Суханронии Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша дар Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронии Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша дар Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Доир гардидани ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи таҷлили Рӯзи байналмилалии оила, ҷашни муқаддаси Ваҳдати миллӣ ва омодагии мардуми сарбаланди Тоҷикистон ба ҷашни 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як фоли нек аст, зеро аз ягонагӣ ва суботи комили ҷомеа далолат медиҳад. Ба хотири ин ҷашнвораҳои муҳими сиёсӣ Шуморо сидқан табрику таҳният гуфта, бароятон тансиҳативу хотирҷамъӣ ва рӯзгори ободу осуда орзу менамоям. Имрӯз мо дар як марҳилаи бисёр муҳим ва ҳассоси таърихи ҷаҳонишавӣ қарор дорем. Ин раванд аз як тараф агар барои инсоният имкониятҳои бузург фароҳам орад, аз ҷониби дигар барои ҳифзи ҳувияти миллӣ ва фарҳанги миллии мо санҷиши ҷиддӣ ба ҳисоб меравад, зеро ҷаҳонишавӣ на танҳо марзҳои иқтисодиву сиёсиро тағйир медиҳад, балки ба шуур, фарҳанг ва ҳувияти миллӣ низ таъсири амиқ мерасонад. Аз ин рӯ, тақвияти худшиносии миллӣ, муносибат ба бархӯрди тамаддунҳо ва рушди фарҳанги миллӣ ба масъалаи стратегии амнияти миллӣ табдил ёфтааст.

Худшиносии миллӣ пояи асосии ҳастии ҳар як миллат аст. Миллате, ки худшиносии қавӣ дорад, ҳеҷ гоҳ дар гирдоби таъсирҳои бегона гум намешавад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки миллатҳое дар шароити ҷаҳонишавӣ устувор мемонанд, ки пояҳои маънавии онҳо мустаҳкам бошанд. Аз ин рӯ, худшиносии миллӣ на танҳо эҳсоси ифтихор аз гузашта, балки масъулият барои оянда буда, агар ин поя заиф гардад, ҷомеа ба осонӣ зери таъсири арзишҳои бегона қарор мегирад. Мо набояд таъсири манфии ҷаҳонишавиро сарфи назар созем, чун имрӯз баъзе арзишҳои бегона метавонанд ба зеҳну шуури наврасону ҷавонони мо таъсир расонанд. Аз ин рӯ, вазифаи мо ҳифз кардан ва рушду инкишоф додани забони модарӣ, эҳёи анъанаҳои миллӣ ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ мебошад. Вале қайд бояд намоям, ки вазифаи мо на танҳо ҳифз намудани фарҳанги миллӣ, балки онро бо истифода аз технологияҳои муосир ба ҷаҳониён муаррифӣ намудан аст. Зеро фарҳанги миллӣ танҳо вақте зинда мемонад, ки он рушд кунад, нав шавад ва бо замон ҳамқадам бошад. Чун сухан аз бархӯрди тамаддунҳо меравад, имрӯз бархе аз назарияҳо ҷаҳони муосирро ҳамчун майдони рақобати тамаддунҳо тасвир мекунанд. Аммо таҳлили воқеият нишон медиҳад, ки на бархӯрд, балки вобастагии мутақобила меафзояд. Ҷаҳон ба муколама ниёз дорад, на ба низоъ. Барои мо муҳим аст, ки дар ин раванд на танҳо ҳифзи арзишҳои худ, балки дар муаррифии он ба ҷаҳониён мавқеи фаъол дошта бошем, зеро роҳи мо бархӯрд нест, балки муколама, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамзистии осоишта аст. Миллати тоҷик дорои таърихи ғанӣ ва фарҳанги қадима буда, зери сиёсати сулҳпарварона ва инсонпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша тарафдори сулҳ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми арзишҳои дигарон буд, ҳаст ва мемонад.Дар ин раванд зиракии сиёсӣ бояд дошта бошем, зеро ҷаҳонишавӣ имконият ва хатарро баробар меорад. Аз як тараф агар дастрасӣ ба илму технология ва фарҳанги ҷаҳонӣ васеъ гардад, аз тарафи дигар, хатари аз даст рафтани хусусиятҳои миллӣ, коҳиши нақши забон ва анъанаҳо ба миён меояд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки агар сиёсати фарҳангӣ заиф бошад, ин раванд метавонад ба суст гардидани пояҳои фарҳангӣ оварда расонад. Зимнан, дар тақвияти худшиносии миллӣ ва рушди фарҳанги миллӣ нақши занону модаронро чун нигоҳдорандагони фарҳанг бояд таъкид созам, ки амиқ ва бунёдӣ аст, зеро ҳамчун тарбиятгарони насл ва ҳомиёни арзишҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ дар муҳити оила ва ҷомеа мавқеи марказӣ доранд. Ҳисси ифтихор аз миллат, забон, анъана, расму оин, арзишҳои миллӣ ва таърихи тамаддунро насли наврасу ҷавон маҳз аз модарони худ меомӯзанд, ки ин раванд бемуболиға пояи худшиносии миллиро дар ниҳоди фарзандон аз хурдсолӣ мегузорад. Ҳамзамон, занон дар ҳифз, тарғиб ва интиқоли фарҳанги миллӣ саҳми муҳим доранд. Ҳунарҳои мардумӣ, расму оин ва анъанаҳои миллиро нигоҳ дошта, ба наслҳои имрӯзу оянда меомӯзонанд. Ин гуна фаъолиятҳо барои пойдории фарҳанги миллӣ нақши калидӣ мебозанд. Аз ин рӯ, тақвияти мақом ва имкониятҳои занон бевосита ба таҳкими худшиносии миллӣ ва пешрафти фарҳанги миллӣ мусоидат мекунад.Ба ин мақсад, фаъолияти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тақвияти мақоми зан дар ҷомеа, тақвияти худшиносии миллӣ ва рушди фарҳанги миллӣ дар чанд самти асосӣ зоҳир мегардад.

Пеш аз ҳама, Кумита барои баланд бардоштани сатҳи маърифати занон ва духтарон дар асоси стратегияву барномаҳои давлатии соҳа миёни қишрҳои гуногуни аҳолӣ мунтазам чорабиниҳои омӯзишӣ ва маърифатӣ баргузор менамояд, ки ба шинохти таърих, анъана ва арзишҳои миллӣ мусоидат карда, ҳисси ифтихори миллӣ ва худшиносиро боз ҳам қавӣ мегардонанд. Дар эҳё ва тарғиби фарҳанги миллӣ низ Кумита нақши муҳим дорад. Тавассути ташкил ва баргузории фестивалҳои “Сад ранги чакан”, “Ҷилваи рангҳо”, “Як матову сад ранг”, ташкили намоишгоҳҳо, аксияҳои “Тоҷикона мепӯшем”, “Зан-мазҳари покизагӣ”, озмунҳои тарбиявӣ, ахлоқӣ-маърифатии “Оилаи беҳтарин”, “Ҳамсари беҳтарин”, “Фарзанд-боғи падару модар”, “Беҳтарин оилаи ҳунарманд”, “Кадбонуи беҳтарин”, корҳои тарғиботӣ бо усули “хона ба хона”, “маҳал ба маҳал”, “деҳа ба деҳа”, “мактаб ба мактаб” ва ба монанди инҳо арзишҳои фарҳангӣ ба наслҳои ҷавон интиқол дода мешаванд, ки ба нигоҳдорӣ ва рушди мероси фарҳангӣ мусоидат мекунанд. Бо назардошти гуфтаҳои боло, тақвияти худшиносии миллӣ ва рушди фарҳанги миллӣ яке аз вазифаҳои муҳимтарини ҷомеа дар шароити ҷаҳонишавӣ мебошад. Бархӯрди тамаддунҳо ногузир нест, баръакс, муколама ва ҳамкорӣ метавонад ба рушди муштарак мусоидат намояд. Танҳо бо ҳифзи арзишҳои миллӣ ва ҳамзамон истифодаи имкониятҳои ҷаҳонишавӣ метавон ба рушди устувор ноил гардид.Ояндаи миллат дар дасти ҳар яки мост. Агар мо худшиносии миллиро тақвият диҳем, фарҳанги худро гиромӣ дорем ва дар баробари ҷаҳонишавӣ мавқеи устуворро интихоб намоем, мо метавонем давлати пешрафта, ҷомеаи мутамаддин ва миллати сарбаланду пешрафта бунёд ва муаррифӣ намоем.Худшиносии миллӣ бигузор чароғи роҳи мо бошад ва фарҳанги миллӣ пояи устувори давлатдории мо. Ояндаи миллат аз он вобаста аст, ки мо имрӯз чӣ гуна қарор қабул мекунем. Агар мо худшиносии миллиро дар ниҳоди ҳар як сокини кишвар тақвият диҳем, фарҳанги худро ҳифз ва рушд диҳем ва дар баробари ҷаҳонишавӣ сиёсати оқилонаро пеш барем, мо метавонем на танҳо арзишҳои худро нигоҳ дорем, балки онҳоро ба сарвати умумибашарӣ табдил диҳем.Бигузор, мо бо иттиҳод, бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва бо масъулияти баланди шаҳрвандӣ минбаъд низ роҳи рушди устуворро интихоб намоем ва ҷашни пурифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро арзанда истиқбол намоем.

Файзиддинзода Бунафша — раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *