16/07/2026 дар асоси Нақшаи сафарбар намудани гурӯҳи тарғиботӣ ба шаҳру ноҳияҳои кишвар аз ҳисоби роҳбарону масъулони Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҲХДТ, Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ҷиҳати даъвати мардум ба вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва таҳкиму тақвияти худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ дар доираи банди 17 Нақшаи чорабиниҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 марти соли 2026, №АП-996 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш вохӯрии гурӯҳи тарғиботии Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ходимони дин, собиқадорон, зиёиён, наврасон ва ҷавонони ноҳия баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ Холзода Каромиддин Камолиддин — раиси ноҳияи Лахш, муовинони раис, кормандони мақомот, раисони ҷамоатҳо, раисони маҳаллаҳо, омӯзгорон, ходимони дин, собиқадорон, зиёиён, наврасон ва ҷавонони ноҳия иштирок доштанд.Рафиқа Ғаниевна Мусоева — раиси Ассосиатсияи энергетикҳои Тоҷикистон, раиси Комиссияи Шурои ҷамъиятии ҶТ оид ба омода намудани пешниҳодҳои Шуро ба Паёми Президенти ҶТ ба Маҷлиси Олии ҶТ, аъзои Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баромади худ қайд намуданд, ки дар шароити зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир зиракӣ ва ҳушёрии сиёсии шаҳрвандон, бахусус сокинони ноҳия, омили асосии амнияти миллӣ буда, Шурои ҷамъиятӣ вазифадор аст, ки садои мардумро бишнавад ва барои ҳамбастагии бештари ҷомеаву давлат заминаи мусоид фароҳам оварад. Имрӯз ҳар як фаъоли ноҳия бояд дар кӯча ва маҳалли худ тарғибгари корҳои ободонию созандагӣ ва сулҳу амният бошад.
Ҳамзамон, дар суханронии Исматулло Раҳматуллозода Шодиён — котиб-ҳамоҳангсози Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз гардид, ки ҳамагон огаҳӣ дорем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки 16 декабри соли 2025 ироа гардид, бо мақсади вусъат додан ба корҳои ободониву созандагӣ, боз ҳам таҳким бахшидани худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳисси ифтихор аз истиқлолу озодӣ, тамаддуни бостонии эътирофшуда, таърихи қадимаву пурғановати миллати тоҷик ва истиқболи сазовор аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, соли 2026-ро “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” эълон намуданд. Баъдан бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 декабри соли 2025 “Дар бораи соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” эълон намудани соли 2026 ба тасвиб расид.
Инчунин, дар баромади худ Шарифов Абубакр — ҳамоҳангсози Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар минтақаи Рашт зикр намуданд, ки волидайн дар мавриди тарбияи дуруст ва бомасъулияти фарзандон бояд бо масъулияти хосса муносибат намуда, кӯшиш намоянд, ки насли наврасу ҷавон дар руҳияи ватандорӣ ва дарки арзишу муқаддасоти миллӣ ҳамчун фарди худогоҳу хештаншинос ба камол расанд.Дар музокира Шоҳимардон Шербекзода — муовини раиси ноҳияи Лахш иштирок намуда, оид ба омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Лахш маълумот доданд. Қайд намуданд, ки бо мақсади омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори дахлдори раиси ноҳия ва нақшаи чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ гардида, мавриди амал қарор дорад.Дар доираи нақшаи чорабиниҳои таҳиягардида, бунёд ва таъмиру таҷдиди 124 иншооти гуногун ба нақша гирифта шудааст.
Айни ҳол 90 иншоот (72,6 фоизи нақша) пурра ба истифода дода шуда, дар 34 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ ва лоиҳакашӣ идома доранд.Бояд қайд намуд, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ ва шарикони рушд дар ноҳия сохтмони як қатор биною иншоотҳои маъмурӣ оғоз гардидаанд.Айни ҳол сохтмони бинои маъмурии шуъбаи амнияти ноҳия ба охир расида, дар арафаи баистифодадиҳӣ қарор дорад. Корҳои сохтмонӣ дар бинои Қасри фарҳанг ва мактаби мусиқӣ, бинои шуъбаи маорифи ноҳия, бинои маъмурии мақомоти адлия, бинои маъмурии Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ, бинои маъмурии шабакаҳои барқи ноҳия, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9, сохтмони бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Муғи Ҷамоати деҳоти Лахши боло, сохтмони толорҳои варзишӣ дар деҳаҳои Кӯҳдоман ва Зарбоғ, таъмиру азнавбарқароркунии пойгоҳҳои обкашӣ дар деҳаҳои Навдиёр, Бушолон, Пилдон, Навроҳа ва кашидани хатҳои оби нӯшокӣ ба деҳаҳои Лолазор, Сариосиёб, Кӯҳдоман, Корвонгузар ва маркази ноҳия идома доранд.Инчунин бо ҷалби шарикони рушд дар Ҷамоатҳои деҳоти Саритал,
Лахш ва Лахши боло кандани чоҳҳои амудӣ барои обёрии заминҳо бомаром идома дорад.Соли ҷорӣ корҳои таҷдиду азнавбарқарорсозии шабакаи обрасони Ғулама ва Пиёзӣ, таъмиру барқарорсозии пойгоҳҳои обкашии деҳаҳои Хингсой, Сафедорак, Корвонгузар, барқарорсозии чоҳҳои амудии деҳаҳои Сариосиёб-1, Сариосиёб-2, Қалъаи зангкӯб ва кашидани хатти оби нӯшокии деҳаи Хуррамшаҳри Ҷамоати деҳоти Нурафшон ба анҷом расида, мавриди истифода қарор дода шудаанд.Ҳамзамон дар партави корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Ҷабборов Ориф дар деҳаи Майдонтераки Ҷамоати деҳоти Наврӯз бинои таълимии муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ барои 100 ҷои хониш ва ташкили Маркази инкишофи кӯдак мавриди истифода қарор дода шуд.
Лозим ба ёдоварист, ки қарори раиси ноҳияи Лахш аз 13 июли соли 2022, №445 «Оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2022, №305 «Дар бораи ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Нақшаи чорабиниҳои ноҳиявӣ таҳия ва қабул гардида, мавриди амал қарор дорад.Қайд бояд намуд, ки дар доираи корҳои омодагӣ бахшида ба сазовор ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корҳои ободониву бунёдкорӣ, дар ноҳия ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе ҳашарҳои дастаҷамъонаи оммавӣ дар маркази ноҳия, Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва маҳалҳои аҳолинишин ба роҳ монда шудаанд.Дар ҷамъбасти мулоқот Холзода Каромиддин Камолиддин — раиси ноҳияи Лахш зикр намуданд, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш ва сокинони шукргузори ноҳия бо эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллати кӯҳанбунёди худ ва дастгириҳои пайгиронаи Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллати худ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия ва Ватани худ мусоидат намуда, баҳри бо меҳнати садоқатмандонаю созанда сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кору пайкор намуда истодаанд.
Вохӯрӣ дар руҳияи созандагиву бунёдкорӣ анҷом ёфт. Фаъолони ноҳия омодагии худро барои дастгирии сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат ва боз ҳам фаъолтар намудани корҳои тарғиботӣ ҷиҳати даъвати сокинон ва соҳибкорони бонангу номуси ноҳия дар байни аҳолии маҳаллаҳо изҳор доштанд.
