Ҷаласаи сайёри Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Файзобод

Ҷаласаи сайёри Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Файзобод

Имрӯз (25.08.2023) дар ноҳияи Файзобод дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷаласаи сайёри Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли мизи мудаввар дар мавзуи “Рушди маърифати сиёсӣ ва тарбияи ватандӯстии ҷавонон омили асосии инкишофи ҷомеа” бо иштироки ҳайатҳои аъзои шуроҳои ҷамъиятии ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Сангвор, Тоҷикобод, Лахш, ш.Роғун ва Ваҳдат намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ходимони дин, собиқадорони меҳнат, фаъолони ҷамъиятӣ, мудирони бахши кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонони МИҲД-и ноҳияҳо, хабарнигорони воситаҳои ахбори ҷумҳурияви дар ноҳияи Файзобод фаъолиятдошта баргузор гардид.Дар мизи мудаввар Азиззода Ш.Н. — мушовири Бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Маҳмадизода Н.Д. — Котиби ҳамоҳангсози Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Х.У. Директори маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло иштирок ва суханронӣ намуданд.



Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *