ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАҲКИМИ ҶАРАЁНИ ДЕМОКРАТИКУНОНИИ ҲАЁТИ ҶАМЪИЯТӢ-СИЁСӢ ДАР ҶУМҲУРӢ

Бо мақсади демократикунонии минбаъдаи ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсӣ, тақвияти ваҳдати миллӣ ва ризоият дар ҷомеа, татбиқи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шаҳрвандон, таъмини гуногунандешии сиёсӣ ва идеологӣ, иштироки озоди ҳизбҳои сиёсӣ, иттиходияҳои ҷамъиятӣ, табақаҳо ва гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ дар интихоботи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, идоракунии давлат мутобиқи Конститутсия ва санадхои ҳуқуқи байналхалқии аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофшуда фармон медиҳам: 
1. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти дигари ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ:

— татбиқи ҳуқуқҳои конститутсионӣ ва озодии инсону шаҳрвандро таъмин намоянд, барои риояи принсипҳои давлати ҳуқуқӣ — волоияти қонун, баробарии ҳама ва ҳар кас дар назди қонун шароити мусоид фароҳам оваранд;
— дар ҳамкорӣ бо ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ оид ба вусъати раванди ризоияти миллӣ ва ягонагӣ, таҳкими соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии Тоҷикистон тадбирҳои иловагӣ андешанд;
— иштироки васеъи бевосита ё бавоситаи вакилон, ҳамаи шаҳрвандони ҷумҳурӣ, махсусан занон ва ҷавононро дар демократикунонии ҷомеа, ҳаёти сиёсӣ ва идоракунии давлат таъмин намоянд;
— густариши ислоҳоти ҷории соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва ҳуқуқро, ки ба таъмини шароити мусоид баҳри зиндагии осоишта ва рушди озоди инсон равона гардидаанд, татбиқ намоянд;
— барои дар ҷомеа татбиқ кардани озодии сухан, матбуот ва ҳуқуқи истифодаи воситаҳои иттилоот ҳаматарафа мусоидат кунанд;
— то 1 марти соли 2000 Барномаи «Системаи давлатии омӯзиш дар соҳаи ҳуқуқи инсон»-ро бо назардошти санадҳои ҳуқуқии байналхалқӣ пешниҳод намоянд.
2 . Раисони вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо: 
— оид ба муҳайё сохтани шароитҳои баробар барои фаъолияти озодонаи ҳизбҳои сиёси, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд; 
— барои таҳким ва инкишофи ҳамкориву ҳамдастии иҷтимоии мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ бо ҳизбҳои сиёсӣ иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ шӯроҳои ҷамъиятӣ созмон диҳанд.
3. Вазоратҳо ва идораҳо, раисони вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо оид ба тайёри ва гузаронидани интихоботи озоди демократӣ ба Маҷлиси Олӣ ва Маҷлисҳои маҳаллии намояндагони халқ, татбиқи озодона ифода кардани иродаи шаҳрвандон шароит муҳайё созанд;
Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон назоратро пурзӯр намуда, иҷроиши қонунҳоро оид ба риоя ва татбиқи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон дар ҷомеъа таъмин созад.
Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсиро омӯзанд ва таклифҳои мушаххасро оид ба тақвияти минбаъдаи ҷараёни демократикунонии ҷамъият пешниҳод кунанд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 1 декабри соли 1999 № 2

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *