Ҷаласаи сайёри Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуъи Дастовардҳои технологияҳои муосир дар даврони соҳибистиқлолӣ: истифодаи зеҳни сунъӣ дар идоракунии давлатӣ ва рушди ҷомеа» дар ноҳияи Ишкошими ВМКБ баргузор гардид.
Нахуст, муовини раиси вилоят Фурқати Ҳукумат баромад намуда , қадами меҳмононро ба ВМКБ хайра мақдам гуфт. Таъкид гардид, ки дар замони муосир рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ яке аз омилҳои муҳими пешрафти давлатҳо ба ҳисоб меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди технологияҳои рақамӣ, татбиқи ҳукумати электронӣ ва истифодаи васеи имкониятҳои зеҳни сунъӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.

Мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Пайшанбезода Муҳиддин зимни суханрониҳои худ қайд карданд, ки имрӯз истифодаи технологияҳои муосир дар идоракунии давлатӣ барои баланд бардоштани самаранокии хизматрасониҳо, шаффофияти фаъолияти сохторҳои давлатӣ ва тақвияти робитаи давлат бо шаҳрвандон мусоидат менамояд. Зикр гардид, ки зеҳни сунъӣ метавонад дар таҳлили маълумот, қабули қарорҳои идорӣ, рушди иқтисоди рақамӣ ва беҳтар намудани хизматрасониҳои давлатӣ нақши муҳим бозад.
Дар идомаи ҷаласа маърузачиён доир ба масъалаҳои амнияти иттилоотӣ, баланд бардоштани саводи рақамии аҳолӣ, омода намудани мутахассисони соҳибкасб ва истифодаи оқилонаи технологияҳои нав андешаҳои худро баён намуданд. Таъкид карда шуд, ки ҳамқадам будан бо пешрафти илму техника ва омӯзиши технологияҳои нав аз талаботи муҳими замон маҳсуб ёфта, барои рушди минбаъдаи кишвар заминаи мусоид фароҳам меорад.

Дар ҷараёни ҳамоиш масъалаҳои вобаста ба омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ ва саҳмгузории ҷомеаи шаҳрвандӣ дар татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Иштирокчиён таъкид намуданд, ки истифодаи имкониятҳои технологияҳои муосир метавонад дар татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоӣ ва рушди минтақаҳои дурдаст низ нақши муассир дошта бошад.Дар фарҷоми ҷаласа аз ҷониби намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъулини Шӯрои ҷамъиятӣ ҷиҳати тақвияти ҳамкории мақомоти давлатӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, истифодаи самараноки технологияҳои рақамӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати иттилоотии аҳолӣ тавсияҳои мушаххас пешниҳод гардиданд.