«РУШДИ СОҲАИ САЁҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН: ДАСТОВАРД ВА МУШКИЛОТ» (ОМӮЗИШИ ТАҶРИБАИ ВМКБ)

«РУШДИ СОҲАИ САЁҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН: ДАСТОВАРД ВА МУШКИЛОТ» (ОМӮЗИШИ ТАҶРИБАИ ВМКБ)

Саёҳӣ шакли фаъолияти инсонӣ буда, дар рушди фарҳанг ва тамадуни башар нақши бориз дорад. Таърихи дуру дарози туризм, нахуст дар шакли сайёҳат, зиёрати ҷойҳои муққадас, муҳоҷират аз як ҷо ба ҷойи дигар ба шакли муайяни фаъолият оварда расонид. Саёҳӣ ҳамчун соҳаи муҳимми ҳаёти инсонӣ ба воситаи ғояҳои тарақипарвар ба рушди тамаддуни ҷаҳонӣ, ташаккули таҳаммулпазирӣ ва арҷ гузоштан ба таъриху тамаддуни миллату қавмҳои дигар мусоидат намудааст.Саёҳи яке аз соҳаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеаи тоҷикистонӣ мебошад, ки аз тамоюли инкишофи ин соҳа накуаҳволи сохтори иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистон вобастагии муаян дорад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи саёҳӣ корҳои назаррасро анҷом дода истодаанд. Воқеан таърихи пурғановату мероси бойи фарҳангӣ, табиати нодир ва мавзеъҳои биҳиштосои Тоҷикистон заминаи устувори рушд барои соҳаи сайёҳӣ ба ҳисоб рафта, соҳаи мазкур ба сифати яке аз манбаъҳои боэътимоди рушди иқтисодиёти миллӣ арзёбӣ мегардад.Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронияш бо доираҳои соҳибкории ИМА “ҷанбаи дигари ояндадори ҳамкориҳои мо ин соҳаи саёҳӣ мебошад. Тоҷикистон иқлими мусоид, табиати зебои дорои манзараҳои беназир ва ёдгориҳои зиёди таърихиву тамаддунӣ дорад, ки диққати саёҳонро ба худ ҷалб менамоянд. Бо назардошти ин имкониятҳо, Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати рушди соҳа барномаҳои махсуси давлатиро омода намуда, мавриди татбиқ қарор додааст. Дар ин зимн барои фаъолият дар соҳаи саёҳӣ низ як қатор сабукиву имтиёзҳо, аз ҷумла ҷиҳати воридоти таҷҳизоту маводи дигар барои рушди инфрасохтори он, пешбинӣ шудаанд”.Дар пайи дастгириҳо ва имтиёзҳои пешбининамудаи Асосогузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳавасмандии бахши хусусӣ барои фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ зиёд гардида, дар ин давра аз ҷониби Комиссияи иҷозатномадиҳии фаъолияти сайёҳии Кумитаи рушди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд маротиба ҷаласаи ниҳоди мазкур доир гардида, бо ризоияти он ба зиёда аз 44 ширкати сайёҳӣ иҷозатномаи фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ дода шудааст.Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон вобаста ба иқлиму нарму муътадилимкониятҳои васеи ҷалб кардани саёҳони хориҷиро дорост. Ҳукумати кишвар барои инкишоф додани заминаҳои иҷтимоӣ – иқтисодӣ ва инфрсохтории соҳаи саёҳӣ дар ВМКБ чораҳои зарурӣ андешида истодааст, ки онҳо ба назари инҷониб натиҷа хуб дода истодаанд. Айни замон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чор маркази пазироӣ барои ҷаҳонгардон мавҷуд аст, ки фаъолияти назаррас доранд. Аз соли 2018 то инҷониб 40000 нафар сайёҳон аз мавзеъҳои нодири вилоят дидан намуданд, ки нисбат ба солҳои пеш 80 фоиз зиёд буда, ҳоло низ воридшавии сайёҳон ба шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳамарӯза идома дорад. Имконияти густариши сайёҳӣ дар Бадахшон хеле зиёд аст. Агар фақат кӯлҳоро гирем, дар ҳудуди Бадахшон бештар аз 140 обванди хурду бузург мавҷуд мебошад.Бадахшон минтақаи мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз ва сарзамини меваҳои шаҳдбор буда, аз нигоҳи иқлим, боду ҳаво, манзараҳои табиат, ҳайвоноту наботот дар олам нотакрор ва макони беҳтарин сайру сайёҳат муаррифӣ гардидааст. Бо мақсади ҳарчи бештар ҷалб намудани сайёҳону ҷаҳонгардон ба вилоят дар маркази маъмурии ВМКБ шаҳри Хоруғ меҳмонхонаҳои наву замонавӣ сохта мавриди истифода қарор дода шудаанд.Марҳилаи нави рушди оғоз шуда, сохтмони роҳҳову хонаҳои баландошёна, коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва дигар иншооти таъиноти гуногун ба таъсиси ҷойҳои кори нав мусоидат менамоянд. Барои беҳбудии сатҳи хизматрасонӣ ба сайёҳон дар ҳудуди вилоят 33 адад меҳмонхонаҳои хурду миёна замонавӣ, 164 адад ҳомстей, ( меҳмонсарой), 12 тарабхона ва 50 ширкати сайёҳӣ хизматрасонӣ мекунанд. Табиати беҳамтои Бадахшон водор намудааст, то аз тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят дидан намоянд. Бо мақсади ҳар чи бештар ҷалб намудани сайёҳон ба ВМКБ ва ҳамзамон муаррифӣ намудани минтақаҳои сайёҳии вилоят насби рекламаи минтақаҳои сайёҳӣ ва ишораҳои сарироҳӣ, аз ҷумла насби харитаи нави сайёҳӣ ва таъмини маводи иттилоотии сайёҳӣ бо се забон, дар истгоҳҳои нақлиётӣ ва даромадгоҳҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳо рафта истодаанд. Аз тарафи кормандони шуъбаи рушди сайёҳии вилоят харитаи нави сайёҳӣ таҳия карда шуд. Ҳамзамон дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят баҳри беҳтар намудани инфросохтори соҳаи туризм аз сектори хусуси чораҳои амали андешида шуда, айни замон дар шаҳри Хоруғ зиёда аз 18 адад меҳмонхона, 19 адад ширкатҳои сайёҳӣ,15 ҳомстей, ноҳияи Дарвоз 8 меҳмонхона, 5 ҳомстей, ноҳияи Ванҷ 3 адад меҳмонхона, 3 адад ҳомстей, ноҳияи Рушон 6 адад меҳмонхона, 47 адад ҳомстей, ноҳияи Шуғнон ғнон 3 адад меҳмонхона, 7 адад ҳомстей адад, ноҳияи Роштқалъа 12 адад ҳомстей, ноҳияи Ишкошим 33 адад ҳомстей адад, 10 адад меҳмонхона, ноҳияи Мурғоб 35 адад ҳомстей ва 7 меҳмонхонаи хурду миёна барои қабули сайёҳони дохилию хориҷӣ омода мебошанд, ки аксарияти аз ин меҳмонхонаҳо фаъолияти мавсимӣ доранд.Бояд қайд кард, ки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон яке аз минтақаҳои ҷолиби сайёҳии дохилию хориҷӣ ба ҳисоб рафта, бо рӯдҳо ва дарёчаҳои шӯх, кӯлҳо, кӯҳҳо ва манзараҳои беҳамто дар ҷаҳон шӯҳрати калон пайдо кардааст. Дар замони ҳозира сайёҳии байналмилалӣ ва дохилиро аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Сайёҳии дохилӣ аз рӯи дараҷаи фарогирӣ нисбат ба байналмилалӣ бартарӣ дорад. Аз рӯи саҳм сайёҳии дохилӣ 75 – 80% – и шумораи умумии сайёҳонро дар ҷаҳон дар бар мегирад.Ҳамзамон, рушди сайёҳии дохилӣ ва ҷалби оммаи васеи мардум ба беҳтар гардонидани сифати зиндагии мардум мусоидат менамояд. Дар ҷумҳурӣ заминаҳои қонунгузорӣ барои рушди сайёҳии дохилӣ таҳким ёфта истодааст.Мавриди зикр аст, ки мавҷудияти ҷойҳои таърихию табобатӣ, аз қабили кӯли Сарез, Гармчашма, Авҷ, Ямчун, Ҷелондеӣ, Бибӣ Фотимаи Зуҳро қаторкӯҳҳои баландтарин дар ҷаҳон ва пиряхҳои Помир барои рушди сайёҳии вилоят мусоидат менамоянд. Аз таҳлилҳо бармеояд, ки меҳмонону сайёҳони хориҷӣ зимни сафар ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба тамошои мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ аз ҷумла ноҳияи Мурғоб, Ишкошим ва водии Бартанги ноҳияи Рӯшон бештар дидан менамоянд ва пас аз боздид ҷойҳои зебову таърих ҳамзамон ба маҳсули дастранҷи ҳунарҳои мардумӣ низ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд. Онҳо вақти рафтан мехоҳанд аз ин мамлакати қуллаҳояш сар ба афлок кашида бо худ армуғонҳо ҳадя баранд. Ҳамзамон ҳар як сайёҳӣ ба вилоят воридшуда дар баробари боздид аз ҷойҳои тамошобобу манзараҳои таърихӣ ҳамзамон аз боғи набототи Помир, ки дар баландии 2 320 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст, боздид мекунанд.Ҳамчунин барои осон намудани сафари саёҳон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Низоми электронии дастрас намудани раводид ҷорӣ гардида, аз 1 июни соли 2016 портали нав оид ба судури раводиди электронии «e-Visa» ба кор даромад. Низоми раводиди электронии «e-Visa» ба шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла, сайёҳон иҷозат медиҳад, ки аризаи электрониро пур карда, бе ҳозиршавӣ дар муассисаҳои консулии Тоҷикистон дар хориҷа раводиди электрониро ба даст оранд.Бояд тазаккур дод, ки низоми мазкур ниҳоят пешқадам буда, дар минтақа авввалин шуда, аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ карда шудааст. Тибқи арзёбиҳои байналмилалӣ, низоми электронии раводиди Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба панҷгонаи беҳтарин ворид шудааст. Айни замон, портал ё сомонаи миллии сайёҳии мамлакат бо 7 забон омода ва дар шабакаи интернет роҳандозӣ карда шуд. Ба ин васила соҳаи сайёҳии мамлакат ба бозори ҷаҳонии сайёҳӣ ё низоми байналмилалии сайёҳӣ пайваст гардид.Бояд зикр намоем, ки иқдомҳои Сарвари давлат дар ин самти рушди саёҳии дохилию хориҷӣ мақсаднок ва ҳадафрас мебошад, чунки сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳим ва пешрафтаи иқтисодиёти ҷаҳонӣ, омили муҳими афзудан ва ғанӣ гаштани даромад ва буҷети давлат, таъмини мардум бо ҷои кор ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мебошад. Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои асосии рушди иқтисодиёти кишварҳои ҷаҳон ба шумор рафта, тамоми самтҳои ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангиро равнақу ривоҷ медиҳад. Имрӯз дар ҷаҳон ба монанди Италия, Сингапур, Малайзия, Туркия, Голландия, Арабистони Саудӣ ва дигар давлатҳои мутараққӣ маҳс аз рушди соҳаи сайёҳӣ иқтисодиёти худро устувор намудаанд.Дар замони муосир, ки бархӯрди тамаддунҳо тезутунд мешавад, омӯхтан аз ҷиҳати илмӣ таҳқиқ кардани мероси гузаштагон, ҳифзи арзишу суннатҳои милливу мардумӣ ва ёдгориҳои таърихӣаҳамияти махсус пайдо мекунад, ин ҳолатро Ҳукумати кишвар хуб дарк менамояд. Ҳифзи ин арзишҳо, таҳқиқи илмӣ ва омӯзиши амиқу ҷиддии мероси гаронбаҳои гузаштаи тоҷикон, ёдгориҳои фарҳангӣ ва тарғиби суннатҳои мардумӣ вазифаи муҳимтарини аҳли илм, эҷод, зиёиёни кишварва тамоми мардуми бедордил ба шумор меравад.Эҳёи арзишҳои миллии ниёгони кишвар барои боз ҳам фарохтар намудани имкониятҳои рушди сайёҳи ва ҷалби сайёҳон ба мамлакат мусоидат менамояд.Дар таърихи халқи тоҷик шаҳрҳои қадимаи Хуҷанд, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Ашт, Панҷакент, Кӯлоб, Ҳисор Самарқанд, Бухоро, Ҳирот, Марв маълум ва маъруфанд, ки баробари маркази маъмурӣ буданашон марказҳои ҳунару фарҳанг, тиҷорат, зиёрат ва сайру саёҳат буданд. Имрӯз низ дар шаҳрҳои номбурда ва тамоми минтақаҳои кишвар ҳунарҳои мардумӣ рушду ташаккул меёбанд ва аз насл ба насл мегузаранд. Аз андоз озод шудани фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, ки дар хона истеҳсол мешаванд барои боз ҳам рушд ёфтани ин самт мусоидат менамояд.Барои рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар баробари чораву тадбирҳои андешидашуда, ба фикри мо бояд амалҳои зерин иҷро карда шаванд:1. Дар донишгоҳҳои кишвар қабули шумораи донишҷӯён дар соҳаи сайёҳӣ зиёд карда шаванд ва барои гирифтани таҷрибаи замонавӣ ба кишварҳои аз ҷиҳати сайёҳӣ рушдёфта фиристодани мутахассисон мувофиқи мақсад аст.2 Соддагардонии низоми раводид низ барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ мусоидат менамояд;3. Зиёд намудани хатсайрҳо, кушодани шоҳроҳҳои байналмилалӣ, ба талаботҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани сатҳи хизматрасонӣ дар фурудгоҳҳо ва истгоҳҳои роҳи оҳан;4. Ташкил намудани меҳмонхона, ошхонаҳо мағоза ва ҷойҳои фурӯши маҳсулотҳои ҳунарҳои мардумӣ дар тамоми минтақа ва маҳалҳои будубоши сайёҳон;5. Таҳия ва нашри буклет, китобчаҳои хурди муаррификунандаи осори таърихӣ-меъморӣ, осор-хонаҳо, маҷмааҳои таърихӣ-фарҳангӣ, фароғатгоҳҳо, боғҳо, мамнӯъгоҳҳо, объектҳои табиӣ-экологӣ ва дигар мавзеъҳои сайру саёҳат ва фароғат ба забони давлатӣ, русӣ, англисӣ ва ғайра.8. Ташвиқу тарғиби (рекламаи) соҳаи сайёҳӣ ва ҷойҳои саёҳат, зиёрат, фароғат, табобат ва тамошобоб тавассути васоити ахбори умум ва шабакаи интернет.Ҳамин тавр, рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ омили муҳими муаррифии чеҳраи миллат ва фарҳанги он, пешрафтииқтисодиётикишвар, сатҳи зиндагии мардуми он ба ҳисоб меравад. Ҳар фарди бедордил ва ватандӯсту хештаншиноси кишварро мебояд, ки дар Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллӣ барои боз ҳам зебову дилкаш гардидани Ватани азизамон кӯшиш ба харҷ дода, барои ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ софдилона хизмат намояд.

МАҲМАДИЗОДА Н.Д., КОТИБИ ҲАМОҲАНГСОЗӢ ШУРОИ ҶАМЪИЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *