ИЗҲОРИ ТАСАЛЛӢ БА ХОНАВОДАИ ҲАЛОКШУДАГОНИ САДАМАИ НАҚЛИЁТИИ ШАҲРИ КӮЛОБ

ИЗҲОРИ ТАСАЛЛӢ БА ХОНАВОДАИ ҲАЛОКШУДАГОНИ САДАМАИ НАҚЛИЁТИИ ШАҲРИ КӮЛОБ

Санаи 06.08.2023 дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ҳодисаи фоҷиабор – садамаи нақлиётӣ рух дод.

Автомашинаи боркаш бар асари нуқси техникӣ ба воситаҳои нақлиёти сабукрав ва ду манзили истиқоматӣ бархӯрд, ки дар натиҷаи ин ҳодиса 10 нафар ҷони худро аз даст дода, чандин нафари дигар захм бардоштанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаҳои ҳалокшудагон изҳори ҳамдардии амиқ ва ба захмиён шифои оҷил орзу намуданд.

Роҳбари давлат ҳамчунин ба сохтору мақомоти дахлдор супориш доданд, ки ба хонаводаҳои ҳалокшудагон кумаки моддӣ расонида, барои табобати захмбардоштагон ва барқарор намудани хонаҳои зарардида тадбирҳои фаврӣ андешанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *