МАҲМАДИЗОДА НОЗИМ ДАВЛАТМУРОД

МАҲМАДИЗОДА НОЗИМ ДАВЛАТМУРОД

Котиби ҳамоҳангсозӣ Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор
МАҲМАДИЗОДА НОЗИМ ДАВЛАТМУРОД

      Маҳмадизода Нозим Давлатмурод 29-уми январи соли 1985 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи омӯзгор таваллуд шудааст. Соли 2007 ба факултети фалсафаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шуда, онро соли 2007 аз рӯи ихтисоси файласуф – муаллим хатм намудааст.

Маҳмадизода Н.Д. дар вазифаҳои зерин фаъолият кардааст: Муҳаққиқ — коромӯзӣ кафедраи кафедраи фарҳангшиносии факултети фалсафаи ДМТ (2007-2008), Аспиранти шуъбаи рузонаи кафедраи умумидонишгоҳии фалсафаи ДМТ (2009-2011), Муҳаққиқ – коромӯзи кафедраи фалсафаи иҷтимоии факултети фалсафаи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов (2010-2011), Ассистенти кафедраи умумидонишгоҳии фалсафаи ДМТ (2012-2013), Муаллими калони кафедраи онтология ва назарияи маърифати факултети фалсафаи ДМТ, ҳамзамон ҷонишини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмиллалии факултети фалсафаи ДМТ (2013-2015), Мудири кафедраи идоракунии давлатии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2015 — 2016), директори Инистути конфутсияи назди ДМТ (2016-2018), аз моҳи феврали соли 2018 то 1 – уми июни соли 2023 дар вазифаи декани факултети фалсафаи Донишгоҳии миллии Тоҷикистон фаъолият кардааст. Аз 1 — уми июни соли 2023 ба вазифаи котиб ҳамоҳангсозӣ Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидааст.
Маҳмадизода Н.Д. моҳи майи соли 2012 рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Социальные корни религиозного экстремизма в Таджикистане» ва 20 августи соли 2020 рисолаи докториро дар мавзӯи “Зоҳиршавии ифротгароии динӣ – сиёсӣ дар шароити инкишофи ҷомеаи тоҷик ва роҳҳои пешгирии он: таҳлили иҷтимоӣ — фалсафӣ” дар пояи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз рӯи ихтисоси «Фалсафаи иҷтимоӣ» дифоъ кардааст.

Маҳмадизода Н.Д. муаллифи зиёда аз 70 маводи илмӣ ва 3 дастури таълимию китобҳои дарсӣ буда, дар мавзуъҳои вобаста ба ифротгароии динӣ-сиёсӣ ва роҳҳои пешгирии он дар ҷомеаи тоҷик, омилҳо, заминаҳо ва шаклҳои алоҳидаи ифротгароӣ, назарияҳо, шаклҳои ифротгароӣ ва мафҳумҳои наздик ба он, омилҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ, иҷтимоӣ-психологии зуҳуроти ифротгароии динӣ-сиёсӣ, душвориҳои тамоюлоту ташаккулёбии таълимоти динӣ ва омилҳои берунӣ ва геосиёсии дар пайдоишу инкишофи ифротгароии динӣ-сиёсӣ дар ҷомеаи тоҷик, тамоюлоти асосии инкишофи ифротгароии динӣ-сиёсӣ дар ҷомеаи тоҷик, роҳҳои асосии мубориза бар зидди ифротгароии динӣ-сиёсӣ дар ҷомеаи тоҷик, пешомад ва таҳдидҳои ифротгароии динӣ-сиёсӣ ва роҳҳои пешгирии он ва ғайра тадқиқоти илмӣ анҷом додааст.
Профессор Маҳмадизода Н.Д дар зиёда аз 70 конференсия ва симпозиумҳои байналмилалӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Тошкент, Москва, Киев иштирок ва суханронӣ намудааст.

Хизматҳои шоистаи Маҳмадизода Н.Д бо Ҷоизаи ба номи И. Сомонӣ (2019), Аълочии маорифи Тоҷикистон (2019), Ифтихорномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ифтихорномаҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, қадр гардидаанд.
Оиладор, соҳиби 5 фарзанд мебошад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *