ҶАЛАСАИ САЙЁРИ ШУРОИ ҶАМЪИЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ТОҶИКОБОД БАРГУЗОР ГАРДИД

ҶАЛАСАИ САЙЁРИ ШУРОИ ҶАМЪИЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ТОҶИКОБОД БАРГУЗОР ГАРДИД

Дар асоси Нақшаи сафарбар намудани гурӯҳи тарғиботи ба шаҳру ноҳияҳои кишвар аз ҳисоби роҳбарону масъулони Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҲХДТ, Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ҷиҳати даъвати мардум ба таҳкими корҳои ободониву созандагӣ ва тарғиби худшиносиву худогоҳии миллӣ дар доираи банди 17 Нақшаи чорабиниҳои вобаста ба Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 марти соли 2026, №АП-996 20 майи соли ҷорӣ соати соати 15:00, дар Қасри фарҳанги ноҳияи Тоҷикобод вохӯрии гурӯҳи тарғиботии Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи Эълон шудани соли 2026 “Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақкими тақвияти худшиносию худогоҳии миллӣ” бо фаъолон, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, зиёиён ва ҷавонони ноҳия баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ раиси ноҳияи Тоҷикобод, Фақерзода Қадриддин Аббос, мушовири Бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Ҳамидиён Орзу Зубайдулло,
муовини вазири корҳои дохилӣ, Вализода Илҳомиддин Сироҷиддин,
муовини якуми раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кабутов Тоҷиддин Абдуллоевич,
сардори раёсати Кумитаи давлатии амнияти милии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт, Саидализода Муродалӣ Шамсулло, муовини якуми директори муассисаи давлатии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваҳобзода Абдураҳмон ва котиб хамохангсози Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодиён Исматулло Рахматуллозод, кормандони мақомот, раисони маҳаллаҳо, ходимони дин, омӯзгорону фаъолони ноҳия иштирок доштанд.
О.З. Ҳамидиён — мушовири Бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа дар ҷамъбаст суханронӣ намуда, оид ба пос доштани хотираи фарзандони фарзонаи миллати тоҷик дар мисоли иқдоми таърихӣ ва эҳсоси баланди худшиносии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати интиқоли хоки мазори Нусратулло Махсум, Шириншо Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад аз шаҳри Москва ба Ватан ва дар оромгоҳи Лучоби пойтахт ба хок супоридан, ёдовар шуда, зикр намуданд, ин ташаббус паёми равшан ба имрӯзу оянда аст, ки бузургонро бузургон зинда медоранд. Хотираи ин меъморони нахустини давлати тоҷикон дар қалби миллат то абад зинда хоҳад монд ва оромгоҳи онҳо дар Лучоб акнун на танҳо зиёратгоҳ, балки мактаби бузурги ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ барои тамоми наслҳои ояндаи Тоҷикистон хоҳад буд.

Баъдан И.С. Вализода — муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд, ки омили асосии мубориза бар зиди ифротгароӣ ин баланд бардоштани маърифати динӣ ва ҳуқуқӣ, таҳкиму тақвияти худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ мебошад. Ҳамкории ниҳодҳои давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оиларо дар тарбияи фарҳангии насли наврас зарур зикр намуд ва пешниҳод намуданд, ки агар ин се унсур ҳамоҳанг амал намоянд, таъсири манфии ҷангҳои иттилоотӣ ва дигар омилҳои манфӣ ба маротиб коҳиш меёбад.

Т.А. Кабутов — муовини якуми раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маърӯзаи худ қайд намуданд, ки дар шароити таҳдидҳои ҷаҳони муосир таҳмили ғояҳои ифротгароиву даҳшатпароканӣ авҷ гирифта, масъалаи таъминиамниятимилливу давлатӣ, аз ҷумла амнияти тафаккуриву маънавӣ, аҳаммияти бештар пайдо кардааст. Маърифати динӣ бояд бар пояи фаҳмиши саҳеҳ, муътадилва илман асосноки арзишҳои динӣ ташаккул ёбад. Таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки дуршавӣ аз моҳияти аслии таълимоти динӣ ва тафсири ғалати фармудаҳои шариат метавонад заминаи пайдоиши андешаҳои ифротиро фароҳам оварад. Бинобар ин, давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат барои баланд бардоштани сатҳи маърифати динии ҷомеа 300 ҳазор китоби Қуръони карим ба забони тоҷикӣ тарҷума ройгон дастраси шаҳрвандон гардонида шуд. Инчунин, “Саҳеҳ”-и Имом Бухорӣ ва қариб ҳамаи манобеи асосии фиқҳи ҳанафӣ дастраси мардум карда шуданд, то мардум ба маъно ва муҳтавои аслии ин китоби муқаддас мустақиман ошно гарданд.

А. Ваҳобзода — муовини якуми директори муассисаи давлатии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси нақши фарзандони миллати тоҷик дар таърихи рушди дини Ислом, таҳамулпазирии таълимоти мазҳаби Ҳанафӣ, табдили масҷидҳои фаъолияташон қатъгашта, ба кӯдакистонҳо, ҷалбу гумроҳ намудани мардуми мусалмон ба воситаи тафсири нодурусти мазҳабу ҳаракатҳои ифротгаро, ташкилоти давлати исломӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба хотири амалӣ намудани мақсадҳои ғаразноки давлатҳои абарқудрат ва муқоисаи матнҳои ояту сураҳои Қуръони шариф ба матнҳои асл, ки тағйироту иловаҳои зиёд мушоҳида мешавад, андешаронӣ намуданд.

М.Ш. Сайдализода — сардори раёсати Кумитаи давлатии амнияти милии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди ба гурӯҳи ноҳияҳои Рашт зикр доштанд, ки ифротгароӣ яке аз хатарҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, дар шаклҳои гуногуни динӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ зуҳур карда, ба пояҳои давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи демократӣ хатар эҷод менамоянд. Бинобар ин, пайравии сокинони водии Рашт ба гурӯҳҳои террористиию экстремистӣ нисбат ба солҳоии қаблӣ кам шуда бошад ҳам, лекин пурра аз байн нарафтааст, яъне таҳлилҳо нишон медиҳад, ки алоқамандии сокинон ба “ДИ”, “Ансурулллоҳ”, “Салафия” ва ғ. ошкор шудаанд, ки бо ному насаб, сину сол, маҳалли истиқомат, факту рақамҳои оморӣ, сабабу омилҳо ва пайомади ин кирдорҳои номатлуб дар хориҷи кишваррро, аз ҷумла дар Россия ва Туркия, таълимоти ғайриқонунии динӣ, монеа шудан ба таҳсили фарзандон, хислати умумӣ пайдо кардани иҷрои маросими Ҳаҷ умра ва ҳаҷи такрории фарзӣ сокинони водии Рашт ва зиёдаравии онҳо ба диққати аҳли нишаст пешниҳод намуданд.
Вохӯрӣ дар руҳияи созандагиву бунёдкорӣ анҷом ёфт. Фаъолони ноҳия омодагии худро барои дастгирии сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат ва боз ҳам фаъолтар намудани корҳои тарғиботӣ дар байни аҳолии маҳаллаҳо изҳор доштанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *