Истиқбол аз он дорем, ки дар даврони истиқлолият бо дастгириву роҳнамоии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суботи томи иқтисодиву иҷтимоӣ таъмин аст ва ин раванди мусбат идома дорад. Маҳз бо ҳамин дастовард заминаи мусоид имрӯз ҷиҳати ибрози ақида атрофи тамоюли рушдиҳандаи нишондиҳандаҳои муҳим фароҳам оварда шудааст.Мусаллам аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ташаббус ва дастгирии давлату ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои ислоҳотии назаррас роҳандозӣ гардид, ки аллакай натиҷаҳои самаранокро дар соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба бор оварда истодаанд.Барои идомаи мантиқии чунин ислоҳот ва истифодаи «равазанаи стратегӣ» истифодаи технологияҳои рақамӣ, инноватсия, ташаккули иқтисодиёти донишбунёд ва зеҳни сунъӣ муҳиммияти бесобиқа пайдо менамоянд. Зеро тибқи равишҳо иқтисодиёт бо назардошти тағийрпазирӣ бо вуҷуди имконият бояд силсилаҳои нави рушдро пайдо намояд.Чунин силсила ҷиҳати муайян намудани набз ва вазъи феълию дурнамои татбиқ дар баробари омилҳои истеҳсолот ва таҳаввулоти чоруми саноатӣ ба эътибор гирифтани инноватсия ва рақамикунониро чун ҳампайванди замони муосир ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои стратегӣ аввалиндараҷа арзёбӣ менамояд.
Имрӯз, мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти татбиқи тадбирҳои ислоҳотӣ дар байни кишварҳои минтақа ва ҷаҳон комилан устувор гардидааст. Дар ин зимн, марҳилаи ҷорӣ гардидани инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бо оғози фаъолияти мақомоти соҳавӣ идомаи мантиқии чунин ислоҳот мебошад. Дар ин зимн, марҳилаи ҷорӣ гардидани инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бо оғози фаъолияти мақомоти соҳавӣ идомаи мантиқии чунин ислоҳот мебошад. Эълон гардидани солҳои 2025–2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» бозгӯйи ба марҳилаи сифатан нав баровардани нақши рақамикунонӣ дар рушди устувори миллӣ мебошад. Дар маҷмуъ, устувор намудани асосоҳои сохтории иқтисоди рақамӣ тавассути амалисозии «ҳукумати электронӣ», ташаккули низоми тиҷорати рақамӣ, танзими раванди ҷорӣ гардидани пардохти ғайринақдӣ аз ҳалли масъалаҳои марбут ба пешбурди ин соҳаҳо вобастагӣ доранд.Зеро, дар татбиқи ҳадафҳои рушди устувор истифодаи технологияҳои рақамӣ ва ташаккули иқтисодиёти ба инноватсия асосёфта аллакай ҷойгоҳи махсус пайдо намуда истодаанд.Бо ин назар, айни замон, иқдомҳо ҷиҳати таъмини гузариш ба низоми инноватсияи рақамӣ дар доираи таҷрибаи муосир мавриди татбиқ қарор дода шуда истодааст.
Яке аз чунин иқдомҳо ин таҳия ва ташаккули низоми ҳамгироии байнисоҳавии иттилоотӣ мебошад.Тавассути ин раванд, мақомоти хизматрасон ба низоми ҳамгироии иттилоотии байниидоравӣ пайваст шуда, тариқи он мубодилаи маълумот ба амал бароварда мешавад. Барои расидан ба ҳадафҳо дар самти тақвияти раванди рушди ҳукумати электронӣ дар тамоми мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ низоми ягонаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ ҷорӣ гардида, дар мақомоти сатҳи маҳал ин раванд идома дорад. Дар доираи портали ягона аллакай шумораи зиёди хизматрасониҳои давлатӣ дастрас гардидаанд ва модули пардохти ғайринақдӣ дар ин раванд пайваст карда шудааст.Чунин модул имконияти танзими раванди пурраи ҷорӣ гардидани пардохти ғайринақдӣ, истифодаи низоми тасдиқи электронии гузаштани пардохт, инчунин ба муносибат даровардани расидҳои электрониро фароҳам меоварад. Дар дигар соҳаҳо низ имконияти ҷорӣ намудани инноватсия ҷой дорад.Зеро шароити мусоид бо роҳандозии фаъолияти аввалин IT-парк дар шаҳри Душанбе фароҳам оварда шудааст.
Дар доираи IT-парк субъектҳои фаъолияти инноватсионӣ-технологӣ ба ҷузъ андозҳои дорои хусусияти иҷтимоӣ аз дигар намуди андозҳо пурра озод мебошад.Ҳамзамон, дар доираи қонунгузорӣ имконияти таъсис додани платформаҳои электронии савдо (маркетплейсҳо) ҷой дорад.Чунин платформаҳо ҷиҳати ташаккули мафкураи нави анҷом додани амалиётҳои хариду фурӯш бо истифодаи низоми рақамӣ замина мегузоранд. Ба ин раванд ҷорӣ ва гузариш ба низоми ғайринақдӣ низ мусоидат менамояд.Ҷиҳати суръатбахшии ин раванд, дар кишвар ҳуҷҷатҳои сатҳи стартегӣ, аз ҷумла стратегияи рушди зеҳни сунъӣ ва сатҳи барномавӣ, бахусус дар самти рушди иқтисоди рақамӣ ва савдои электронӣ бомаром татбиқ гардида истодаанд. Ҳамчун ҳадафи стратегӣ, ин ҳуҷҷатҳо ҳиссаи иқтисоди рақамӣ ва зеҳни сунъиро дар маҷмуи масҳулоти дохилӣ мутаносибан дар сатҳи 2 ва 5 фоиз пешбинӣ намуда истодаанд. Маҳз ин ҳадаф тақвият ёфтани раванди иқтисодиёти ба дониш ва навоварӣ асосёфтаро талаб менамояд ва дар ин самт аллакай нақшаи мукаммали пайвандии илм ба инноватсия дар заминаи супориши паёмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд. Албатта, чунин дигаргунӣ дар меҳвар гузоштани ҳалли масъалаҳои соҳавиро бо назардошти мутобиқшавӣ талаб менамояд.
Тибқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҳадафи олии рушди дарозмуҳлат – баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар бар пояи таъмини рушди устувори иқтисодӣ муайян гардидааст. Бинобар ин, дар доираи ин стартегия масъалаҳои тақвияти рушди институтсионалӣ дар самти таъмини самаранок, шаффоф, назорати идоракунӣ ва молиявӣ дар асоси ҷорӣ намудани технологияи муосири иттилоотӣ дар ҳамаи сатҳи идоракунии давлатӣ, бо инобати бунёди модели идоракунии технократӣ ва меритократӣ (шоистасолорӣ) қобили таваҷҷуҳ ҳисобида шудаанд. Дар ин раванд, ба рушди индустриалӣ ва инноватсионии иқтисодиёти миллӣ барои диверсификатсияи васеъ ва рақобатнокии он нақши муассир пешбинӣ гардидааст. Бо ноилшавии марҳилавӣ ба ҳадафҳои стратегӣ ва дар заминаи муайян гардидани афзалияти рушди соҳаи инноватсия ва самти технологияҳои рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди гузариш аз модели индустриалӣ ба индустриалию инноватсионӣ мавриди татбиқ қарор гирифта истодааст.Сенарияи индустриалию инноватсионӣ ҳангоми ташаккулдиҳии равишҳои дахлдор дар доираи бунёди асосҳо ва тадбирҳои ислоҳотӣ ҳалли масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, тақвият бахшидан ба заминаи институтсионалии рушд, такмилдиҳии низоми ҳуқуқӣ ва тақвияти ҳифзи ҳуқуқҳои молу мулкӣ, аз ҷумла моликияти зеҳниро пешбинӣ менамояд.Аз рӯйи сенарияи мазкур суръати афзоиши миёнасолонаи маҷмуи маҳсулоти дохилӣ тақрибан 8-9 фоизро ташкил дода, ҳаҷми он дар тамоми давраи пешбинишаванда 3,5 маротиба ва ба ҳар сари аҳолӣ 2,7 маротиба бояд зиёд шавад.Дар ин робита, иқтисодиёти ба дониш асосёфта барои ҳамгироии занҷираҳои истеҳсолӣ, таҳқиқотӣ ва идоракунии арзиши иловашуда бояд ташаккул дода шавад.Зеро, дар муқоиса бо модели анъанавӣ, ки ба меҳнат, сармоя, замин ва соҳибкорӣ такя мекунад, экосистемаи чунин иқтисодиёт омилҳои ишорашударо бо истифодаи зеҳни сунъӣ, маълумоти калон, шабакаҳои рақамӣ ва қобилияти эҷодии фардӣ пешбинӣ менамояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ҳамчун иштирокчии фаъоли муколамаи байналмилалӣ оид ба масъалаҳои рушди зеҳни сунъӣ низ мавқеи худро тақвият мебахшад.Шоёни зикр аст, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид лоиҳаи қатъномаи махсусро таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» қабул намудИн дастовард далели равшани он аст, ки масъалаҳои вобаста ба рушди зеҳни сунъӣ имрӯз танҳо мавзӯи технологӣ набуда, ба яке аз самтҳои муҳими ҳамкории байналмилалӣ ва рушди устувор табдил ёфтаанд. Қатъномаи мазкур таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар шаҳри Душанберо ҳамчун яке аз ташаббусҳои калидӣ пешбинӣ менамояд.Ин марказ метавонад ба платформаи ҳамоҳангсозии ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ табдил ёфта, барои пешбурди барномаҳои муштараки омӯзиши мутахассисон, дастгирии стартапҳо, рушди таҳқиқоти илмӣ, ташкили шабакаҳои муштараки маълумот ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ мусоидат намояд.Дар маҷмӯъ, қабули қатъномаи мазкур нақши Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар пешбурди рӯзномаи байналмилалии зеҳни сунъӣ боз ҳам тақвият бахшида, саҳми кишварро дар ташаккули муҳити ҳамкории созанда ва масъулиятнок дар ин соҳаи босуръат рушдкунанда инъикос менамояд. Қабули санадҳои муҳими стратегӣ, аз ҷумла Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ барои давраи то соли 2040, заминаҳои ҳуқуқӣ ва институтсионалии рушди ин самтро дар мамлакат фароҳам оварданд. Имрӯз метавон гуфт, ки Тоҷикистон тадриҷан аз марҳилаи рақамикунонии равандҳо ба марҳилаи истифодаи маълумот, таҳлил ва технологияҳои интеллектуалӣ барои қабули қарорҳои самаранок ворид мегардад.Феълан, дар тамоми ҷаҳон ҳаҷми маълумот бо суръати бесобиқа афзоиш меёбад. Мақомоти давлатӣ, муассисаҳои иҷтимоӣ ва сохторҳои иқтисодӣ ҳар рӯз бо миқдори бузурги иттилоот рӯ ба рӯ мешаванд. Дар чунин шароит масъалаи асосӣ дигар ҷамъоварии маълумот намебошад ва он қобилияти таҳлил, коркард ва истифодаи самараноки онро талаб менамояд. Маҳз дар ҳамин раванд имкониятҳои зеҳни сунъӣ аҳамияти махсус пайдо мекунанд. Зеҳни сунъӣ метавонад ҳамчун воситаи таҳлилӣ ба мақомоти давлатӣ барои омӯзиши равандҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, арзёбии самаранокии барномаҳо, пешгӯии тамоюлҳои рушд ва таҳияи пешниҳодҳои асоснок мусоидат намояд.Бояд қайд карда, ки сухан дар бораи иваз намудани инсон ё маҳдуд намудани нақши мутахассисон намеравад. Баръакс, сухан дар бораи тақвият бахшидани иқтидори таҳлилӣ ва қабули қарорҳои муассиртар меравад.Дар ин замина барои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ истифодаи технологияҳои зеҳни сунъӣ имкониятҳои назаррас фароҳам меорад. Пеш аз ҳама, чунин технологияҳо метавонанд ба баланд гардидани сифати қабули қарорҳои идоракунӣ мусоидат намоянд. Имконияти таҳлили ҳаҷми бузурги маълумот ба мақомоти давлатӣ шароит фароҳам меорад, ки вазъиятҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва соҳавиро дақиқтар арзёбӣ намуда, қарорҳои бештар асоснок ва самаранок қабул намоянд. Ҳамзамон, истифодаи зеҳни сунъӣ метавонад сатҳи шаффофият ва самаранокии хизматрасониҳои давлатиро баланд бардорад. Автоматизатсияи як қатор равандҳои маъмурӣ имкон медиҳад, ки муҳлати пешниҳоди хизматрасониҳо кӯтоҳ гардида, дастрасии шаҳрвандон ба онҳо беҳтар шавад.
Самти муҳими дигар коҳиш додани таъсири омилҳои субъективӣ дар раванди пешниҳоди хизматрасониҳо ва қабули қарорҳо мебошад. Дар натиҷа имкониятҳои иловагӣ барои баланд бардоштани шаффофият, ҳисоботдиҳӣ ва пешгирии хавфҳои коррупсионӣ ба вуҷуд меоянд.Илова бар ин, технологияҳои зеҳни сунъӣ имконият медиҳанд, ки мониторинги равандҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар асоси маълумоти воқеӣ роҳандозӣ гардида, тамоюлҳои эҳтимолии рушд ва хавфҳои мавҷуда пешакӣ муайян карда шаванд. Ин, дар навбати худ, ба мақомоти давлатӣ имкон медиҳад, ки чораҳои пешгирикунанда ва ислоҳиро сари вақт амалӣ намоянд.Бо дарназардошти чунин имкониятҳо, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ҷиҳати рушди инфрасохтори рақамӣ, такмили хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли электронӣ, баланд бардоштани сатҳи омодагии рақамии мақомоти давлатӣ ва омӯзиши имкониятҳои истифодаи технологияҳои зеҳни сунъӣ дар бахшҳои гуногуни идоракунӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодааст. Таҷрибаи байналмилалӣ нишон медиҳад, ки имрӯз технологияҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои тандурустӣ, маориф, нақлиёт, идоракунии шаҳрҳо, амнияти ҷамъиятӣ, ҳифзи муҳити зист ва хизматрасониҳои давлатӣ босамар истифода мешаванд.
Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи истифодаи технологияҳои рақамӣ аҳамияти махсус дорад. Таҷрибаи таърихии давлатдории тоҷикон ва мероси ғании илмиву фарҳангии миллат нишон медиҳад, ки дониш, маърифат ва навоварӣ ҳамеша аз омилҳои муҳими пешрафти ҷомеа маҳсуб меёфтанд. Имрӯз низ дар шароити ташаккули иқтисоди рақамӣ маҳз ҳамин арзишҳо аҳамияти нав касб намудаанд. Бо маҳзи ин, метавон қайд кард, ки сабақҳои таърихӣ ва анъанаҳои идории ниёгон дар ташаккули тамаддуни муосир нақши муҳим ва таконбахш доштаанд. Дар замони ҳозира зери роҳбарии хирадмандномаи Пешвои муаззами миллат омезиши равандҳои инноватсионӣ ва технологияҳои рақамӣ бо тамаддуну маданияти таърихӣ дар афзалиятҳои тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мушоҳида гардида истодаанд. Мавқеи ҷуғрофии кишвар, хусусиятҳои релеф ва мавҷудияти минтақаҳои дурдаст тақозо менамоянд, ки технологияҳо ҳамчун воситаи фароҳам овардани имкониятҳои баробар барои шаҳрвандон истифода шаванд.Имрӯз технологияҳои рақамӣ имконият фароҳам меоранд, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз маҳалли зист дар ноҳияи Ишкошим, Мастчоҳ, Данғара, Мурғоб ё Рушон ба доираи ҳарчи васеи хизматрасониҳои давлатӣ, таълимӣ ва иттилоотӣ дастрасӣ пайдо намоянд.Дар чунин шароит технологияҳои рақамӣ метавонанд ҳамчун воситаи коҳиш додани нобаробарии фазоӣ ва баланд бардоштани сатҳи фарогирии хизматрасониҳо хизмат намоянд.Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ барои давраи то соли 2040 маҳз ба ҳамин масъалаҳо таваҷҷуҳ намуда, рушди инфрасохтори рақамӣ, тайёр намудани кадрҳои баландихтисос, рушди таҳқиқоти илмӣ, таҳкими амнияти киберӣ ва истифодаи масъулонаи технологияҳои интеллектуалиро ҳамчун самтҳои афзалиятнок муайян кардааст. Дар ин самт нақши муассисаҳои илмӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусӣ хеле муҳим мебошад.
Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи истифодаи технологияҳои рақамӣ аҳамияти махсус дорад. Таҷрибаи таърихии давлатдории тоҷикон ва мероси ғании илмиву фарҳангии миллат нишон медиҳад, ки дониш, маърифат ва навоварӣ ҳамеша аз омилҳои муҳими пешрафти ҷомеа маҳсуб меёфтанд. Имрӯз низ дар шароити ташаккули иқтисоди рақамӣ маҳз ҳамин арзишҳо аҳамияти нав касб намудаанд. Бо маҳзи ин, метавон қайд кард, ки сабақҳои таърихӣ ва анъанаҳои идории ниёгон дар ташаккули тамаддуни муосир нақши муҳим ва таконбахш доштаанд. Дар замони ҳозира зери роҳбарии хирадмандномаи Пешвои муаззами миллат омезиши равандҳои инноватсионӣ ва технологияҳои рақамӣ бо тамаддуну маданияти таърихӣ дар афзалиятҳои тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мушоҳида гардида истодаанд. Мавқеи ҷуғрофии кишвар, хусусиятҳои релеф ва мавҷудияти минтақаҳои дурдаст тақозо менамоянд, ки технологияҳо ҳамчун воситаи фароҳам овардани имкониятҳои баробар барои шаҳрвандон истифода шаванд.Имрӯз технологияҳои рақамӣ имконият фароҳам меоранд, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз маҳалли зист дар ноҳияи Ишкошим, Мастчоҳ, Данғара, Мурғоб ё Рушон ба доираи ҳарчи васеи хизматрасониҳои давлатӣ, таълимӣ ва иттилоотӣ дастрасӣ пайдо намоянд.Дар чунин шароит технологияҳои рақамӣ метавонанд ҳамчун воситаи коҳиш додани нобаробарии фазоӣ ва баланд бардоштани сатҳи фарогирии хизматрасониҳо хизмат намоянд.Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ барои давраи то соли 2040 маҳз ба ҳамин масъалаҳо таваҷҷуҳ намуда, рушди инфрасохтори рақамӣ, тайёр намудани кадрҳои баландихтисос, рушди таҳқиқоти илмӣ, таҳкими амнияти киберӣ ва истифодаи масъулонаи технологияҳои интеллектуалиро ҳамчун самтҳои афзалиятнок муайян кардааст. Дар ин самт нақши муассисаҳои илмӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусӣ хеле муҳим мебошад.
Феълан, масъалаи истифодаи зеҳни сунъӣ аз доираи мавзӯи сирф технологӣ берун рафтааст. Он ба масъалаи рақобатпазирии иқтисодӣ, сифати идоракунии давлатӣ ва омодагии ҷомеа ба воқеиятҳои нави ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Равандҳои ҷаҳонӣ нишон медиҳанд, ки дар солҳои наздик сатҳи рақобатпазирии давлатҳо ҳарчи бештар аз қобилияти истифодаи дониш, маълумот ва технологияҳои интеллектуалӣ вобаста хоҳад шуд. Дар чунин шароит истифодаи оқилонаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ метавонад ба омили муҳими баланд бардоштани самаранокии идоракунии давлатӣ, рушди иқтисоди миллӣ ва беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии шаҳрвандон табдил ёбад.Ҷумҳурии Тоҷикистон низ имрӯз дар марҳилаи муҳими ташаккули иқтисоди рақамӣ қарор дорад. Татбиқи пайгиронаи Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ, рушди иқтидори инсонӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ барои истифодаи самараноки технологияҳои нав ба манфиати давлат метавонад мусоидат намояд. Дар ин раванд, ҳамгироии дониш, технология ва идоракунии муосир омили муҳими таҳкими рақобатпазирии миллӣ ва таъмини рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Бодуршозода Мералӣ Айёмбек — муовини директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ
