шӯрои ҷамъиятии вилояти Хатлон, дар шакли мизи мудаввар дар шаҳри Бохтар
24-уми феврали соли 2023 тибқи Нақшаи кори Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023 ҷаласаи сайёри Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Шӯрои ҷамъиятии вилояти Хатлон, дар шакли мизи мудаввар дар шаҳри Бохтар, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон баргузор гардид.
Мизи мудавварро Шарифӣ Фирӯза — муовини раиси вилояти Хатлон, намояндаи ваколатдори Раиси Шӯрои ҷамъиятии вилоят дар мизи мудаввари Шӯрои ҷамъиятӣ дар мавзуи “Баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон” раисӣ намуд.
Дар мизи мудаввар Азиззода Ш. Н. – мушовири Бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалањои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Ҷӯразода.Ҷ.Ҳ – муовини якуми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саидов Н.Ш, – Котиби ҳамоҳангсози Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суханронӣ намуда кайд карданд, ки дар соҳаи маорифи вилоят дар баробари корҳои анҷомдода, ҳанӯз масъалаҳое мавҷуданд, ки бе дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ҳалли онҳо, ғайри имкон аст. Аз қабили: Норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ, њолатҳои ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани омӯзгорон, нарасидани ҷойҳои нишаст ва китобҳои дарсӣ, як қатор биноҳои таълимӣ кӯҳнаю фарсуда буда, ба таъмири кулл ва маблағгузорӣ ниёз доранд, мизу курсиҳо низ дар натиҷаи солҳои зиёд истифода бурдан, кӯҳнаю фарсуда шудаанд, бозбинӣ намудани низоми маблағгузории сарикасии муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ва ғайраҳо.
Дар кори мизи мудаввар аъзои Шӯрои ҷамъиятии вилояти Хатлон, роҳбарони кумитаҳои иҷроияи ҳизбҳои сиёсӣ дар вилоят, сармуҳаррирони нашрияҳои вилоятӣ, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, имом-хатиби вилоят, марказҳо ва ҷамъиятҳои фарҳангии русзабонон, олмониҳо, узбекзабонҳо, воситаҳои ахбори омма ва дигар фаъолон иштирок доштанд.
Сипас Сафарзода Ғ. — сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон оид ба мушкилот ва дурнамои рушди маориф дар вилоят ва тадбирҳои дар самти ҳалли масъалаҳо амали гардида, суханронӣ намуда, ҷиҳати ҳалли проблемаҳои мавҷуда дар соҳаи маорифи вилоят пешниҳодҳои мушаххасро иброз намуд.
Дар ҷаласа ба сифати коршиноси мустақил оид ба масъалаҳои маориф Ҷумаева Раъно — роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Маркази фарҳангӣ-омӯзишӣ”-и “Томирис”суханронӣ намуданд.
Зимни мубоҳиса иштирокдорони мизи мудаввар ва аъзои Шӯрои ҷамъиятии вилоятият Ризозода А, Қ. Гулмуродзода, У Нурзода, Ф. Ҷобирзода, ва дигарон суханронӣ намуда доир ба масъалаҳои мухталифи соҳаи маориф, аз ҷумла: зарурати баланд бардоштани мақоми омӯзгор ва дастгрии иҷтимоии онҳо, таълими маърифатӣ оиладорӣ, тақвият бахшидани масъулияти волидайн дар тарбияи фарзандон, таъмини шароити муносиби таълим дар мактабҳо, истифодаи усулҳои муосир ва таъсирбахши тадрис ва такмили ихтисоси омӯзгорон, фаъолияти равоншиносони мактабӣ, фарогирии кӯдакону наврасони дорои имкони маҳдуди ҷисмонӣ ба таълим, солимгардонӣ ва истироҳат, пешгирии зӯроварӣ нисбат ба кӯдакону наврасон,бо назардошти афзоиши ҳамасолаи шумораи хонандагон бунёди таълимгоҳҳо ва синфхонаҳои иловагӣ табодули назар карданд ва пешнињодњои мушаххас ташкилотҳои хешро дар мавзуи “Баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон” аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ баён намуданд.
(Пешниҳодҳо дар шакли мактуби алоҳида ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид).
Дар фарҷоми ҷаласа қарор қабул карда шуд.
— Котиби ҳамоҳангсози Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н.Саидов муҳтавои мизи мудаввари имрӯзаро мавриди таҳлил қарор дода, дар асоси он гузориши алоҳидаи муфассалро оид ба натиҷаҳои ҷаласаҳои имрӯза, ба муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намояд.
-Матни суханронии Азиззода Ш.Н., Ҷуразода Ҷ.Ҳ., Сафарзода Ғ.Ғ., дар сомонаи интернетии Шӯрои ҷамъиятӣ shuro.tj ҷойгир ва дар Бюлетени Шӯрои ҷамъиятӣ – 2023 чоп карда шавад;
-Шӯрои ҷамъиятӣ вилоятӣ, шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ҳамкориҳои мутақобилан судмандро ба роҳ монда, дар ҳалли проблемаҳои мавҷуда дар соҳаи маорифи вилояти Хатлон, ки дар мизи мудаввари имрӯза иброз гардиданд, ҳамаҷониба саҳмгузор бошанд;
— Сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии “Хатлон” (Маъмурзода Носирҷон) мақолаи алоҳидаро омода намуда, дар рӯзномаи вилоятӣ чоп ва якчанд шумораро ба Котиботи Шӯрои ҷамъиятӣ ирсол намояд;
— Шӯрои ҷамъиятии вилоят ҳамкориро бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ – ташкилотҳои ҷамъиятие, ки дар вилоят фаъолият мекунанд, вале аъзои Шӯрои ҷамъияти нестанд, ҳамаҷониба пурзур намояд, ва дар сомонаи интернетии вилоятӣ саҳифаи алоҳида доир ба инъикоси фаолияти Шӯрои ҷамъиятии вилоят кушоянд.
Котиботи Шӯрои ҷамъиятии
Ҷумҳурии Тоҷикистон