“РУШДИ СОҲАИ САЁҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН: ДАСТОВАРД ВА МУШКИЛОТ” (ОМӮЗИШИ ТАҶРИБАИ ВМКБ).

“РУШДИ СОҲАИ САЁҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН: ДАСТОВАРД ВА МУШКИЛОТ” (ОМӮЗИШИ ТАҶРИБАИ ВМКБ).

Дар шароити имрӯза яке аз соҳаҳои афзалиятноки баланд бардоштани сатҳи иқтисодӣ-иҷтимоии минтақаҳои кӯҳистони Тоҷикистон, аз ҷумла Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон рушди соҳаи сайёҳӣ ба ҳисоб меравад.

Соҳаи сайёҳии кишвар дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор гирифта, дар ин росто як қатор санадҳои меъёрии танзимкунандаи фаъолияти ин бахш, аз қабили қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳӣ», «Дар бораи сайёҳии дохилӣ», Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва дар доираи он “Нақша-чорабиниҳои амалисозии Стратегия барои солҳои 2023-2026” ва ғайраҳо қабул карда шуданд.

Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ зикр намуданд: “Имрӯз дар ҷаҳон соҳаи сайёҳӣ яке аз соҳаҳои пешбарандаи иқтисодиёт ва бо суръати баланд рушдёбанда ба ҳисоб меравад. Бо дарки мавқеи ин соҳа дар иқтисоди миллӣ мо рушди соҳаи сайёҳиро яке аз самтҳои афзалиятнок муайян кардем».

Захираҳои бузурги сайёҳии Тоҷикистон барои рушди сайёҳии экологӣ, фарҳангию таърихӣ, табобатӣ, куҳнавардӣ, сайёҳии шикор ва сайругаштӣ имконияти васеъро фароҳам овардааст.

Дар ин радиф, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба захираҳои сайёҳии мамлакат зиёд гардида, симои кишвар ҳамчун мамлакати осоишта ва дорои захираҳои бойи сайёҳӣ боз ҳам устувор гардид.

Мувофиқи маълумоти мутахассисон, туризм баъди саноати коркарди нафт ва техникаи компютерӣ дар иқтисодиёти ҷаҳонӣ ҷойи сеюмро ишғол мекунад. Дар 40 мамлакати ҷаҳон туризм сарчашмаи асосии буҷет ба ҳисоб рафта, дар 70 мамлакати ҷаҳон бошад, яке аз се манбаи асосии буҷети давлат ба ҳисоб меравад.

Дар панҷ соли охир ба кишвари мо беш аз 3,9 миллион нафар ва ба ҳолати 20 июни соли 2023 — 580 ҳазор сайёҳон ворид гардиданд, ки нисбат ба нимсолаи якуми соли гузашта 133 ҳазор ё 30 % зиёд шудааст.

Аммо, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки соли 2018 бори нахуст дар замони соҳибистиқлолӣ шумораи сайёҳон қариб ба 1 миллиону 200 ҳазор нафар расида буд.

Дар ин давра беш аз 600 ва танҳо соли 2022-юм 100 иншооти инфрасохтори сайёҳӣ сохта шуда, Тоҷикистон аз 01.01.2022 барои шаҳрвандони 52 кишвари хориҷӣ иқдоми воридшавии бидуни раводид ва барои шаҳрвандони 126 давлати хориҷӣ пешниҳоди раводид бо тартиби соддакардашударо ҷорӣ намудааст.

Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон доимо дар маркази диққати Пешвои миллат қарор дорад ва дар доираи сафарҳои корӣ бо фаъолон ва сокинони вилоят мулоқотҳои судманду самимиро анҷом дода, ба масъулин ҷиҳати ҳалли мушкилоти мавҷуда, алалхусус дар соҳаи сайёҳӣ дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд.

Вилоят дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои рушди соҳаи сайёҳӣ имкониятҳои хеле калон дорад. Бахусус, инкишофи соҳаи туризми экологӣ, пиёдагардии кӯҳӣ, сайёдӣ, табобатӣ ва дигар намудҳо барои вилоят хос мебошанд.

Аз 104 осоишгоҳҳои истироҳатию табобатии ҷумҳурӣ, 12-тои онҳо дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон мебошанд. Шоҳроҳи Помир ба даҳ роҳи зеботарини дунё шомил шуда, Қалъаи Ямчуни ноҳияи Ишкошим яке аз мавзеъҳои муҳими таърихию фарҳангии кишвар маҳсуб меёбад.

Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва ҷалби соҳибкорону дигар шахсони саховатпешаи ин диёр дар кутоҳтарин фурсат ободу зебо гардида, барои зиндагии шоистаи сокинони он шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Дар баробари дастовардҳо дар соҳаи рушди сайёҳӣ як қатор мушкилоту масъалаҳое вуҷуд доранд, ки бояд ҳар чи зудтар бартараф карда шаванд, ба монанди:

Ø тарғибу ташвиқи хатсайрҳо ва маконҳои сайёҳӣ, номгӯи хизматрасониҳои сайёҳӣ, аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ суст ба роҳ монда шудааст. Барои мисол, бештари сайёҳон дар Бадахшон танҳо оид ба алпинизм маълумот доранд. Ҳол он, ки дар ҳудуди вилоят навъҳои дигари сайёҳӣ, аз ҷумла чашмаҳои табобатӣ мавҷуданд, вале онҳо мутаассифона ба таври зарурӣ тарғибу ташвиқ намешаванд.

Ø риоя накардани ҳолати санитарию гигиении инфрасохтори сайёҳӣ дар баъзе маҳалҳо боиси паст шудани сифати хизматрасонӣ гардида, ба раванди ҷалби сайёҳон таъсири манфӣ мерасонад.

Ø сатҳи пасти хизматрасонӣ дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ, набудани кормандони соҳибихтисоси донандаи забонҳои хориҷӣ ва набудани телефонҳои боварӣ дар ин нуқтаҳо.

Ø номукаммалии ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои минтақавии тобеи Кумитаи рушди сайёҳӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ.

Ø раванди ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ ҷиҳати таъсиси ширкатҳои сайёҳӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ, бахусус дар шаҳру ноҳияҳо ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нест.

Боварӣ дорем, ки камбудиҳои зикргардида аз ҷониби аз ҷониби Кумита дар муҳлатҳои кутоҳтарин бартараф гардида, Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар партави сиёсати оқилонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бештару беҳтар рушд карда, барои сокинону меҳмонон аз ҳама ҷиҳат ба як гӯшаи боз ҳам дилпазиру нодир табдил меёбад.

Азиззода Ш. Н. – Мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди Иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *