Ҷаласаи навбати Шурои Ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷаласаи навбати Шурои Ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи банди 2-и Нақшаи кори Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026, ки аз ҷониби Раиси Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гардидааст, баргузории ҷаласаи навбатии сайёри Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо шуроҳои ҷамъиятии вилояти Хатлон дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Норак, Данғара, Ховалинг, Муъминобод, Шамсиддини Шоҳин, Восеъ, Балҷувон, Темурмалик, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Фархор дар шакли мизи мудаввар дар назар аст. Ҷаласа соати 09:00, рӯзи 28-уми апрели соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб баргузор мегардад.

Рӯзномаи ҷаласа:

  1. Тақвияти худшиносии миллӣ, бархӯрди тамаддунҳо ва рушди фарҳанги миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ.
  2. Ҷоннок намудани доираи фаъолияти шуроҳои ҷамъиятии шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Норак, Данғара, Ховалинг, Муъминобод, Шамсиддини Шоҳин, Восеъ, Балҷувон, Темурмалик, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Фархори вилояти Хатлон бо назардошти вазъи кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ.
  3. Масъалаҳои ҷорӣ.

Дар кори мизи мудаввар тибқи нақша барои баррасии мавзуъҳои рӯзнома шахсони зерин иштирок ва суханронӣ менамоянд:

  • Назарзода Б. – раиси шаҳри Кӯлоб;
  • Абдуллозода М. – мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа;
  • Раҳмонзода А.Қ. – муовини раиси вилояти Хатлон;
  • Сафарзода Д.Ш. – муовини вазири фарҳанг;
  • Холиқзода Б.О. – муовини вазири корҳои дохилӣ;
  • Гулаҳмадзода З. – раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Одиназода Ч.Р. – муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Саломиён М.Қ. – ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласа аъзоёни Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои зикргардида, сардорони раёсату шуъбаҳои маориф, фарҳанг, бахши кор бо занон ва оила, ҷавонон ва варзиш, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбии шаҳру ноҳияҳо, намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, имомхатибон, хабарнигорони шабакаҳои телевизион, радиоҳои марказӣ ва сармуҳаррирони рӯзномаҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ даъват карда мешаванд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *