Таърихи давлатдории тоҷикон саҳифаҳои зиёди пурифтихор, сабақомӯз ва сарнавиштсоз дорад. Дар ин таърих давраҳое низ буданд, ки ҳастии давлат, амнияти мардум ва худи ваҳдати миллӣ зери хатари ҷиддӣ қарор гирифта буд. Солҳои аввали истиқлолияти Тоҷикистон аз ҷумлаи чунин марҳилаҳои пурошӯб ба шумор мераванд.
Дар оғози ҷанги шаҳрвандӣ мардум дар ваҳму ҳарос қарор дошт. Дар бисёр минтақаҳои кишвар садои тир ба ҷойи садои меҳнати осоишта баланд мешуд, хонадонҳо аз тақдири фарзандон нигарон буданд ва модарон ҳар лаҳза аз бознагаштани фарзандони худ метарсиданд. Дар чунин вазъият ҳар тасмими роҳбарон метавонист ба ҳаёти садҳо нафар таъсир расонад.Яке аз чунин лаҳзаҳои пурмасъулиятро метавон солҳои 1992 дар воқеаҳои атрофи шаҳри Норак ва ноҳияи Данғара дид. Гурӯҳҳои мусаллаҳ бо роҳбарии Муллоаҷики хунхор аз тарафи Ҳизби наҳзати ислом дар атрофи Норак мавқеъ гирифта, хатари густариши даргирӣ ба самти Данғара низ ба миён омада буд.
Ҷавонони Данғара, ки бо мақсади ҳимояи оила ва маҳалли зисти худ дар сафи Фронти халқӣ ҷамъ омада буданд, омодагии худро барои рафтан ба Норак изҳор мекарданд.Аммо аксари ин ҷавонон таҷрибаи ҷангӣ надоштанд ва фиристодани онҳо ба майдони даргирӣ метавонист талафоти сангин ба бор оварад.Дар ҳамин вазъият гурӯҳе аз ҷавонони Данғараи боло бо роҳбарии шахсе бо тахаллуси Заза ба назди раиси хоҷагии ба номи Ленин, вакили Шурои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон омаданд. Онҳо хоҳиш карданд, ки барои дастрасӣ ва таъмини силоҳ ва рафтан ба Норак ба онҳо ёрӣ расонида шавад.Лекин Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро аз гирифтани силоҳ ва ворид шудан ба ҷанг боздоштанӣ шуда, таъкид кардаанд, ки онҳо таҷрибаи ҷангӣ надоранд ва метавонанд дар лаҳзаҳои аввал ҷони худро аз даст диҳанд. Маънии суханаш ба як саволи сахти ахлоқӣ мерасид.Ин лаҳза, танҳо як воқеаи ҷангӣ нест. Он як намунаи муносибат ба арзиши ҳаёти инсон аст. Дар шароите, ки силоҳ садои асосии замон шуда буд, андешаи пешгирӣ аз талафоти инсонӣ аҳамияти махсус дошт.Бо вуҷуди ин, на ҳама ҷавонон аз нияти рафтан ба майдони ҷанг даст кашиданд. Баъзе аз онҳо ба Норак рафтанд ва бар асари даргирӣ ҷони худро аз даст доданд. Аз паси онҳо хонаҳои мотамзада, модарони ҷигархун ва оилаҳои дар интизори бозгашти фарзандонмонда боқӣ монданд. Нолаи модароне, ки фарзандони худро дар ҷавонӣ аз даст доданд, ба як рамзи талхи он солҳо табдил ёфт.Имрӯз, вақте ба роҳи тайкардаи Тоҷикистони соҳибистиқлол назар меафканем, арзиши сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ боз ҳам равшантар эҳсос мешавад. Ваҳдат танҳо як мафҳуми сиёсӣ нест; он пеш аз ҳама амнияти инсон, оромии хонадон, имкони таҳсилу кор ва зиндагии осоиштаи мардум мебошад.
Дар ҳамин замина номи Эмомалӣ Раҳмон бо марҳилаи ҳассоси таърихи навини Тоҷикистон пайванд гирифтааст. Ӯ 19 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи Раиси Шурои Олӣ интихоб шуд. Баъдан роҳбарияти ӯ бо равандҳои музокироти сулҳ ва истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон пайваст гардид.Зодрӯзи Эмомалӣ Раҳмон барои ҷонибдорони сиёсати ӯ танҳо як санаи тақвимӣ нест. Он баҳонаест барои бозгашт ба сабақҳои таърих ва андешидан дар бораи арзиши давлатдорӣ, сулҳ ва ваҳдати миллӣ.Дарси асосии солҳои пурошӯби гузашта ин аст: давлатро танҳо бо қудрати силоҳ нигоҳ доштан мумкин нест. Барои пойдории давлат хирад, масъулият, муколама, эҳтироми ҷони инсон ва иродаи сулҳ зарур аст.Имрӯз насли ҷавони Тоҷикистон вазифадор аст, ки сабақҳои талхи ҷанги шаҳрвандиро фаромӯш накунад. Хотираи қурбониёни он солҳо бояд моро ба қадри сулҳ, таҳаммулпазирӣ ва ваҳдати миллӣ бештар расонад.Зодрӯзи Пешвои ваҳдатовар Эмомалӣ Раҳмон дар ин замина метавонад на танҳо ҳамчун ҷашни як шахс, балки ҳамчун фурсат барои андешидан дар бораи яке аз муҳимтарин саҳифаҳои таърихи давлатдории муосири тоҷикон — роҳи душвор аз парокандагӣ ба сулҳу ваҳдат — арзёбӣ шавад.Таърихро шахсиятҳо месозанд, аммо онро мардум зинда мекунанд. Аз ин рӯ, бузургтарин мероси ҳар давраи таърихӣ бояд сулҳ, давлатдории устувор ва зиндагии осоиштаи мардум бошад.
Шодиён Исматулло Раҳматуллозод — котиби ҳамоҳангсози Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон
