ҶАЛАСАИ САЙЁРИ ШУРОИ ҶАМЪИЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ РАШТ БАРГУЗОР ГАРДИД

ҶАЛАСАИ САЙЁРИ ШУРОИ ҶАМЪИЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ РАШТ БАРГУЗОР ГАРДИД


Рӯзи 20 майи соли 2026 дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ҷаласаи навбатии сайёри Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли мизи мудаввар баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа намояндагони Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуроҳои ҷамъиятии ноҳияи Рашт, шаҳри Роғун ва ноҳияҳои Нуробод, Сангвор, Тоҷикобод ва Лахш, инчунин намояндагони мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ходимони дин ва воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Зимни ҷаласа масъалаҳои марбут ба маърифати динӣ ва ҳуқуқӣ, пешгирии ифротгароӣ, таҳкими ҳамгироии ҷомеа, фаъолгардонии фаъолияти шуроҳои ҷамъиятӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар назди иштирокчиён Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Сафарзода А. И., мушовири Бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Азиззода Ш. Н., мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода С. Т., вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Р. Ҳ., раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ятимов С. С., раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода С. П., директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода А. Ғ., котиб-ҳамоҳангсози Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодиён И. Р., раиси шаҳри Роғун Саидзода С., раиси ноҳияи Рашт Идизода З. Ф., раиси ноҳияи Нуробод Солеҳзода Ф. Ҳ., раиси ноҳияи Сангвор Давлатзода М. Ғ., раиси ноҳияи Тоҷикобод Фақерзода Қ. А. ва раиси ноҳияи Лахш Холзода К. К. суханронӣ намуданд.

Дар ҷараёни мубоҳисаҳо оид ба таҳкими маърифати ҳуқуқию динӣ, пешгирии зуҳуроти номатлуб дар ҷомеа, баланд бардоштани нақши шуроҳои ҷамъиятӣ дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ва тақвияти ҳамкории сохторҳои давлатӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ пешниҳодҳои мушаххас ироа гардиданд.

Дар фарҷоми ҷаласа аз рӯйи масъалаҳои баррасишуда тавсияҳои дахлдор қабул гардида, барои татбиқи онҳо ба сохторҳои масъул супоришҳо дода шуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *