Блюллетени Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон — 2024, № 1 1 ШУРОИ ҶАМЪИЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОБЩЕСТВЕННЫЙ СОВЕТ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН МУРАТТИБ И.ШОДИЁН, С.АБДУЛАҲАДЗОДА ЗЕРИ НАЗАРИ ЁРДАМЧИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ ИҶТИМОӢ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА А.Қ.РАҲМОНЗОДА

Тавсифи мухтасар

Бюллетени Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (№1, соли 2024) маҷмӯаи мавод, суханрониҳо ва гузоришҳои расмиро дар бар мегирад, ки ба масъалаҳои муҳими сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии кишвар бахшида шудаанд. Дар нашрия Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, суханрониҳо оид ба таҳкими ваҳдати миллӣ, рушди маърифати ҳуқуқӣ, пешгирии ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ, нақши ҷавонон дар ҷомеа, аҳамияти «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ дар тарбияи худшиносии миллӣ, инчунин саҳми НБО-и «Роғун» дар рушди иқтисодии мамлакат ва минтақа ҷой дода шудаанд.

Маҷмӯа барои кормандони мақомоти давлатӣ, олимон, муҳаққиқон, омӯзгорон, донишҷӯён ва тамоми шаҳрвандоне, ки ба масъалаҳои рушди ҷомеаи Тоҷикистон таваҷҷуҳ доранд, муфид мебошад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *