Ҷаласаи навбати Шурои Ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷаласаи навбати Шурои Ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи банди 2 Нақшаи кори Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026, ки аз ҷониби Раиси Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гардидааст, баргузории ҷаласаи навбатии сайёри Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо шуроҳои ҷамъиятии вилояти Суғд, шаҳрҳои Исфара, Истаравшан, Конибодом, Панҷакент, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Зафаробод, Ашт, Мастчоҳ дар шакли мизи мудаввар, соати 09:00, рӯзи 16-уми апрели соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар назар аст.


​Рӯзномаи мизи мудаввар:1.​Моҳияти шартномаҳои марзӣ бо кишварҳои ҳамсоя имзошуда, Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадии Тоҷикистон, Ўзбекистон ва Қирғизистон;2. ​Ҷоннок намудани доираи фаъолияти шуроҳои ҷамъиятии вилояти Суғд, шаҳрҳои Исфара, Истаравшан, Конибодом, Панҷакент, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Зафаробод, Ашт, Мастчоҳ бо назардошти вазъи кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ;3. ​Масъалаҳои ҷорӣ.​Дар кори мизи мудаввар Сафарзода Анвар — Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Азиззода Шуҳрат Насрулло — мушовири Бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Ашуриён Музаффар — вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ятимов Саймумин Сатторович — раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, Шодиён Исматулло Раҳматуллозода — котиби ҳамоҳангсози Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аҳмадзода Раҷаббой — раиси вилояти Суғд, раиси Шурои ҷамъиятии вилоят, иштирок ва суханронӣ менамоянд.​Ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласа раисони шаҳрҳои Исфара, Истаравшан, Конибодом, Панҷакент, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Зафаробод, Ашт, Мастчоҳ, сардорони раёсату шуъбаҳои маориф, фарҳанг, бахши ҷавонон, занон, дин, ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, фаъолони ҷомеа, Шурои ҷамъиятии вилоят ва ноҳияҳо, хабарнигорони шабакаҳои телевизионии марказӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ, сармуҳаррирони рӯзномаҳои вилоятӣ ва шаҳру ноҳияҳои номбурда ва намояндагони ВАО даъват карда мешаванд.


Телефон барои маълумот: 224 — 15- 46;

E-mail: shuro.jam1996@mail.ru;www.shuro.tj

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *