29-уми марти соли 2023 ҷаласаи навбатии сайёри Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Шурои ҷамъиятии вилояти Хатлон, шуроҳои ҷамъиятии ноҳияҳои Восеъ, Фархор, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон дар шакли мизи мудаввар, дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ баргузор гардид.
Модератори ҷаласа Исмоилзода Зинатулло, узви Шурои ҷамъиятӣ, Раиси иттифоқи журналистони Ҷумҳури Тоҷикистон.
Рӯзномаи мизи мудаввар:
1. “Роҳу усулҳои таъмини амнияти иттилоотӣ дар Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ”
2. Ҷоннок намудани доираи фаъолиятӣ Шуроҳои ҷамъиятии ноҳияҳои Восеъ, Фархор, Ҳамадонӣ ва шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон бо назардошти вазъи кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ.
3. Масъалаҳои ҷорӣ.
Дар кори ҷаласа Намояндаи ваколатдори Раиси Шурои ҷамъиятии вилояти Хатлон, муовинони раисони ноҳияҳои Восеъ, Фархор, Ҳамадонӣ ва шаҳри Кӯлоб, котибони шуроҳои ҷамъиятии ноҳияҳои Восеъ, Фархор, Ҳамадонӣ ва шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон: хизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, имомхатибони ноҳияҳои Восеъ, Фархор, Ҳамадонӣ ва шаҳри Кӯлоб, хабарнигорони шабакањои телевизионии марказӣ ва вилоятӣ, дар ноҳияҳои Восеъ, Фархор, Ҳамадонӣ ва шаҳри Кӯлоб, сармуҳаррирони рӯзномаҳои вилоятӣ ва шаҳру ноҳияҳои номабурда ва намояндагони ВАО иштирок карданд.
Дар оғози ҷаласа муҳтарам Азиззода Ш. Н. – мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа бо суханрони намуда, оид ба сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини амнияти иттилоотӣ, супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъсиси Маркази ягонаи иттлоотӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба амнияти иттилоотӣ ахборотро барои иштирокчиён баён намуда, қайд кард, ки дар баробари таъсиси чунин Марказ ҷиҳати усттувор намудани заминаи меъёрии ҳуқуқии таъмини амнияти иттилоотӣ қабули Кодекси иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур мебошад.
Баъдан, Н.Саидов – Котиби ҳамоҳангсози Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мақсади баргузории ҷаласаи имрӯза ва зарурати ба роњ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мақомотњои ҳокимияти давлатӣ барои ҳалли проблемаҳои мавҷуда дар соҳаи таъмини амнияти иттилоотӣ суханронӣ намуд.
Вобаста ба масъалаи якуми рузномаи ҷаласа: Атоев Илҳомҷон – муовини Раиси Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Исмоилзода Зинатулло — Раиси иттифоқи журналистони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шарифзода М.Ш- мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва љашну маросимњои миллии Ҳукумати вилояти Хатлон, Гулмуродзода Б. – муовини Раиси ноҳияи Восеъ, Раҳматуллозода Д – муовини Раиси ноҳияи Фархор, Исҳоқи Ҳ. – муовини Раиси ноҳияи Ҳамадонӣ, Ташрифзода М – муовини Раиси шаҳри Кӯлоб суханронӣ намуданд.
Дар кори ҷаласа Шарипов С.Н.- Сардори шуъбаи мубориза бар зидди тероризми гуруҳи фаврии КДАМ дар вилояти Хатлон низ ширкат варзид.
Зимни мубоњиса оид ба масъалаи мазкур Ҳоҷа Назриев — Директори телевизиони “Мавҷи озод”-и ноҳияи Восеъ, Араби Дустмурод – хабарнигори рузномаи “Гулхани Восеъ”, Одинаева С.Р, -Сармуҳарири рузномаи “Кулябская правда” Яқубов Саидакбар — Сархатиби ноҳияи Восеъ, Музафарзода А – Директори ММТУ №10 ноҳияи Восеъ суханронӣ намуда, фикру мулоњиза ва андешаҳо мушаххаси хешро баён намуданд.
Оид ба масъалаи якум ҷаласа қарор қабул кард.
— Котиботи Шурои ҷамъиятӣ муҳтавои мизи мудаввари имрӯзаро –мавриди таҳлил ва баррасии ҳамаҷониба қарор дода, дар асоси онҳо гузориши алоҳидаро ба унвони Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ирсол намояд;
— Маърӯзаҳои муҳтарам Азиззода Ш.Н., Исмоилзода З., Атоев И. Шарифзода М.Ш- Х. Гулмуродзода Б –Раҳматуллозода Д, Исҳоқи Ҳ, ва Ташрифзода М – дар сомонаи интернетии Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон Shuro.tj ҷойгир карда шавад;
— Сармуҳаррирони рузномаҳои ноҳиявӣ Восеъ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Фархор ва ш.Кӯлоб оид ба натиҷаҳои мизи мудаввари имрӯза мақолаҳои таҳлилиро омода ва дар рӯзномаҳояшон чоп намоянд ва ду нусхаи ин рӯзномаро ба котиботи Шурои ҷамъиятӣ ирсол намоянд
— Шуроҳои ҷамъиятии ноҳияҳои Восеъ, Ҳамадонӣ, Фархор ва ш.Кӯлоб фаъолиятӣ хешро пурзур дода ба ҳамагуна навиштаҳои дуруғ ва тарғибҳои, ки дар интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мешаванд, сари вақт вокуниш нишон дода посухҳои дурусту саҳеҳ ва ошкор кунандаро бидиҳанд. Фаъолияти тарғиботию ташвиқи мо на танҳо мувофиқ ва муносиб ба таҳдиду иттилои дуруғи ғаразнок қувваҳои бадхоҳ, балки пурзуртар аз он бошад.
— Ба мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияҳои Восеъ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Фархор ва ш.Кӯлоб ки муассиса нашрияҳо мебошанд, тавсия дода мешавад, ки ба фаъолияти нашрияҳои номбурда таваҷҷуҳро бештар намуда, барои ҳалли проблемаҳои мавҷуда мусоидат намоянд.
— Ходимони дин корҳои фаҳмондадиҳиро миёни мардум ҳамаҷониба ба роҳ монда қайд намоянд ки имрӯзҳо ташкилотҳои экстремистию терористи наҳзатиҳо, ки дар хориҷ кишвар қарор доранд, аз дини мубини ислом суистифода намуда истодаанд, онҳо мақсад доранд ки кишвари ороми моро бесубот сохта амнияти миллиро халалдор намоянд. Ходимони дин бояд байни мардум чунон фаъолият намоянд, ки мо бояд якҷо таҳти роҳбарии оқилона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ватани азизамонро обод кунем.
— Шуроҳои ҷамъиятии шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадони, Фархор, ҷаласаҳои ғайринавбатиро баргузор ва муҳтавои мизи мудаввари имрӯзаро мавриди барраси қарор дода самтҳои асосии фаъолияташонро ҷиҳати њали проблемаҳои мавҷуда муайян намуда, фаъолиятро ба роҳ монанд ва аз натиҷаи корҳои ба анҷом расида ахбороти муфассалро ба Шурои ҷамхиятии вилояти Хатлон ирсол намоянд.
— Назорати иҷрои қарорҳои ҷаласаи имрӯза ба уҳдаи котиби Шурои ҷамъиятии вилояти Хатлон вогузор мегардад.
Оид ба масъалаи дуюми рўзномаи ҷаласа “Ҷоннок намудани доираи фаъолиятӣ Шуроҳои ҷамъиятии ноҳияҳои Восеъ, Фархор, Ҳамадонӣ ва шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон бо назардошти вазъи кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ” Н.Саидов суханрони нмуда қайд кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониаш дар Машварати корӣ, бо аъзои Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 январи соли 2017 қайд карда буд: «Аъзои ҳассоси ҷомеаи ҷаҳонӣ, бархӯрди тамаддунҳо ва торафт афзудани муборизаи иттилоотӣ тақозо мекунад, ки Шӯрои ҷамъиятӣ доираи фаъолияти худро боз ҳам васеътар гардонад.
Аз ин лиҳоз, имрӯз мо ба қавитар гардонидани фаъолияти он дар маркази вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ниёз дорем.
Мутаассифона, нақшаи чорабиниҳои Шӯро дар мақомоти маҳаллӣ ниҳоят заиф амалӣ шуда, ҷаласаҳо сари вақт доир намешаванд, созмонҳо ва ташкилоту иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ба корҳои таблиғотӣ кам ҷалб мешаванд, яъне дар маҷмуъ, корҳо дар ин самт беҳбудиро талаб менамоянд.
Вобаста ба ин, зарур аст, ки минбаъд фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷоннок карда шавад».
Сипас Н.Саидов оид ба Низомномаи нави Шӯрои ҷамъиятӣ маърӯзаи муфассал намуда, ба саволҳои иштирокчиён посухҳои мушаххас дода, шуроҳои ҷамъиятии ноҳияҳои Восеъ, Фархор Ҳамадонӣ ва шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлоно вазифадор намуд, ки фаъолияти шӯроҳои ҷамъиятиро тибқи Низомномаи Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 07. 04. 2018), ки дар асоси он Низомномаи намунавӣ, Шӯрои ҷамъиятии вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ (аз 12.10.2018) ҷоннок намуда, барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои Шӯрои ҷамъиятӣ чораҳои судманд андешанд.
Ҷаласа қарор қабул кард:
— Раисони шуроҳои ҷамъиятии ноҳияњои Восеъ, Фархор Ҳамадонӣ ва шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон тавсияҳои Котиби ҳамоҳангсози Шӯрои ҷамъиятиро, ки дар рафти ҷаласа иброз гардида буд, ҳамчун дастури корӣ қабул намуда, барои бартараф намудани камбудиҳои дар фаъолияташон ҷойдошта ҷиҳати ҷоннок намудани фаъолияти шӯроҳои ҷамъиятӣ тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намоянд.
-Шӯроњои ҷамъиятии ноҳияҳои Восеъ, Фархор Ҳамадонӣ ва шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон бояд дар баробари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ҳалли проблемаҳои мавҷуда дар шаҳру ноњияҳои номбурда саҳмгузор бошанд ва ба ҳар гуна падидаҳои номатлубе, ки дар ҷомеа рух медиҳад вокуниш нишон диҳанд.
Котиботи Шӯрои ҷамъиятии
Ҷумҳурии Тоҷикистон