“ТАҚВИЯТИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ, БАРХУРДИ ТАМАДДУНҲО ВА РУШДИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ДАР ШАРОИТИ ҶАҲОНИШАВӢ”

“ТАҚВИЯТИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ, БАРХУРДИ ТАМАДДУНҲО ВА РУШДИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ДАР ШАРОИТИ ҶАҲОНИШАВӢ”

Шароити муосир, ки тамоми равандҳои ҷомеа дар пояи манфиатҳо сурат гирифта, роҳҳои дипломатии ҳалли онҳоро мушкил гардонидааст, дар пасманзари худ чандин муаммо ва мураккабиҳоро ба миён меоварад. Дар чунин лаҳзаҳои хеле ҳассос, тақвияти худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва ҳифзи чунин арзишҳои волои фарҳанги ниёгон аз таҳдиду хатарҳо, муҳимтарин омил ҳисоб меёбанд.

Возеҳ аст, ки таҳдиду хатарҳои замони муосир ба асосҳои давлатдории миллӣ ва амнияту истиқлоли кишвар, фарҳангу маънавиёт ва суннату анъанаҳои миллӣ равшан аён мебошад. Вобаста ба ин, дар суханронии хеш Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳанӯз санаи 9-уми ноябри соли 2022, дар маросими ифтитоҳи қисми ҳарбии 3505-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ чунин иброз намуданд, ки “…терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷиноятҳо, бахусус, солҳои охир барои аҳли башар, аз ҷумла минтақаи мо ба таҳдиди ҷиддӣ табдил ёфтаанд”.

Ҳамзамон, таъкид намуданд, ки “Дигар хатари ҷиддие, ки метавонад оромиву суботи ҷомеаи моро халалдор созад, шомилшавии баъзе ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ мебошад”. Чунин таъкидҳои Пешвои муаззами миллат ҳар як шаҳрванди бонангу номус ва содиқ ба миллату давлат, алалхусус ҷавононро, ки қишри закӣ ва огоҳи ҷомеа мебошанд, водор менамояд, ки ҳарчи бештар барои ҳифзи арзишҳои миллӣ аз таҳдиди чунин зуҳуротҳои номатлуби ҷомеа талош намоянд.

Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон, бахусус Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштироки ҳамаҷонибаи ҷавонони кишварро дар раванди ободкориву созандагии Ватани муқаддасамон ҳамеша дастгирӣ намуда, барои беҳтар гардонидани шароити зиндагиву таҳсил, касбомӯзӣ ва фаъолияти босамари онҳо тамоми тадбирҳои зарурӣ ва андешида истодаанд.

Боиси ифтихор аст, ки имрӯз ҷавонони мо зери сиёсати созандаи Пешвои миллат атрофи мафҳумҳои худшиносӣ, худогоҳӣ ва ҳувияти миллӣ озодона ибрози андеша намуда, дастовардҳои назарраси сатҳи ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва байналмилалиро ба даст овардаанд, ки далели ташаккулёбии мафкураи соҳибватанӣ ва хештаншиносии насли созандаи кишварамон арзёбӣ мегарданд.

Бо ин мақсад ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии кишвар, Қонун “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон”-ро ба тасвиб расонид, ки санади мазкур заминаҳои ташкиливу ҳуқуқии сиёсати давлатии ҷавононро, ки имрӯз ба як ниҳоди муқтадири ҷомеа ва давлат табдил ёфтааст, муҳайё намуд.

Аммо дар баробари ҳама ин дастовардҳо ва ғамхориву таваҷҷуҳи пайвастаи давлату Ҳукумат, як қатор масъалаҳое мавҷуд ҳастанд, ки ҷавонони мо, дар баъзе мавридҳо донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимӣ бо онҳо рӯ ба рӯ мегарданд, ки боиси нигаронӣ мебошанд. Махсусан ҳолатҳои даст задани ҷавонон ба ҳар гуна кирдору амалҳои номатлуб, аз ҷумла шомилшавии ҷавонон ба созмонҳои террористиву ифротгароӣ, таассуби динӣ, хурофотпарастӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва паҳншавии баъзе одатҳои номатлуб, алалхусус нашъамандӣ, истеъмоли моддаҳои синтетикӣ, худкушӣ ва ғайра мебошанд, ки дар баробари дигар вазорату идораҳои дахлдор, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ин самт корҳои муайянро анҷом дода истодааст.

Аз ин рӯ, масъалаи баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва худшиносиву худогоҳии ҷавонони кишвар бояд ба яке аз самтҳои асосии фаъолияти пурмаҳсул табдил ёфта, тамоми субъектони раванди кори тарбия дар ҷомеа ба он равона карда шаванд. Дар замони бархӯрди манфиатҳо ва бартариятҷӯии кишварҳои минтақа ва ҷаҳон, ҳифзи манфиат ва арзишҳои миллӣ, барои ҳама қишрҳои ҷомеа, алалхусус ҷавонон, ки ояндаи миллат ва ҷамъият мебошанд, аз ҳама муҳим арзёбӣ мегардад.

Таъмини амнияти миллӣ имрӯзҳо муҳимтарин бахш дар раванди бунёди давлатдории миллӣ ҳисоб рафта, ҳифзи ҳама арзишҳои милливу давлатӣ ба амнияти ҷомеа алоқаманд мебошанд. Муҳаққиқон дар баробари мавҷуд будани проблемаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, маърифатӣ-фарҳангӣ ва динӣ, яке аз сабабҳои баланд гардидани сатҳи ҷинояткориҳои характери экстремистӣ ва террористидоштаро дар манотиқи Осиёи Марказӣ дар фаъолияти таҷовузкоронаи мақомоти ҷосусии баъзе кишварҳои қудратманд арзёбӣ менамоянд.

Оид ба омили маърифатӣ-фарҳангӣ метавон зикр намуд, ки тибқи таҳлилҳое, ки аз ҷониби мутахассисони соҳа дар мақомоти корҳои дохилӣ анҷом дода шудаанд, аз доираи шахсони шомилгардида ба гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ 8-10% дорои маълумоти олӣ, 13-15% маълумоти олии нопурра ва миёнаи махсус ва 78-80% онҳо бошанд, маълумоти миёнаи умумии нопурра доранд. Вобаста ба синну соли чунин шахсони дар задухӯрдҳои мусаллаҳонаи давлатҳои Сурия ва Ироқ, метавон зикр намуд, ки 87,2% онҳоро ҷавонони аз 18 то 35-сола ташкил медиҳанд. Дар дохили онҳо синну соли аз 22 то 26-сола бошанд, 35,2%-ро ташкил медиҳанд, ки дар ҳақиқат аз надоштани донишҳои казоӣ ва сатҳи пасти таълиму тарбия дарак медиҳад.

Омили динӣ низ дар раванди ҷалб гардидани баъзе ҷавонон ба доираи фиреби чунин гурӯҳҳои террористиву ифротгароӣ хеле васеъ ва манфиатҷӯёна истифода мегардад. Яке аз масъалаҳои ҳалталаб дар ин самт, дар зеҳни ҷавонон ҷой намудани ақидаҳои пучу беасос, сӯиистифода аз арзишҳои динӣ, ки минбаъд асоси таассуби диниро ба вуҷуд меоранд, баромад менамояд. Яке аз сабабҳои гаравидани ҷавонон ба ташкилотҳои экстремистӣ-террористӣ ин шиносоӣ ба ғояҳои ташкилотҳои мазкур ва фарҳанги пасти истифодаи интернет ба ҳисоб меравад. Чунки аксарияти аъзоёни ташкилотҳои экстремистӣ-террористӣ тариқи виртуалӣ ба сафи ин гуна ташкилотҳо ҷалб шуда, минбаъд барои иштирок дар муҳорибаҳои мусаллаҳона ба давлатҳои ҷангзада сафар мекунанд.

Бояд қайд кард, ки ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати корҳои дохилӣ дар доираи муқаррарнамудаи қонунгузорӣ аз соли 2015 то инҷониб зиёда аз 2000 нафар аъзоёни ташкилотҳои экстремистӣ-террористиро ихтиёран ба Ватан баргардонида, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намудаанд. Раванди ихтиёран баргардонӣ то ба имрӯз идома дорад.

Бо истифода аз фурсат мехостам дар бахши ҷинояткории ноболиғону ҷавонон ва дигар ҳолатҳои ҳуқуқвайронкунии онҳо каме истода гузарам, зеро имрӯзҳо гурӯҳҳои манфиатхоҳ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон, махсусан наврасону ҷавонон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд.

Мувофиқи маълумотҳои оморӣ дар давоми се моҳи соли 2026 дар ҷумҳурӣ аз тарафи ноболиғон ва бо иштироки онҳо 384 ҳолати ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли (2025 – 326) +58 ҳолат ё +17,7% зиёд мебошад. Масъалаи дигаре, ки ҷомеаи моро ба ташвиш оварда, тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар (дар баъзе мавридҳо мардон), ташвиқи либосҳои бегона, ҳисси бегонапарастӣ, тақлидкорӣ, рафтору гуфторе, ки ба фарҳанги миллии мо таъсири манфӣ мерасонанд, ба ҳисоб меравад.

Ба мушоҳида мерасад, ки тақлиди занону ҷавондухтарон ба тарзи либоспӯшии бегона кӯр-кӯрона буда, ифодагари бехабарӣ аз асли масъала мебошад. Занон либосҳои бегонаро бо номи «ҳиҷоб» ё «сатр» истифода карда, писарон бошанд ришҳои қафқозӣ, туркӣ, ки урфу одатҳои ба мардуми тоҷик хос набударо гузошта, ба ин васила гӯё шариатро риоя мекунанд. Дар ин замина Пешвои муаззами миллат қайд намудаанд, ки дар ягон давлати хориҷӣ сокинони он либосҳои миллии мардуми тоҷикро намепӯшанд. Пас мо мардуми шарифи тоҷикро чӣ зарурат пеш омадааст, ки тарзи либоспӯшии бегонаро тақлид намоем.

Қобили зикр аст, ки баъзе ҷавонон дар натиҷаи аз назорати волидайн ва муаллимон дур мондан, то бевақтиҳои шаб дар марказҳои дилхушӣ ба айшу ишрат машғул гардида, ба амалу кирдорҳои ношоям даст мезананд. Албатта, вақте ки ҷавон бекор мемонад ва ба таҳсил фаро гирифта намешавад, ӯ ба ҳар гуна амалу кирдор даст мезанад. Аз ҷумла, дар шабакаҳои интернетӣ бо маводҳои тарғиботии ташкилотҳои террористӣ шинос гашта, бинобар надоштани тасаввуроти комил ва бо мақсади бо роҳи осон соҳиби маблағи калон гаштан шомили ин гуна ташкилотҳо мегардад. Чунки, ташкилотҳои ифротӣ барои ба сафи худ ҷалб намудани ҷавонони гумроҳ аз ҳамаи роҳу восита истифода намуда, дар роҳи ҷиҳод маблағҳои калони пулӣ, зиндагии хуб ва шароити муносибро ваъда медиҳанд.

Дар муқобили терроризм, ифротгароӣ ва бегонапарастӣ мо аз ватандӯстӣ дида ягон қувваи дигареро болотар қайд намудан наметавонем. Чунки маҳз тақвияти ҳисси ватандӯстӣ метавонад дар замири шаҳрвандон қобилияти ҳарчи бештари тафаккури оштинопазирро бар зидди бегонапарастиву даҳшатафканӣ ба вуҷуд оварад. Вобаста ба ин, бевосита дар моддаи 43 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба тақвияти ҳимоя ва ҳифзи Ватан, арзишҳои миллӣ ва манфиатҳои давлату ҷомеа муқаррарот пешбинӣ гардидааст.

Маҳз таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти олии кишвар аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ, дар ин самт як қатор санадҳои қонунгузорӣ ва ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ қабул ва мавриди амал қарор дода шудааст. Аз ин лиҳоз, ҳар яки моро зарур аст, ки ҳушёрии маънавӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надода, ба ташвиқу тарғиботи ғоя ва идеологияҳои тундрави ифротӣ, иғвогариҳо дода нашавем. Ҳар яки мо бояд барои боз ҳам мустаҳкам намудани сулҳи бебозгашт, таъмини амният ва ваҳдати миллӣ, дӯстиву рафоқати самимӣ миёни шаҳрвандон аз шароиту воситаҳои мавҷудбуда самаранок истифода намуда, нагузорем, ки пояҳои сулҳу субот ва ба истиқлолияти миллии давлати ҳуқуқбунёди тоҷикон осебе расад.

Имрӯз дар Вазорати корҳои дохилӣ сомона, ҳафтанома, почтаи электронӣ ва телефони «Боварӣ»-и Вазири корҳои дохилӣ фаъолият менамояд, ки пайваста дар ҳамкорӣ бо ҷомеа мебошанд. Агар вобаста ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, таҳкими суботу оромӣ, тарбияи наврасону ҷавонон ва масъалаҳое, ки ба фаъолияти милитсия марбут мебошанд, таклифу пешниҳод дошта бошед, метавонед озодона муроҷиат намоед.

Боварии комил дорам, ки ҳар фарди ҷомеаи мо имрӯз аз моҳияти равандҳои муосир огоҳ мебошад ва барои татбиқи амалии барномаҳо, стратегияҳои давлатӣ, алалхусус ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди давлатдории миллӣ талош варзида, обрӯи байналмилалии Тоҷикистонро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ боз ҳам баланд мебардорем.

Холиқзода Баҳодур Одинахуҷа —муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *