26-уми январи соли 2023 дар маҷлисгоҳи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ҷаласаи нахустини Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тољикистон дар соли ҷорӣ баргузор гардид.
Ҷаласаро Мусоева Р.Ғ. — узви Шӯрои ҷамъиятӣ, Раиси Комиссияи Шӯрои ҷамъиятии оид ба омода намудани пешниҳодҳои Шӯро ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ассотсиатсияи энергетикҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ намуд.
Дар кори ҷаласа Ализода З. – Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, Абдулозода М.А. — Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо љомеа, Фарҳод Раҳимӣ – Намояндаи ваколатдори Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ, Раиси Кумита оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ; Президенти Академияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Баротзода Файзулло – Намояндаи ваколатдори Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ, Раиси Комиссия оид ба одоби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаров С.С., Мусоева Р.Ғ., Саидов Н. ва дигарон суханронӣ намуданд.
Мусоева Р. зикр кард, ки “Дар Паёми навбатӣ баъзе пешниҳодҳои ташкилотҳои аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ ки дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ аз 28 декабри соли 2022 баён гардида буданд дар Паём – 2023 таҷассум ёфтанд.
Дар мубоҳиса раисони ташкилотҳои аъзои Шўрои ҷамъиятӣ: Сафаров С.С., Ким В.М., Мирасанова З., Раҷабов А., Муҳаммадазимов А. Ширинбекзода С.А., Сайфулоев С., Усмонзода С., Ғафоров А., Ёқубова М. ва дигарон суханронӣ намуда, роҷеъ ба амалишавии ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷараёни сохтмони муассисаҳои таълимӣ, ба роҳ мондани робитаи зичи волидайн бо омӯзгорон дар раванди таълиму тадрис, пешгирии шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, даъват ва ихтиёран сафарбаркунии онҳо ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, мусоидат ба рушди соҳаи сайёҳӣ ва ба ин васила муаррифии кишвар ба оламиён, баланд бардоштани мавқеъ ва мақоми занон дар ҷомеа, ҷонибдорӣ аз ташаббусҳои ҷаҳонии роҳбарияти олии Тоҷикистон дар ҳалли масоили обшавии пиряхҳо ва тағйирёбии иқлим, инчунин мусоидат ба рушди соҳаи саноати мамлакат ва дигар масъалаҳои марбут ба беҳсозии шароити зисти аҳолӣ, ҳифзи истиқлолу озодии Тоҷикистон ва дастовардҳои он, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, тарбияи ҳисси ватандӯстӣ фикру мулоҳизаҳо ва пешниҳодҳои мушаххас иброз намуданд.
Дар бораи “Нақшаи кори Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023” – Котиби ҳамоҳангсози Шӯрои ҷамъиятӣ муфассал дар бораи мавзуҳое, ки дар Нақша -2023 ворид гардидаанд, ахборот дода қайд кард, ки нақша тибқи пешниҳодҳое, ки аз ҷониби раисони ташкилотҳои ҷамъиятии узви Шӯрои ҷамъиятӣ, ки дар ҷаласаи Шӯро 28 декабри соли 2022 муҳокима гардида, тартиб дода ва дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳо анъана ва ҳунарҳои мардуми ва ҷашну солгардҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023» аз 3 январи соли 2023, такмил дода шудааст.
Тибқи нақша ҷаласаҳои Шӯрои ҷамъиятӣ на танҳо дар ш.Душанбе ва маркази вилоятҳо шахри бохтар вилояти Хатлон ва шахри Хоруғ ВМКБ ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ гузаронида мешавад. Дар маҷмуъ 4 (чор) ҷаласа дар шаҳри Душанбе ва 9 ҷаласа дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ гузаронида мешавад.
Мусоева Р.Ғ. пешниҳод кард, ки “Аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш карда шавад, ки имкони иштироки (пардохти хароҷотҳо: нақлиёт, шабонарӯзӣ ва истиқомат)-и аъзои Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷаласаҳои сайёр, ки дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар, тибқи Нақшаи кори Шӯро гузаронида мешаванд, баррасӣ намояд.