Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ

26-уми апрели соли ҷорӣ дар шаҳрки Ғарми ноҳияи Рашт дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ҷаласаи сайёри Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли мизи мудаввар бо иштироки ҳайатҳои аъзои шуроҳои ҷамъиятии шаҳри Роғун, ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Сангвор, Тоҷикобод, Лахш, намояедагони ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ходимони дин, собиқадорони меҳнат, фаъолони ҷамъиятӣ, мудирони бахши кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонони МИҲД-ии шаҳру ноҳияҳо, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт ва хабарнигорони воситаҳои ахбори ҷумҳуриявии дар нохияи Рашт фаъолиятдошта баргузор гардид.
Рӯзномаи мизи мудаввар:
1. “Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ”.
2. Ҷоннок намудани доираи фаъолияти шуроҳои ҷамъиятии ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Сангвор, Тоҷикобод, Лахш ва шаҳри Роғун бо назардошти вазъи кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ.
3. Масъалаҳои ҷорӣ.
Модератори мизи мудаввар: Исмоилзода З. – узви Шӯрои ҷамъиятӣ, Раиси иттифоқи журналистони Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ Муқимӣ Р.Н раиси ноҳия, раиси Шӯрои ҷамъиятии ноҳияи Рашт оғоз бахшида, меҳмононро ба сарзамини Рашт хайрамақдам гуфта, дар бораи фаъолияти Шӯрои ҷамъиятии ноҳия, корҳои ба анҷомрасида, нақшаҳои дар пеш гузошташуда мухтасар ахборот дод.
Дар оғози мизи мудаввар Азиззода Ш.Н. — мушовири Бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Саидов Н.Ш. — Котиби ҳамоҳангсози Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Исмоилзода З. – раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, иштирок ва суханронӣ намуданд.
Сипас ваколатдорон, муовинони раисони шуроњои чамъиятии шаҳру нохияҳои минтақаи Рашт оид ба соҳаи идеология: Муродзода Б. – муовини раиси ноҳияи Рашт, Олимзода А. Н. – муовини раиси ноҳияи Сангвор, Додарзода О. — муовини раиси ноҳияи Нуробод, Мансурзода Қ. Т. — муовини раиси ноҳияи Тоҷикобод, Шербекзода Ш. — муовини раиси ноҳияи Лахш ва Шарафзода Ш. – муовини раиси шаҳри Роғун суханронї намуданд.
Дар мубоҳиса Мирзошои Акобир — журналист, фаъоли ҷамъиятӣ, Саидраҳмонов С.- раиси ташкилоти ҷамъиятии “Сурхоб”, Ризомиддин А. – сархатиби ноҳияи Нуробод, Абдусатторзода Б. – сармуҳаррири рӯзномаи Тоҷикобод, Саидов А. — раиси ташкилоти ҷамъиятии “Роҳнамо” ва дигарон суханронӣ намуда фикру мулоҳизаҳои хешро оид ба мавзӯи рӯзнома ибрози назар намуданд.

Оид ба масъалаи якуми рӯзнома қарор қабул карда шуд:
— Котиби Шӯрои ҷамъиятӣ Н. Саидов мӯҳтавои мизи мудаввари имрӯзаро мавриди таҳлил ва баррасии ҳамаҷониба қарор дода, дар асоси онҳо гузориши алоҳидаро ба унвони Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рањмон ирсол намояд.
— Шӯроҳои ҷамъиятии ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Сангвор, Тоҷикобод, Лахш ва шаҳри Роғун ҷаласаи ғайринавбатии шуроҳои ҷамъиятии шаҳру ноҳияи хешро баргузор ва дар он мавзӯи “Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ”-ро бо назардошти фикру мулоизаҳои дар мизи мудаввари имрӯза иброзгардида мавриди баррасӣ қарор дода, қарорҳои дахлдорро қабул намоянд.
— Маърўзаҳои муҳтарам Азиззода Ш. Н., Исмоилзода З. дар сомонаи интернетии Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон www.shuro.tj ҷойгир карда шавад.
— Сармуҳаррири рӯзномаи ноҳия Рашт ахбори алоҳидаро оид ба мизи мудаввари имрӯза омода намуда, дар рӯзномаи ноњиявӣ чоп ва якчанд шумораро ба Котиботи Шӯрои ҷамъиятӣ ирсол намояд.
— Шӯроҳои ҷамъиятии ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Сангвор, Тоҷикобод, Лахш ва шаҳри Роғун ба ҳама гуна навиштаҳои бардурӯғ ва тарғибҳое, ки дар интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мешаванд ва ба раванди сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ халал мерасонанд, саривақт вокуниш нишон дода, посухҳои дурусту саҳеҳ ва ошкоркунандаро бидиҳанд.
— Ба мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Сангвор, Тоҷикобод, Лахш ва шаҳри Роғун, ки муассиси нашрияҳои шаҳру ноҳияҳо мебошанд, тавсия дода мешавад, ки ба фаъолияти нашрияҳои номбурда таваҷҷуҳро бештар намуда, барои ҳалли проблемаҳои мавҷуда мусоидат намоянд.
— Имрӯзҳо ташкилотҳои экстремистию террористӣ наҳзатиҳо, ки дар хориҷи кишвар қарор доранд, аз дини мубини ислом сӯистифода намуда истодаанд, онҳо мақсад доранд, ки ба раванди сулҳу оромӣ суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллии моро халалдор намоянд. Бинобар ин ходимони дин корҳои фаҳмондадиҳиро миёни мардум ҳамаҷониба ба роҳ монанд, то ки миллати тоҷик дар зери парчами миллӣ сарҷамъ бошанд, ба қадри истиқлолияти давлатӣ ва арзишҳои миллӣ бирасанд ва якҷо таҳти роҳбарии оқилона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ватани азизамонро обод кунем.
Доир ба масъалаи дуюми мизи мудаввар «Ҷоннок намудани фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ дар ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Сангвор, Тољикобод, Лахш ва шаҳри Роғун бо назардошти вазъи кунунии љомеаи ҷањонӣ», Саидов Н.Ш. иброз намуд, ки фаъолияти шӯроњои ҷамъиятии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт дар асоси Низомномаи апрели соли Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 апрели соли 2018, Нақшаи кори Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷкистон барои соли 2023, ки аз ҷониби Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шӯроҳои ҷамъиятии шаҳру ноҳияҳо ирсол карда шуд ва дастурҳои Котиботи Шурои ҷамъиятӣ ба роҳ монанд.
Шуроҳои ҷамъиятии нохияҳои Рашт, Нуробод, Сангвор, Тоҷикобод, Лахш ва шаҳри Роғунро зарур аст, ба аъзогии Шӯрои ҷамъиятӣ ташкилотҳои навро қабул намоянд. Фаъолияти минбаъдаи шуроҳои ҷамъиятиро бањри тањкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва вахдати миллӣ, роњандозӣ намуда, ҳамкориҳои иҷтимоии ташкилотҳои ҷамъиятӣ бо сохторњои ҳокимияти давлатӣ, инчунин ташкили корҳои тарғиботиву фаҳмондадиҳиро миёни ҷавонон боз ҳам ҷонноктар созанд.

Оид ба масъалаи дуюми рузнома қарор қабул карда шуд:

— Шурои ҷамъиятии ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Сангвор, Тоҷикобод, Лахш ва шаҳри Роғун фаъолиятро ҷоннок намуда, дар самти таҳкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва вахдати миллӣ, фаъолиятро пурзур намуда, барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои Шурои ҷамъиятӣ чораҳои судманд андешанд ва ба ҳар гуна хабарҳои бардурӯғу бофта ва ғаразнок нисбат ба давлату Ҳукумати кишварамон ва Пешвои миллат, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мегарадад, саривақт вокуниш нишон дињанд.
— Ба шуроҳои ҷамъиятии ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Сангвор, Тоҷикобод, Лахш ва шаҳри Роғун тавсия дода мешавад, ки ба аъзогии Шурои ҷамъиятӣ намояндагони Маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳия, раисони ҷамоатҳо ва имомхатибонро кабул намоянд.
— Шуроҳои ҷамъиятӣ дар ҳамкорӣ бо ҳукуматҳои маҳаллӣ барои намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияњои ҷамъиятӣ имконият фароњам биёранд, ки онҳо дар саҳифаҳои матбуот, радио ва телевизиони ноҳиявӣ ва шаҳрӣ баромад кунанд, фикру мулоҳизаҳои худро ба таври ошкор ва равшан изҳор намоянд;
— Назорати таъмини иҷрои қарори мазкур ба зиммаи раисони шуроҳои ҷамъиятии шаҳру ноҳияҳои номбурда гузошта шавад.

Котиботи Шурои ҷамъиятии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *