Баромади намояндаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Пиров Абубакр дар мавзуи: Ҷиҳати вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ бо истифодаи технологияҳои муосир ва зеҳни сунъӣ

Баромади намояндаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Пиров Абубакр дар мавзуи: Ҷиҳати вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ бо истифодаи технологияҳои муосир ва зеҳни сунъӣ

Корҳои ободониву созандагӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, беҳтар намудани инфрасохтори маҳаллӣ, рушди соҳибкорӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав ва таҳкими иқтидори иқтисодии шаҳру ноҳияҳо мусоидат менамоянд.

Бо шарофати сиёсати хирадмандона ва созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми минтақаҳои кишвар, аз ҷумла Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, корҳои бузурги ободониву бунёдкорӣ, сохтмони иншооти иҷтимоӣ, роҳҳо, муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ, фарҳангӣ, хизматрасонӣ ва истеҳсолӣ идома доранд.

Дар шароити имрӯза ободонӣ танҳо ба сохтмони иншоот ва беҳтар намудани симои маҳал маҳдуд намегардад. Ободонии муосир бояд бо истифодаи технологияҳои нав, рақамикунонӣ, идоракунии самараноки захираҳо, таҳлили лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва татбиқи роҳҳои инноватсионӣ амалӣ карда шавад. Аз ин лиҳоз, Вазорати саноат ва технологияҳои нав истифодаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъиро ҳамчун воситаи муҳим барои беҳтар намудани банақшагирӣ, таҳлили лоиҳаҳо, назорати иҷрои корҳои сохтмонию истеҳсолӣ ва баланд бардоштани самаранокии идоракунии давлатӣ арзёбӣ менамояд. Дар ин самт, рақамикунонии равандҳои идоракунии истеҳсолот ва таҳлили лоиҳаҳои сармоягузорӣ аҳамияти махсус дорад. Чунин равандҳо имкон медиҳанд, ки маълумот сари вақт ҷамъоварӣ ва таҳлил гардида, самаранокии лоиҳаҳо пешакӣ арзёбӣ карда шавад ва иҷрои онҳо зери назорати доимӣ қарор гирад.

Дар доираи рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия, таҷрибаи татбиқи платформаҳои муосири зеҳни сунъӣ, аз ҷумла Darya AI, барои Тоҷикистон аҳамияти муҳим дорад. Дар самти рақамикунонии равандҳои идоракунии истеҳсолот, таҳлили лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва пайгирии амалишавии онҳо Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро бо вазорату идораҳои дахлдор, шарикони рушд ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз ба роҳ монда, платформаи зеҳни сунъии Darya AI-ро мавриди амалигардонӣ қарор додааст. Маркази “Darya AI” дар доираи эълон гардидани солҳои 2025–2030 ҳамчун “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” ба таври муосир бунёд гардида, ҳуҷраҳои хизматрасонии он бо таҷҳизоти замонавии истеҳсоли ширкатҳои бонуфӯзи ҷаҳонӣ таъмин карда шудаанд.Маркази мазкур дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд таъсис ёфта, дар он 4 нафар мутахассиси маҳаллӣ, ки дар самти пешбурд ва истифодаи низоми муосири зеҳни сунъӣ таҷриба доранд, бо ҷойи кор таъмин гардидаанд. Ин иқдом на танҳо ба рушди технологияҳои рақамӣ, балки ба омода намудани кадрҳои маҳаллӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои кории нав дар минтақа мусоидат менамояд.

Стратегияи асосии Марказ ба истифодаи иқтидори ҳисоббарории зеҳни сунъӣ равона гардида, ҳадаф дорад, ки тавассути табдил додани неруи барқи истеҳсоли Тоҷикистон ба хизматрасониҳои рақамӣ ва ҳисоббарории баландиқтидор, арзиши иқтисодии он то чанд маротиба афзоиш дода шавад. Ин раванд метавонад ба баланд гардидани самаранокии истифодаи захираҳои энергетикии кишвар, ҷалби сармоя, рушди инфрасохтори рақамӣ ва таҳкими мавқеи Тоҷикистон дар самти технологияҳои муосир таъсири мусбӣ расонад.Тибқи маълумоти пешниҳодшуда Марказ дорои 8 чипи NVIDIA H200 мебошад, ки арзиши ҳар яки он тақрибан 40 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ингуна таҷҳизот барои иҷрои ҳисоббарориҳои мураккаби зеҳни сунъӣ, коркарди ҳаҷми зиёди маълумот ва ҷорӣ намудани моделҳои муосири рақамӣ истифода шуда, бо назардошти шароити иқлимии минтақа метавонад фаъолияти босамар ва устувор дошта бошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои охир дар самти рушди зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ қадамҳои ҷиддӣ гузошта истодааст. Тибқи ҳисоботи Вазорати саноат ва технологияҳои нав, 25 октябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии зеҳни сунъӣ — AI Conf 2025 таҳти шиори “Зеҳни сунъӣ назар аз баландиҳо” баргузор гардида, ҳадафи он нишон додани иқтидори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ, таҳкими ҳамкории илмӣ ва иқтисодӣ ва ташкили платформаи устувори ҳамкории байналмилалӣ буд. Дар Конфронси мазкур зиёда аз 400 нафар иштирокчӣ аз 30 кишвари хориҷӣ, аз ҷумла намояндагони мақомоти давлатӣ, ширкатҳои технологӣ, созмонҳои байналмилалӣ, доираҳои тиҷоратӣ ва марказҳои илмӣ-тадқиқотӣ иштирок намуданд. Ҳамчунин, коршиносони ширкатҳои бонуфӯзи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Google DeepMind, Perplexity AI, Yotta Data Services, Cerebras Systems ва дигарон масъалаҳои рушди инфрасохтори зеҳни сунъӣ ва нақши Тоҷикистонро дар экосистемаи ҷаҳонии технологияҳои нав баррасӣ намуданд. Дар доираи Конфронс маросими имзои консорсиуми сармоягузории Area AI баргузор гардид, ки он ҳамчун нахустин минтақаи махсуси зеҳни сунъӣ дар ҷаҳон муаррифӣ шудааст. Ҳадафи ин ташаббус табдил додани Тоҷикистон ба маркази ҷаҳонии рушд, озмоиш ва ҷорӣ намудани технологияҳои зеҳни сунъӣ мебошад. Ба ҳайати ин ташаббус ширкатҳои миллӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла zypl.ai, epsilon3.ai, zehnlab.ai, darya.ai, Qulla AI ва ширкатҳои хориҷӣ аз якқатор кишварҳо шомил гардидаанд. Ҳамзамон дар доираи ин раванд, бо ширкатҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Scale AI ва Perplexity AI, ёддоштҳои тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расонида шудаанд. Ин нишон медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ ва истифодаи технологияҳои муосир ба сатҳи нави ҳамкории байналмилалӣ ворид гардида истодааст.

Истифодаи чунин ташаббусҳо дар корҳои ободониву созандагӣ аҳамияти амалӣ дорад. Зеро зеҳни сунъӣ метавонад барои таҳлили лоиҳаҳои сохтмонӣ, муайян намудани самаранокии сармоягузорӣ, арзёбии иқтидори маҳаллӣ, пешгӯии эҳтиёҷоти инфрасохторӣ ва банақшагирии рушди шаҳру ноҳияҳо истифода шавад.Масалан, тавассути платформаҳои зеҳни сунъӣ имкон пайдо мегардад, ки ҳолати инфрасохтор, имкониятҳои истеҳсолӣ, захираҳои маҳаллӣ, талаботи аҳолӣ ва самтҳои афзалиятноки сармоягузорӣ таҳлил карда шаванд. Ин раванд метавонад ба мақомоти маҳаллӣ дар қабули қарорҳои дақиқ ва саривақтӣ мусоидат намояд.Барои ноҳияи Ишкошим, ки дорои имкониятҳои васеи сайёҳӣ, захираҳои табиӣ, иқтидори рушди соҳибкорӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мебошад, истифодаи технологияҳои рақамӣ метавонад барои рушди инфрасохтори сайёҳӣ, беҳтар намудани хизматрасониҳо, ҷалби сармоягузорӣ, ташкили коргоҳҳои хурду миёна ва муаррифии имкониятҳои ноҳия дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ мусоидат намояд. Вазорати саноат ва технологияҳои нав муҳим мешуморад, ки дар баробари корҳои сохтмонию ободонӣ, ба рушди иқтидорҳои истеҳсолӣ ва истифодаи маҳсулоти саноатии ватанӣ низ таваҷҷуҳи зарурӣ дода шавад.Барои сохтмони иншоот, роҳҳо, муассисаҳои иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ масолеҳи сохтмонӣ, маҳсулоти металӣ, семент, хишт, санг, қуму шағал, ноқил, таҷҳизоти барқӣ ва дигар маҳсулоти саноатӣ зарур мебошанд. Истифодаи маҳсулоти ватанӣ дар ин раванд метавонад ба дастгирии корхонаҳои маҳаллӣ, афзоиши истеҳсолот, таъсиси ҷойҳои кории нав ва кам намудани вобастагӣ аз воридот мусоидат намояд. Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки ҳангоми амалигардонии лоиҳаҳои ободониву созандагӣ ба истифодаи маҳсулоти саноатии истеҳсоли дохилӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои каммасраф, истифодаи таҷҳизоти муосир ва дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ афзалият дода шавад.

Дар баробари имкониятҳо, истифодаи зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ бояд бо риояи талаботи амнияти иттилоотӣ, ҳифзи маълумот, истифодаи масъулонаи иттилоот ва назорати инсонӣ амалӣ карда шавад. Зеҳни сунъӣ бояд ҳамчун ёрдамчии мутахассис ва воситаи таҳлил истифода гардад, на ҳамчун ҷойгузини пурраи қабули қарорҳои давлатӣ.Аз ин рӯ, Вазорати саноат ва технологияҳои нав пешниҳод менамояд, ки барои вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва истифодаи технологияҳои муосир ба самтҳои зерин таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда шавад:

-якум—истифодаи васеи маҳсулоти саноатии ватанӣ дар сохтмон ва корҳои ободонӣ;

-дуюм—рақамикунонии раванди таҳлил, банақшагирӣ ва мониторинги лоиҳаҳои сармоягузорӣ;

-сеюм—ҷорӣ намудани зеҳни сунъӣ барои таҳлили маълумот, арзёбии лоиҳаҳо ва пешгӯии эҳтиёҷоти инфрасохторӣ;

-чорум—дастгирии корхонаҳои маҳаллӣ ва соҳибкорон барои таъсиси истеҳсолоти хурду миёна;

-панҷум—омода намудани кадрҳои маҳаллӣ дар самти технологияҳои рақамӣ, зеҳни сунъӣ ва идоракунии муосир;

-шашум—истифодаи имкониятҳои ташаббусҳои миллӣ, аз ҷумла Darya AI, Area AI, AI Gov ва ҳамкориҳо бо ширкатҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Perplexity AI, барои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия.

Корҳои ободониву созандагӣ дар марҳилаи имрӯза бояд бо диди нав, бо истифодаи дониш, технология, таҳлил ва идоракунии муосир амалӣ карда шаванд. Агар мо ободониро бо рақамикунонӣ, истеҳсолоти миллӣ, сармоягузорӣ ва зеҳни сунъӣ пайваст намоем, метавонем ба рушди устувори минтақаҳо, таъсиси ҷойҳои кории нав, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва таҳкими иқтидори иқтисодии кишвар ноил гардем.Вазорати саноат ва технологияҳои нав омодааст дар доираи салоҳияти худ бо мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, бахши хусусӣ, шарикони рушд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати рушди саноати маҳаллӣ, истифодаи технологияҳои муосир, ҷорӣ намудани зеҳни сунъӣ ва вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ҳамкории судмандро идома диҳад.Дар анҷоми маърӯза изҳори боварӣ менамоем, ки бо ҳамкории созанда, масъулияти баланд, истифодаи имкониятҳои дохилӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир корҳои ободониву созандагӣ дар ноҳияи Ишкошим ва дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат боз ҳам вусъат ёфта, ба рушди устувори Тоҷикистон, баланд гардидани сатҳи зиндагии мардум ва таҳкими эҳсоси ватандӯстиву худшиносии миллӣ мусоидат менамояд.

Пиров Абубакр -сардори раёсати саноати маъданҳои куҳӣ ва металлҳои қиматбаҳои Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ;


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *