Дар даврони муосир, ки бо сабаби ҷаҳонишавӣ ва ғарбикунонии тамаддуну фарҳанги ҷаҳонӣ ба давлатҳои миллӣ ва халқу миллатҳои зиёд хавфу хатари аз даст додани ҳувияти таърихӣ ва миллӣ таҳдид мекунад, масъалаи худшиносию худогоҳӣ рӯз ба рӯз мубрам мегардад. Аз ин рӯ, тағйироти куллӣ, ки дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии ҷаҳон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони муосир ба вуқӯъ мепайванданд, тақозо мекунанд, ки ҳар як сокини ҷумҳурӣ беш аз пеш ба решаҳои таърихӣ, анъанаҳои мусбати пешинаи ниёгон ва мероси фарҳангии онҳо рӯ оварда, онҳоро бо дар назар доштани талаботи замони муосир дар таҳкими ҳувияти хеш ва миллати худ мавриди истифода қарор диҳанд ва дар амалияи иҷтимоӣ ҷойгоҳи худро муайян созанд. Маҳз ба ҳамин ишора намуда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз мулоқотҳояшон бо аҳли зиёи кишвар таъкид дошта буданд, ки “танҳо шахси аз таъриху фарҳанги миллати хеш бохабар, худшиносу худогоҳ ва дорои ҳисси баланди миллӣ дар ҷомеа мақому мавқеи сазовор пайдо карда метавонад”.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин иқдоми миллатдӯстонаи хешро идома дода, соли 2008 дар мулоқоти дигарашон бо намояндагони зиёиёни мамлакат вазифаҳои навро дар ин роҳ дар назди ҳар як намояндаи худшиносу миллатпарвари Ватан гузоштанд. Ҳамаи ин гувоҳи равшани он аст, ки дар сиёсати ин марди хирадпеша ҳамчун Роҳбари давлат ва Пешвои миллат худшиносии миллӣ, ҳисси ватанпарастӣ ба сифати омили муҳими таҳкими давлатдории миллӣ арзёбӣ мегарданд. Аз ин рӯ, раванди худшиносии миллӣ, ки барои мардуми тоҷик ҳанӯз аз давраи Сомониён ибтидо мегирад, аз ҷониби Пешвои муаззами миллат ба шарофати Истиқлоли давлатӣ ба сатҳи сиёсати давлатӣ бардошта шуда, таҷлили 1100-солагии Давлати Сомониён, баргузории Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ, гиромидошти бузургони миллат ва тадбирҳои зиёди дигар дар ин самт ба хотири он аст, ки тоҷикон асли худро донанд, аз таърихи миллат ва хизмати аҷдоди хеш дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ огаҳ бошанд.Худшиносӣ ва худогоҳӣ, тавре ки дар илмҳои ҷамъиятшиносию гуманитарӣ қабул шудааст, ҳамчун фаъолияти бошуурона ва мақсадноки маърифатӣ барои ташаккул додани тимсол ё образи «Ман» ва “Мо”, пайваста рушд додани онҳо, худтаҳлилкунӣ ва худбаҳогузорӣ ва амсоли он буда, барои ташаккул ва рушди шахсият, гурӯҳҳои иҷтимоӣ, халқияту миллатҳо ва ҷомеа дар кул хизмат мекунанд.Вобаста ба ин зарур аст, ки дар фаъолияти амалию назариявии худ, махсусан ҳангоми кор бо наврасону ҷавонони кишвар, сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлатамонро татбиқ намуда, тамоми вазифаҳои иҷтимоиеро, ки худшиносию худогоҳӣ ба дӯш доранд, дар раванди таълиму тарбия истифода намоем. Ин ҷо дар назар аст, ки худшиносӣ, қабл аз ҳама, вазифаи маърифатиро бояд ба анҷом расонад, яъне бо такя ба фаъолияти мақсадноки маърифатӣ, самтгирӣ ва тафаккур шахсияти фардро ташаккул диҳад.
Аз ҷониби дигар, худшиносӣ тавассути қоидаҳои муайяни рафтор, ки худи шахс ё ҷомеа таҳия карда, аз ҷониби умум қабул шудаанд, муносибатҳои фардро бо дигарон танзим мекунад.Вазифаи муҳими худшиносӣ ин худрушддиҳӣ ба ҳисоб меравад, зеро фардияти шахсро ташаккул дода, номуайяниҳои ҳаётии ӯро бекор мекунад, огоҳии фардро аз “Ман”-и ӯ таъмин намуда, шахсиятро пайваста рушд медиҳад. Худшиносӣ ба таври мунтазам худмаълумотгирӣ, худтарбиякунии инсон, ташаккули малакаву маҳорати ӯ, ҳавасмандии инсонро дар ин самтҳо таъмин месозад.Ба қавли Муҳаммад Иқбол: То худӣ аз бехудӣ нашнохтӣ, Хештанро дар гумон пиндоштӣ.Худшиносию худогоҳӣ падидаҳои иҷтимоӣ ба ҳисоб мераванд. Аз ин рӯ, онҳо ҳифзи иҷтимоӣ ва эҳсосотии шахсиятро дар тамоми вазъҳо, аз ҷумла дар ҳолатҳои фавқулода кафолат медиҳанд. Маҳз худшиносӣ муттаҳидшавии шахсро бо дигарон, вобастагӣ ва масъулияти мутақобиларо бо онҳо таъмин менамояд. Дар баробари ин, худшиносӣ шахсро аз таъсироти берунии номақбул ё хавфнок, аз ҷумла бегонашавӣ, ки дар миёни як қатор сокинони кишвари мо низ, мутаассифона, ба назар мерасад, эмин нигоҳ медорад. Дар маҷмуъ, худшиносӣ ба ҳар як инсон кӯмак мекунад, ки дар воқеияти атроф самти роҳашро муайян созад ва тамоми зуҳурот ва рафторҳои ҷамъиятиро аз нигоҳи мақбул ё номақбул будани онҳо арзёбӣ кунад.Дар самти тақвияти худшиносию худогоҳӣ истифода аз таҷрибаи ниёгонамон барои мо кӯмаки зиёде мерасонад. Тавре маълум аст, дар таърихи фарҳанги халқи тоҷик масъалаҳои худшиносӣ аз замони «Авасто» (асри VII то мелод) ба назар мерасанд. Шиори маъруфу маълуми он – “Пиндори нек, гуфтори нек, кирдори нек” то кунун ҳам на танҳо ҳамчун пояи ахлоқи инсони комил, балки ҳамчун заминаи муҳимтарини худшиносию худогоҳӣ хизмат мекунад.Дар бораи худшиносӣ суханони мутафаккирони зиёди мо, аз ҷумла файласуф ва табиби бузурги тоҷик Абуалӣ ибни Сино (980–1037) хеле нишонрас ба назар мерасанд. Дар мисоли осор, таълимот ва ҳаёти ин мутафаккир метавон дар бораи худшиносӣ дар якчанд самт сухан ронд. Аввалан, таҷрибаи ҳаётии худи Ибни Сино ҳамчун намунаи худшиносии илмӣ ба ҳисоб меравад. Ибни Сино дар «Рисолаи саргузашт» таҷрибаи илмомӯзии худро баён сохта, таъкид намудааст, ки ӯ даставвал бо кӯмаки устодаш Саид Абубабдуллоҳи Нотилӣ илм омӯхт. Баъдан устодаш ба ӯ машварати хубе дод: «Худат ба хондан ва ҳалли онҳо бипардоз ва сипас чизи хондаатро аз пеши ман бигузарон, то дуруст ва нодурустии онро ошкор созам». Яъне, мустақилият дар омӯзиши илмро Абубабдуллоҳи Нотилӣ дар қалби Ибни Сино ҷой кард, ки минбаъд ӯро комилан ба худшиносии илмӣ расонид.Дар таснифоти илм, ки Ибни Сино дар асари худ «Донишнома» бо забони модарии худ, яъне забони ноби тоҷикӣ пешниҳод намудааст, илмҳои ҳикмат ба ду навъ тақсим шудаанд – илми амалӣ ва илми назарӣ. Ҳар дуи ин илмҳо ба инсон барои огоҳӣ аз худ – худшиносӣ заруранд, агар илми назарӣ аз вазъи чизҳои дигар инсонро огоҳӣ диҳад, пас илми амалӣ барои ҷавоб пайдо кардани инсон ба саволи «Чӣ бояд кард?» зарур аст: «Гунае он бувад, ки аз ҳоли куниши мо огоҳӣ диҳад ва инро илми амалӣ хонанд, зеро ки фоидаи вай он аст, ки бидонем, ки моро чӣ бояд кардан, то кори инҷаҳонии мо сохта бошад…».Бояд таъкид намуд, ки илми амалиро Ибни Сино ба се навъ тақсим кардааст: тадбири оми мардум (яъне, сиёсат), тадбири хона (тадбири манзил, яъне, рӯзгордорӣ) ва илми худ. Ин навъи сеюми илми амалиро, яъне илми худро мутафаккир ҳамчун «илми тадбири худ» низ ном гирифта, ҳадаф ва мавзӯи онро ҳамчун навъе аз худшиносӣ дар ин дидааст, ки «мардум ба нафси хеш чӣ гуна бояд, ки бувад».Ибни Сино дар «илми тадбири худ» дар бораи муҳимтарин сиёсате сухан мекунад, ки барои ҳар як инсон хос аст: ин сиёсат дар ислоҳи худии шахс аст. Ба андешаи мутафаккир, барои ҳар як инсон чеҳраи наздиктарин ва муҳтарамтарин худи ӯ аст. Худро ислоҳ карда, минбаъд инсон метавонад дар ислоҳи дигарон ва ҷомеа низ саҳм бигирад. Асоси ислоҳи худӣ ё худшиносӣ бошад, барои Ибни Сино истифода аз ақл, илму дониш ҳисобида мешавад.Ин ҷо ҳамчун хулоса оид ба худшиносӣ дар таълимоти Ибни Сино, ки ҳадафи он такмили табиати инсон тавассути илм аст, чунин андешаи ӯро меорем, ки дар «Китоби ҷадал» омадааст: «Муҳимтарини ашё барои инсон иштиғол бад-он чизест, ки зоти шахсии ӯро комил мегардонад, сипас иштиғол бад-он чизест, ки навъашро суд дорад ё онро нигоҳ медорад… Камоли зот ба маърифат касб мешавад…».Тавре муҳаққиқони фалсафа қайд кардаанд, дар таърихи фарҳанги мо инчунин худшиносии ирфонӣ низ маълум будааст, ки ҳадафи он низ ташаккули инсони комил мебошад. Дар маҷмуъ, муайянсозии мақоми худшиносӣ дар мероси ниёгонамон аз даврони қадим то оғози таърихи навтарин ва равшану возеҳ сохтани моҳияти онҳо маводи фаровонеро барои тақвияти худшиносию худогоҳии фард ва ҷомеа барои мо пешниҳод месозад.Аз ин бармеояд, ки моҳияти истиқлол ва соҳибистиқлолӣ, пеш аз ҳама, дар дарки мафҳуми худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ муайян мегардад. Агар инсон ҳар қадар соҳибмаърифат бошад, ҳамон қадар худогоҳ, хештаншинос ва истиқлолхоҳу озодпараст мегардад.Бинобар ин, Пешвои муаззами миллат ҳамеша таъкид бар он мекунанд, ки ҷавонони мо, ки ояндасозони миллатанд ва тақдири минбаъдаи ин сарзамини биҳиштосо ба зиммаи онҳост, ба илму дониш, маърифат, забономӯзӣ рӯ биёваранд ва худу кишвари худро бишиносанд ва барои таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ҷаҳду талоши бештаре намоянд.
Соли 2026 бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон гардидааст. Ин ташаббус, ки дар Паёми навбатии Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025 пешниҳод шуда буд, ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ равона гардидааст.Дар ин самт бояд зикр намуд, ки ин иқдом, ҳамчунин ташаббусҳои Сарвари давлатамон дар бораи дар шаҳри Душанбе бунёд намудани Кохи Наврӯз, яъне Маркази тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз қадамҳои устувор дар роҳи тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ба шумор мераванд. Аз ин рӯ, омӯзиши ҳаёту фаъолияти Пешвои муаззами миллатамон, иқдомҳои миллию байналмилалии ин шахсияти миллатдӯсту ватанпарвар дар баробари ошноӣ бо мероси ниёгонамон оид ба худшиносиву худогоҳӣ метавонад ба мо дар тарбияи насли наврасу ҷавонони даврони Истиқлол кӯмак намояд.Корҳои ободониву созандагӣ, ки Роҳбари давлатамон дар зарфи 35 соли Истиқлоли давлатӣ ба анҷом расонидаанд, худ мисоли барҷастаи худогоҳию худшиносӣ мебошанд. Ҳар яки мо низ бояд аз пайи Пешвои муаззами худ дар фикри ободию осудагии кишварамон бошем ва ҳамчун намуна барои насли ояндасози миллат хизмат кунем. Дар ин кори пурмасъулияту созанда ба ҳар яки Шумо барору комёбиҳо орзу мекунам.
Ноиби президенти АМИТ, Муҳамаддовуд Саломиён
дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб, 30 апрели соли 2026